\id MRK 42MRKTajU.SFM Tajik common language translation \ide UTF-8 \h Марқӯс \toc1 Хушхабар аз Марқӯс \toc2 Марқӯс \mt2 Хушхабар аз \mt1 Марқӯс \imt1 Пешгуфтор \ip Ин Хушхабарро яке аз имондорони аввал ба номи Юҳаннои Марқӯс аз рӯи гуфтаҳои Петрус, шогирди Исои Масеҳ навиштааст. Аз рӯи замони навишташуданашон Хушхабар аз Марқӯс пештар аз се Хушхабари дигар навишта шудааст. \ip Азбаски дар китоби Марқӯс калимаҳои зиёди арамеӣ ва расму оинҳои яҳудӣ шарҳ дода шудаанд, бинобар ин фаҳмида мешавад, ки Хушхабар аз Марқӯс барои халқҳои ғайрияҳудӣ навишта шудааст. Муаллиф бо нақли худ дар дили хонандаҳо боварӣ ҳосил кардан мехоҳад, ки Исо боқудрат аст, ки одамонро аз рӯҳҳои нопок, касалиҳо ва марг халос кунад. Инчунин муаллиф хотиррасон кардан мехоҳад, ки пайрави Исо будан осон нест, чунки пайрав бояд монанди Исо ба дигарон хизмат кунад ва ба ранҷу азоб кашидан тайёр бошад. \ip Дар байни чор Хушхабари Аҳди Нав ин китоби Хушхабар аз рӯи ҳаҷмаш кӯтоҳтарин мебошад. Дар вақти нақл кардани аз ҳаёт ва таълимоти Исо муаллиф бештар ба ҳодисаҳои аҷибу мӯъҷизаовар диққати хонандаро ҷалб мекунад. Бинобар ин нақли воқеаҳо аз оғози хизмати Исо сар мешавад ва аллакай аз боби аввалин мо дар бораи мӯъҷизаҳои бузурги Ӯ мехонем, ки: Ӯ баъд аз интихоби чор шогирдаш дарҳол мардеро, ки гирифтори рӯҳи нопок буд шифо медиҳад; хушдомани Шимъӯнро, тӯдаи одамони беморро ва инчунин марди махавро шифо медиҳад. Гаштаю баргашта Марқӯс аз мӯъҷизаҳои шифобахши Исо нақл мекунад ва аз ин нақлҳо маълум мешавад, ки Исо бо қудрати Худо шифо медод. \ip Дар айни ҳол роҳбарони динӣ Исоро қабул намекарданд ва низоъ ба миён оварда, роҳи куштани Исоро меҷустанд. Дар сурате ки девҳо дар пеши қудрати Исо сархам мешуданд ва медонистанд, ки Ӯ Наҷотдиҳанда аз тарафи Худо аст, вале Исо ба онҳо иҷозат намедод, ки инро ба дигарон гӯянд. Ин китоб пур аз тасвири мӯъҷизотест, ки ҳам одамони оддӣ ва ҳам пайравони Исоро ба ҳайрат меоварданд. Аммо, мувофиқи китоби Марқӯс, мӯъҷизаи калонтарини Исо ин буд, ки чӣ тавр Ӯ ранҷу азоби зиёд кашид ва ҷони худро фидо кард. Аввалин шуда ин мӯъҷизаро сардори лашкарҳои румӣ фаҳмид. Вай тарзи дар салиб ҷон додани Исоро дида, гуфт: «Ин одам дар ҳақиқат Писари Худо буд» (Марқӯс 15:39). \c 1 \s1 Таълимоти Яҳёи Таъмиддиҳанда \p \v 1 Хушхабар дар бораи Исои Масеҳ, ки Писари Худо аст, чунин сар мешавад: \v 2 Дар китоби Ишаъё пайғамбар суханони Худо омадаанд: \q1 «Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, \q1 то ба омаданат роҳ тайёр кунад. \q1 \v 3 Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: \q1 „Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!“». \p \v 4 Ин шахс Яҳё пайғамбар буд, ки ба биёбон омада, ба эълон кардан даромад, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд. \p \v 5 Аҳолии шаҳри Ерусалим ва мардуми тамоми сарзамини Яҳудия пеши Яҳё ба биёбон меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. \p \v 6 Яҳё либосе аз пашми шутур ва камарбанди чармӣ дошт. Хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд. \v 7 Ӯ ба мардум эълон карда мегуфт: «Аз паси ман як нафаре меояд, ки аз ман тавонотар аст. Вай он қадар тавоност, ки ман ҳатто сазовори хам шуда кушодани банди пойафзоли Ӯ нестам. \v 8 Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад». \s1 Таъмиди Исо \p \v 9 Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил буд, ба назди Яҳё рафт ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод. \v 10 Вақти аз об баромадан Исо дид, ки осмон кушода шуд ва Рӯҳи Муқаддас ба сурати кабӯтаре поён фаромада, дар болои Вай қарор гирифт. \v 11 Сипас аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам». \p \v 12 Рӯҳи Муқаддас фавран Исоро ба биёбон равона кунонд. \v 13 Ӯ дар он ҷо чил рӯз монд ва иблис Ӯро меозмуд. Дар биёбон Исо дар байни ҳайвоноти ваҳшӣ буд ва фариштагон ба Ӯ хизмат мекарданд. \s1 Оғози хизмати Исо \p \v 14 Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба сарзамини Ҷалил омад, то ки хушхабари Худоро ба мардум эълон бикунад. \v 15 Ӯ мегуфт: «Вақт фаро расид ва подшоҳии Худо наздик аст. Тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст кашед ва ба ин хушхабар имон оваред». \p \v 16 Рӯзе Исо аз назди кӯли Ҷалил мегузашт, ки ба об тӯр андохта истодани Шимъӯн ва бародари ӯ Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. \v 17 Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». \v 18 Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣ карданд. \p \v 19 Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Ёқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд. \v 20 Дарҳол онҳоро даъват намуд ва онҳо падарашон Забдойро бо мардикорон дар қаиқ монда, Ӯро пайравӣ карданд. \s1 Шифои марди девона \p \v 21 Сипас онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум омада, дар рӯзи истироҳат, ба ибодатхона рафтанд. Дар он ҷо Исо ба таълим додани мардум оғоз намуд. \v 22 Мардум аз таълими Ӯ қоил монданд, чунки Ӯ бо қудрат таълим медод, ки шариатдонон ин тавр набуданд. \p \v 23 Айнан ҳамон вақт марде гирифтори рӯҳи нопок, ки дар ибодатхона буд, фарёд зад: \v 24 «Эй Исои Носирӣ, Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!» \p \v 25 Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд, ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд. \v 26 Рӯҳи нопок ӯро ба замин афтонда, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд. \v 27 Ҳама дар ҳайрат монданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чист? Ин як таълимоти навест! Ӯ ҳатто ба рӯҳҳои нопок чунон боқудратона амр медиҳад, ки онҳо ба Вай итоат мекунанд?» \v 28 Овозаи Исо зуд дар тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил паҳн шуд. \s1 Исо беморонро шифо медиҳад \p \v 29 Ҳамин ки Исо аз ибодатхона баромад бо ҳамроҳии Ёқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯну Андриёс рафт. \v 30 Вақте ба он ҷо расиданд, ба Исо зуд хабар доданд, ки хушдомани Шимъӯн таб карда, дар бистар хобидааст. \v 31 Вай назди бемор омад ва аз дасташ гирифта, ӯро бархезонд. Таби бемор паст шуд ва ӯ машғули меҳмоннавозӣ гардид. \p \v 32 Ҳамон бегоҳ, ҳангоми нишасти офтоб мардум ҳамаи беморону девонагонро ба назди Исо оварданд. \v 33 Тамоми аҳолии шаҳр ҳам назди дари хонаи онҳо ҷамъ омаданд. \v 34 Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод, бисёр девҳоро берун кард ва нагузошт, ки девҳо чизе бигӯянд, зеро онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд. \s1 Дуои Исо дар хилватгоҳ \p \v 35 Саҳарии барвақт, ҳанӯз субҳ надамида, Исо бархесту ба ҷои хилвате рафта, дуо кард. \v 36 Шимъӯн ва ҳамроҳонаш бошанд, ба ҷустуҷӯи Исо баромаданд. \v 37 Ӯро ёфта, ба Вай гуфтанд: «Ҳама Шуморо ҷустуҷӯ мекунанд». \v 38 Вале Исо гуфт: «Биёед, ба шаҳру деҳоти гирду атроф низ биравем, то ки Ман ба мардуми он ҷо ҳам хушхабарро эълон намоям, чунки барои иҷрои ҳамин кор Ман омадаам». \p \v 39 Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил сафар карда, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва девҳоро аз одамон берун мекард. \s1 Покшавии марди махав \p \v 40 Рӯзе ба назди Исо марди махав омад. Вай ба зону нишаста зорӣ карда гуфт: «Агар хоҳед, метавонед маро пок созед». \v 41 Дили Исо ба ҳоли мард сӯхт ва дасташро ба вай расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам! Пок шав!» \v 42 Фавран касалии мард нест шуда, баданаш пок гашт. \p \v 43 Исо ӯро зуд ҷавоб дода таъкидкунон \v 44 гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба онҳо шаҳодате гардад». \v 45 Вале он мард берун баромада ошкоро ин хабари хушро паҳн мекард. Барои ҳамин Исо дигар озодона ба шаҳр даромада натавонист, балки дар саҳро монд. Бо вуҷуди ин, мардум аз ҳама ҷо ба назди Ӯ меомаданд. \c 2 \s1 Шифо ёфтани марди шал \p \v 1 Пас аз чанд рӯз Исо ба шаҳри Кафарнаҳум баргашт ва овозаи дар хона буданаш зуд дар ҳама ҷо паҳн шуд. \v 2 Хона ва беруни он чунон пуродам шуд, ки ҳатто ҷои сӯзан афтодан намонда буд. Исо ба онҳо каломи Худоро таълим медод. \v 3 Ҳамин вақт боз одамоне омаданд, ки чор нафаре аз онҳо шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта назди Исо меоварданд. \v 4 Вале аз бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавониста, боми хонаро аз болои сари Исо кушоданд ва дар он шикофе карда, шалро якҷоя бо ҷойгаҳаш поён фароварданд. \v 5 Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, гуноҳҳоят бахшида шуданд!» \p \v 6 Баъзе аз шариатдононе, ки дар он ҷо нишаста буданд, аз дили худ чунин фикрҳо мегузаронданд: \v 7 «Ӯ чаро чунин суханони кофирона мегӯяд! Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худо гуноҳи инсонро бахшида наметавонад». \p \v 8 Исо ҳамон лаҳза дар дилаш фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро чунин фикрҳо доред? \v 9 Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё ки „бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард?“ \v 10 Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас ба шал нигариста гуфт: \v 11 «Ба ту мегӯям, бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав». \p \v 12 Он мард аз ҷояш хеста, фавран ҷойгаҳашро ҷамъ карду дар пеши назари мардуми дарҳайратмонда равона шуд. Ҳама Худоро ситоиш карда, ба якдигар мегуфтанд: «То ҳол монанди ин чизе надида будем!» \s1 Шогирди Исо шудани Левӣ \p \v 13 Исо боз ба соҳили кӯл рафт. Мардум дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд ва Ӯ онҳоро таълим дод. \v 14 Ҳангоме Исо роҳашро давом дод Левии писари Ҳалфиро дид, ки ба ҷамъоварии андозу хироҷ машғул буд, ба ӯ гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». Левӣ бархест ва аз паси Ӯ равона шуд. \p \v 15 Вақте ки Исо бо шогирдонаш дар хонаи Левӣ таом мехӯрд, бисёр андозгирон ва онҳое, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ дар сари он дастархон буданд, чунки бисёриҳо аз пайи Исо мерафтанд. \p \v 16 Баъзе шариатдонон, ки фарисӣ буданд, Исоро бо «гунаҳкорону» андозгирон дар сари як дастархон дида, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯ бо андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон хӯрок мехӯрад?» \p \v 17 Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям». \s1 Савол дар бораи рӯза \p \v 18 Дар он айём ҳам пайравони Яҳё ва ҳам фарисиён рӯза гирифта буданд. Баъзе касон назди Исо омада пурсиданд: «Чаро пайравони Яҳё ва пайравони фарисиён рӯза мегиранду шогирдони Шумо намегиранд?» \p \v 19 Исо ба онҳо гуфт: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, ки домод ҳанӯз ҳамроҳашон аст, рӯза мегиранд? То домод бо онҳост, онҳо рӯза гирифта наметавонанд? \v 20 Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он рӯз онҳо низ рӯза мегиранд. \p \v 21 Касе аз матои нав ба либоси кӯҳна ямоқ намекунад. Чун кунад ямоқи нав аз либоси кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам аёнтар мешавад. \v 22 Инчунин касе шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезад, чун бирезад ҳангоми ба ҷӯш омадани шароб машк дарида, ҳам шароб мерезад ва ҳам худи машк аз кор мебарояд. Бинобар ин шароби навтайёршударо ба машки нав мерезанд». \s1 Савол дар бораи рӯзи истироҳат \p \v 23 Як рӯзи истироҳат Исо ва шогирдонаш аз киштзори гандум мегузаштанд ва дар аснои роҳ шогирдон хӯшаҳои гандумро мечиданд. \v 24 Баъзе аз фарисиён ба Исо гуфтанд: «Барои чӣ онҳо кори дар рӯзи истироҳат раво набударо мекунанд?» \p \v 25 Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд ва эҳтиёҷ дошт, чӣ кор кард? \v 26 Вақте ки Абётор сарвари рӯҳониён буд, Довуд ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯи шариат фақат рӯҳониён ҳақ доштанд он нонро бихӯранд». \p \v 27 Боз давом дод: «Рӯзи истироҳат барои инсон офарида шудааст, на инсон барои рӯзи истироҳат. \v 28 Бинобар ин Фарзанди Инсон соҳиби ҳатто рӯзи истироҳат аст». \c 3 \s1 Шифо додан дар рӯзи истироҳат \p \v 1 Бори дигар Исо ба ибодатхона рафт ва дар он ҷо марди дасташ хушкшудае буд. \v 2 Баъзе одамон Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро дар рӯзи истироҳат шифо мебахшад ё не. Агар шифо бахшад, Ӯро айбдор кунанд. \v 3 Исо ба он марди дасташ хушкшудае гуфт, ки дар назди ҳама рост истад. \p \v 4 Сипас ба тарафи онҳо нигоҳ карда гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи истироҳат чӣ равост: некӣ ё бадӣ кардан; наҷот додани ҷон ё нобуд кардани он?» Аммо онҳо хомӯш буданд. \v 5 Исо бо ғазаб ба онҳо нигоҳ карду аз якравиашон ғамгин гашт ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд. \v 6 Фарисиён аз ибодатхона баромада, зуд бо аъзоёни ҳизби ҳиродиён муҳокима карда, нақшаи куштани Исоро кашиданд. \s1 Мардум аз пайи Исо мераванд \p \v 7 Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи кӯл равона шуд, мардуми бисёре аз сарзамини Ҷалилу Яҳудия, \v 8 аз шаҳри Ерусалим, инчунин аз сарзамини Адӯму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, ба гирди Ӯ ҷамъ меомаданд. \v 9 Аз сабаби бисёрии мардум Исо ба шогирдонаш фармуд, ки барояш қаиқе тайёр кунанд, то ки одамон Ӯро пахш накунанд. \v 10 Азбаски Исо беморони зиёдеро шифо бахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро пахш мекарданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд. \v 11 Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!» \v 12 Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки Ӯро маълум накунонанд. \s1 Интихоби дувоздаҳ вакил \p \v 13 Сипас Исо ба баландие баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо омаданд. \v 14 Баъд аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро вакил таъин намуд, ки доимо бо Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои ба мардум эълон кардани хушхабари Худо фиристад \v 15 ва онҳо қудрати берун кардани девҳоро дошта бошанд. \p \v 16 Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус меномид, \v 17 Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид, \v 18 Андриёс, Филиппус, Барталмо, Матто, Тумо, Ёқуб, ки писари Ҳалфӣ буд, Таддо, Шимъӯни Ватандӯст \v 19 ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад. \s1 Тӯҳмат дар ҳаққи Исо \p Баъд Исо ба хона рафт. \v 20 Мардуми зиёде боз ҷамъ омадаанд, ки Ӯ ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан наёфтанд. \v 21 Бо шунидани ин хабар аҳли оилаи Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бо худ баранд, зеро одамон мегуфтанд, ки Ӯ аз ақл бегона шудааст. \v 22 Гурӯҳе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар худ Баал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вай девҳоро берун мекунад». \p \v 23 Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масал гуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун карда метавонад? \v 24 Давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад. \v 25 Хонаводае, ки байни аъзоёнаш ҷудоӣ афтодааст, устувор намемонад. \v 26 Агар шайтон бар зидди худаш биҷангад ва дар худ ҷудоӣ дошта бошад, устувор намемонад, балки нобуд мешавад. \p \v 27 Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр зада даромада, молу мулкашро гирифта барад, то аввал дасту пои шахси пурзӯрро набандад, ана баъд хонаашро ғорат карда метавонад. \p \v 28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳе, ки инсон мекунад ва ҳар сухани кофиронае, ки мегӯяд, бахшида мешавад. \v 29 Вале агар касе бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофирона гӯяд, ҳаргиз бахшида намешавад ва ин гуноҳаш то абад хоҳад монд». \v 30 Ин суханонро Исо ба хотири он гуфт, ки баъзеҳо дар борааш «Ӯ дар худ рӯҳи нопок дорад» мегуфтанд. \s1 Модар ва бародарони Исо \p \v 31 Он гоҳ модар ва бародарони Исо омада, дар берун истода, шахсеро фиристоданд, ки Ӯро даъват кунад. \v 32 Исо дар байни мардум нишаста буд, ки онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Модар ва бародарону хоҳаронатон дар берун истодаанд ва Шуморо мепурсанд». \v 33 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд? — \v 34 ва ба атрофиёнаш нигоҳе карду давом дод, — Ана, инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд. \v 35 Ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо орад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст». \c 4 \s1 Масал дар бораи деҳқон \p \v 1 Бори дигар Исо дар канори кӯл ба мардум таълим медод ва тӯда-тӯдаи одамон дар гирдаш ҷамъ омаданд. Бинобар ин Ӯ маҷбур шуд, ки ба қаиқ нишаста, аз кӯл ба мардуме, ки дар соҳил буд, сухан гӯяд. \v 2 Ӯ таълим додани бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо сар кард. Ӯ гуфт: \p \v 3 «Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд. \v 4 Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. \v 5 Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад. \v 6 Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад. \v 7 Як миқдори дигараш ба миёни хорҳо меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи баромадаро пахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад. \v 8 Лекин як ҳиссаи донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, месабзад ва қад кашида сӣ, шаст ва сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад». \p \v 9 Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!» \p \v 10 Вақте ки Ӯ танҳо буд, он дувоздаҳ нафар ва пайравонаш аз Ӯ маънои масалро пурсиданд. \v 11 Исо ҷавоб дод: «Худо ба шумо сирру асрори подшоҳии худро ошкор кардааст. Вале барои онҳое, ки бо мо нестанд, ҳама чиз бо мақолу масалҳо таълим дода мешавад, \v 12 то ки онҳо \q1 „бо чашмони худ нигоҳ кунанду набинанд, \q1 бо гӯшҳои худ шунаванду нафаҳманд \q1 ва сӯи Худо рӯ нагардонанд, \q1 то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад“». \s1 Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон \p \v 13 Баъд аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед? \p \v 14 Деҳқон каломи Худоро мекорад. \v 15 Он ҳиссаи донаҳо, ки ба пайраҳа меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, вале шайтон зуд омада, каломи дар дили онҳо кошта шударо медуздад. \v 16 Донаҳои ба замини санглох афтода касоне мебошанд, ки каломро шунида, якбора бо хушҳолӣ онро қабул мекунанд, \v 17 вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳ бардошт мекунанд. Баъд вақте ки аз барои калом ба душворӣ ва азоб дучор мешаванд, зуд имони худро аз даст медиҳанд. \v 18 Донаҳое, ки ба замини хорзор меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, \v 19 аммо ғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи бойигарӣ ва майлу рағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худ банд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷа онҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд. \v 20 Вале донаҳое, ки ба замини ҳосилхез меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду қабул мекунанд ва сӣ, шаст ва сад баробар бештар ҳосил медиҳанд». \s1 Дар бораи чароғ \p \v 21 Баъд аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он меоранд, ки зери тағора ё кате гузоранд? Оё онро ба чароғпоя намегузоранд? \v 22 Ҳамин тавр, ҳар чӣ пинҳон ва пӯшида аст, ошкор ва равшан мегардад. \v 23 Пас, ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад! \p \v 24 Суханони мешунидаатонро бо диққат мулоҳиза намоед. Бо кадом санги тарозу шумо баркашед, бо ҳамон санги тарозу ва ҳатто зиёдтар аз он ба шумо баркашида мешавад. \v 25 Зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ҳам зиёдтар дода мешавад ва касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад». \s1 Масал дар бораи сабзиши дона \p \v 26 Исо суханони худро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳо мепошад \v 27 ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедор мешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамо меёбанд. Вале он шахс намедонад, ки сабзиш чӣ тавр сурат мегирад. \v 28 Чунки худи замин донаҳоро месабзонад. Аввал дона сабзида қад мекашад, баъд хӯша пайдо шуда, аз дона пур мешавад. \v 29 Ҳамин ки хӯшаҳо пухта мерасанд, вай бо дос меояд, чунки мавсими ҳосил расидааст». \s1 Масал дар бораи донаи хардал\f + \fr 4:30 \ft 4:30 Хардал — (горчитса) гиёҳе, ки баландиаш аз 120 см. то ба чору ним метр рафта мерасад, донааш бошад, аз ҳамаи донаҳо ва тухмҳои растаниҳои дигар хурдтар аст.\f* \p \v 30 Инчунин Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем? \v 31 Вай монанди донаи хардалест, ки ҳангоми коштан аз ҳамаи донаҳои рӯи замин майдатарин мебошад, \v 32 вале баъд аз кошта шудан, калон мешаваду аз ҳама гиёҳҳо баландтар мегардад ва шохаҳояш то андозае баланд мешаванд, ки паррандаҳо дар сояаш лона месозанд». \p \v 33 Ҳамин тавр, ба қадре ки мардум фаҳмида метавонист, Ӯ каломи Худоро ба тариқи чунин масалҳои зиёд баён мекард. \v 34 Исо ба онҳо ҳама чизро бо масал таълим медод, вале маънои масалҳоро ба шогирдонаш дар танҳоӣ мефаҳмонд. \s1 Исо тӯфонро ором мекунад \p \v 35 Бегоҳии ҳамон рӯз Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба канори дигари кӯл гузарем». \v 36 Сипас, онҳо мардуми дар соҳил ҷамъомадаро тарк карданд ва ба қаиқе, ки Исо дар он нишаста буд, савор шуда, ба роҳ даромаданд. Бо Ӯ қаиқҳои дигар ҳам равона шуданд. \p \v 37 Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бо зарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз об пур шуд. \v 38 Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдонаш Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надоред, ки мо мемирем?!» \p \v 39 Ӯ бархест ва бодро таъна зада, ба кӯл фармон дод: «Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазидан бозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. \p \v 40 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Чаро ин қадар тарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?» \v 41 Вале онҳо, дар ҳолате ки тарсу ҳарос тамоми вуҷудашонро фаро гирифта буд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин кӣ аст, ки ҳатто бод ва кӯл ба Ӯ итоат мекунанд!» \c 5 \s1 Исо девонаро шифо медиҳад \p \v 1 Ҳамин тавр, Исо ва шогирдонаш ба тарафи дигари кӯл, ба сарзамини Ҷадариён расиданд. \v 2 Ҳангоми ба соҳил фаромадани Исо, якбора як шахсе, ки гирифтори рӯҳи нопок буд, аз қабристон берун баромада, ба тарафи Ӯ давид. \v 3 Ин мард дар қабристон зиндагӣ мекард ва ҳеҷ кас ӯро бо занҷир ҳам баста, нигоҳ дошта наметавонист. \v 4 Борҳо дасту пояшро бо занҷирҳо баста ва завлона карда буданд, вале ӯ завлонаҳоро шикаста, занҷирҳоро пора-пора мекард. Касе барои ром кардани вай қувват надошт. \v 5 Ӯ шабу рӯз доимо дар қабристон ва теппаҳо дод зада мегашту худро бо сангҳо зада, маҷрӯҳ мекард. \p \v 6 Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон ба наздаш омада саҷда кард. \v 7-8 \vp 7–8\vp* Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!» \p \v 9 Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем». \v 10 Вай аз Исо зорию тавалло кард, ки онҳоро аз он маҳалла берун накунад. \p \v 11 Ҳамин вақт як галаи калони хукон дар болои теппае мечарид. \v 12 Рӯҳҳои нопок аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Моро ба мобайни хукҳо фирист ва иҷозат деҳ, ки ба онҳо дохил шавем». \v 13 Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, дохили хукҳо шуданд. Тамоми галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, аз баландӣ ҷаста худро ба кӯл партофта ғарқ шуданд. \p \v 14 Хукбонҳо бошанд, ба шаҳру деҳоти атроф гурехта, дар ҳама ҷо ин ҳодисаро ба мардум нақл карданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. \v 15 Пас онҳо дар гирди Исо ҷамъ омада, диданд, ки ҳамон девонае, ки гирифтори лашкари девҳо буд, акнун дар тан либос дораду бо ақли солим нишастааст ва хеле тарсиданд. \v 16 Шоҳидони ин воқеа, ҳодисаи бо девонаву хукҳо рӯйдодаро нақл мекарданд. \v 17 Он гоҳ мардум аз Исо хоҳиш карданд, ки аз сарзаминашон биравад. \p \v 18 Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, ки пештар гирифтори девҳо буд, аз Вай илтимос кард, ки ӯро ҳам бо худ бубарад. \v 19 Аммо Исо хоҳиши ӯро рад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборат нақл кун, ки Худованд дар ҳаққи ту чӣ кор ва чӣ ғамхории бузурге кард». \v 20 Ӯ низ равона шуд ва дар тамоми гӯшаву канори Даҳ Шаҳр ба ҳама эълон карда мегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ва ҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд. \s1 Духтари Ёир ва шифо ёфтани зани бемор \p \v 21 Исо ба қаиқ савор шуда, ба тарафи дигари кӯл рафт. Вақте ки ба соҳил расид, мардуми зиёде назди Ӯ ҷамъ омаданд. \v 22 Дар ҳамин вақт марде бо номи Ёир, ки яке аз сардорони ибодатхонаи он шаҳр буд, омада Исоро дидан замон, худро пеши пойҳои Ӯ партофт. \v 23 Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дами марг аст. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки биёед ва дастатонро бар ӯ бигузоред, то шифо ёбаду зинда монад». \v 24 Исо бо ӯ ба роҳ даромад ва аз паси онҳо мардуми бешуморе ҳам равона шуданд, ки аз ҳар тараф Исоро фишор медоданд. \p \v 25 Дар он ҷо як зане буд, ки дувоздаҳ сол боз касалии хунравӣ дошт. \v 26 Ҳарчанд вай аз муолиҷаи табибони зиёд дард кашида, тамоми дороияшро сарф карда буд, саломатиаш хуб намешуд. Баръакс, аҳволаш торафт бадтар мешуд. \p \v 27-28 \vp 27–28\vp* Вақте ки ӯ дар бораи Исо шунид, аз дилаш гузаронд: «Агар ақаллан ба либосаш даст расонам, шифо меёбам». Барои ҳамин он зан аз байни тӯдаи одамон гузашта, аз ақиб ба Исо наздик шуду ба ҷомааш даст расонд. \v 29 Худи ҳамон лаҳза хунравиаш бозмонд ва ӯ ҳис кард, ки шифо ёфтааст. \p \v 30 Ҳамон лаҳза Исо низ ҳис кард, ки аз Ӯ қуввае берун рафт ва ба мардуми гирду атрофаш нигоҳ карда пурсид: «Кӣ ба ҷомаам даст расонд?» \p \v 31 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинед, ки ба Шумо аз ҳар тараф фишор меоранд ва боз мепурсед, ки ба Шумо кӣ даст расонд?» \p \v 32 Вале Исо ба атрофиён нигоҳ мекард, то касеро, ки ба ҷомааш даст расонда буд, пайдо кунад. \v 33 Зане, ки аз шифоёбиаш огоҳ буд, ҷуръат карда, тарсону ларзон ба Исо наздик омад ва худро пеши пойҳои Ӯ партофта, ҳақиқати ҳолро нақл кард. \v 34 Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан, туро имонат шифо дод! Рав ва дар амон бошу саломат гард!» \p \v 35 Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, чанд нафар аз хонаи Ёир хабар оварда, гуфтанд: «Духтаратон гузашт. Ба заҳмат додани устод дигар ҳоҷате нест». \p \v 36 Исо инро шунида, ба сардори ибодатхона гуфт: «Натарс! Фақат имон дошта бош». \v 37 Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Ёқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд. \p \v 38 Вақте ба хонаи Ёир расиданд, диданд, ки одамони зиёде бо шӯру ғавғо гиряву нола мекарданд. \v 39 Исо ба хона даромада ба онҳо гуфт: «Чаро шӯру ғавғо бардошта, гиря мекунед? Духтар намурдааст, фақат хобидааст». \p \v 40 Бо шунидани ин суханон мардум ба ҳолаш хандиданд. Вале Исо ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва ҳамроҳонаш ба хонае, ки духтар хобида буд, даромад. \v 41 Исо дасти беморро гирифта гуфт: «Талита қуми!», ки маънояш «Эй духтар, бархез!» аст. \v 42 Он духтар, ки дувоздаҳсола буд, зуд бархест ва ба роҳ гаштан даромад. Онҳо аз дидани ин дар ҳайрат монданд. \v 43 Исо онҳоро ҷиддӣ таъкид карда гуфт, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд ва хоҳиш кард, ки ба духтар хӯрок бидиҳанд. \c 6 \s1 Халқи Носира Исоро рад карданд \p \v 1 Исо бо шогирдонаш аз он ҷо баромада, ба шаҳри Носира, ки дар он ҷо ба воя расида буд, баргашт. \v 2 Рӯзи истироҳат Ӯ дар ибодатхона ба таълим додани мардум шурӯъ кард. Бисёр касоне, ки Ӯро мешуниданд, ба ҳайрат афтода, чунин мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ҳамаи ин чизҳоро дорад? Ин чӣ ҳикмате ба Ӯ дода шудааст? Чӣ хел мӯъҷизаҳои бузург бо дастони Ӯ иҷро шудаанд? \v 3 Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Ёқуб, Юшо, Яҳудо ва Шимъӯн ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Пас Ӯро рад карданд. \p \v 4 Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беифтихор намешавад, магар ин ки дар диёр, байни хешон ва хонадони худ қадр надорад». \p \v 5 Бинобар ин Исо дар он шаҳр мӯъҷизаи бузурге нишон дода натавонист, танҳо ба чанд бемор даст расонда, онҳоро шифо дод. \v 6 Ӯ аз беимонии онҳо дар ҳайрат буд. \s1 Исо дувоздаҳ вакилашро мефиристад \p Исо ба деҳоти атроф рафта, мардумро таълим медод. \v 7 Вай дувоздаҳ вакилашро ба пешаш даъват кард ва ба онҳо қудрати ба рӯҳҳои нопок амр карданро дода, ҷуфт-ҷуфт ба ҳар тараф фиристод. \v 8-9 \vp 8–9\vp* Ӯ ба онҳо фармуд: «Ба ғайр аз асо ҳамроҳи худ чизе нагиред: на хӯрок, на борхалта, на ҳамёни пул ва на либоси иловагӣ. Танҳо пойафзоли оддӣ бипӯшед. \v 10 Ба ҳар ҷое, ки расидед, то вақти рафтанатон фақат дар як хона бимонед ва онро иваз накунед. \v 11 Агар дар он ҷо шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо биравед ва чанги он ҷойро аз пойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад». \p \v 12 Пас онҳо рафта, эълон мекарданд, ки ҳама бояд тавба карда ба Худованд рӯй оваранд. \v 13 Онҳо девҳои зиёдеро берун карда, бисёр беморонро бо молидани равған шифо бахшиданд. \s1 Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда \p \v 14 Шоҳ Ҳиродус\f + \fr 6:14 \ft 6:14 Шоҳ Ҳиродус — дар ин ҷо Ҳиродус Антипас мебошад, ки ҳокими сарзамини Ҷалил буд.\f* аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шӯҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда зинда шудааст ва барои ҳамин ҳам чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дар ҳаёташ амал мекунад. \v 15 Баъзеи дигарон мегуфтанд, ки ин Илёс пайғамбар аст. Қисми дигари одамон мегуфтанд, ки Ӯ яке аз пайғамбарони давраҳои қадим аст. \p \v 16 Аммо вақте Ҳиродус инро шунид, гуфт: «Ин Яҳё аст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам ва ҳоло ӯ аз нав зинда шудааст». \p \v 17-18 \vp 17–18\vp* Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Ҳиродус ба занӣ Ҳиродияро, ки зани бародараш Филиппус буд, гирифт. Барои ҳамин Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Хонадоршавии шумо бо Ҳиродия, ки зани бародаратон аст, раво нест». Аз ин рӯ, Ҳиродус як даста одамонро барои дастгир кардани Яҳё фиристод. Онҳо ӯро дастгир карда, баста ба ҳабс андохтанд. \p \v 19 Дар дили Ҳиродия зидди Яҳё кина пайдо шуд ва ӯ хост, ки Яҳёро бикушад, лекин ин корро карда наметавонист, \v 20 чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онҳоро гӯш кардан барояш маъқул буд. \p \v 21 Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносибе фаро расид: Ҳиродус дар рӯзи таваллуди худ зиёфате ороста, ҳамаи мансабдорон, сарлашкарон ва мардуми баобрӯи сарзамини Ҷалилро даъват намуд. \v 22 Вақте ки духтари Ҳиродия ба базм омада рақсид, ӯ Ҳиродус ва меҳмононашро мафтун кард. Аз ин рӯ, Ҳиродус ба вай гуфт: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам». \v 23 Подшоҳ Ҳиродус қасам хӯрда гуфт: «Ҳар чӣ ки пурсӣ медиҳам, то ҳатто нисфи мамлакатамро». \p \v 24 Духтар рафта аз модараш маслиҳат пурсид, ки чӣ талаб кунад. Ҳиродия ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро талаб кун». \p \v 25 Духтар базудӣ назди шоҳ омада гуфт: «Мехоҳам, ки худи ҳозир сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯи табақе ба ман ҳадя кунед». \p \v 26 Шоҳ хеле ғамгин шуд, вале аз барои қасами хӯрдааш ва меҳмононаш хоҳиши духтарро рад кардан нахост. \v 27 Бинобар ин шоҳ даррав ба ҷаллод фармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад. Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудо карду \v 28 рӯи табақ гузошта ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш дод. \p \v 29 Ҳангоме ки шогирдони Яҳё аз ин хабар ёфтанд, омада, ҷасади ӯро гирифтанду бурда гӯронданд. \s1 Бо панҷ нону ду моҳӣ сер кардани зиёда аз панҷ ҳазор кас \p \v 30 Вакилон ба назди Исо баргашта кори кардаашон ва ба мардум чизи таълим додаашонро нақл карданд. \p \v 31 Азбаски рафтуомади мардум чунон зиёд буд, ки Исо ва вакилонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан надоштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Танҳо худатон биёед, ки ҷои хилвате биравем ва каме истироҳат кунед». \v 32 Пас, ба қаиқ савор шуда, худашон танҳо ба ҷои хилвате рафтанд. \p \v 33 Бисёр одамон рафтани онҳоро диданд ва онҳоро шинохта, аз ҳар қишлоқ пиёда аз пасашон шитофтанду пеш аз онҳо ба он маҳал омада расиданд. \v 34 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳолашон раҳмаш омад, зеро ки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон буданд ва ба онҳо таълим додани чизҳои зиёдеро сар кард. \p \v 35 Бегоҳӣ шогирдон назди Исо омада гуфтанд: «Ин як ҷои беодам аст, вақт ҳам дер шуд. \v 36 Мардумро фиристед, ки ба деҳоту қишлоқҳои атроф рафта, барои худ хӯрдание харанд». \v 37 Вале Исо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон пурсиданд: «Ба фикри шумо, мо бояд рафта ба дусад динор\f + \fr 6:37 \ft 6:37 Динор — дар ин ҷо тангаи румӣ мебошад, ки арзишаш ба маоши якрӯзаи коргар баробар буд.\f* нон харида, ба онҳо диҳем?» \v 38 Исо гуфт: «Рафта бинед, ки шумо чӣ қадар нон доред». Онҳо фаҳмида омада ба Ӯ гуфтанд: «Ҳамагӣ панҷ нону ду моҳӣ ҳаст». \p \v 39 Он гоҳ Исо фармуд, ки шогирдонаш мардумро гурӯҳ-гурӯҳ рӯи сабза шинонанд. \v 40 Одамон бо гурӯҳҳо панҷоҳ ва саднафарӣ нишастанд. \v 41 Исо он панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, бо моҳӣ ба шогирдонаш дод, онҳо бошанд, ба мардум тақсим карданд. \v 42 Ҳама то сер шудан хӯрданду \v 43 шогирдон аз нонпора ва моҳиҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабадро пур карданд. \v 44 Шумораи мардоне, ки нон хӯрданд, панҷ ҳазор нафар буд. \s1 Дар рӯи об роҳ рафтани Исо \p \v 45 Баъд аз он Исо зуд ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеш ба сӯи Байт-Сайдо раҳсипор шаванд, то худаш мардумро ҷавоб диҳад. \v 46 Пас аз ҷавоб додани мардум Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад. \p \v 47 Шомгоҳон қаиқ ба миёни кӯл расид, Исо бошад, дар соҳил танҳо монда буд. \v 48 Вақте Исо дид, ки шогирдонаш бо азоб зидди боди мухолиф шино мекунанд, субҳидам рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафи онҳо равона шуд. Вай аз назди онҳо гузашта рафтанӣ буд, \v 49 вале шогирдон дар рӯи об роҳ рафтани Ӯро дида, фикр карданд, ки ин арвоҳ аст ва аз тарс фарёд заданд. \p \v 50 Азбаски ҳама Ӯро дида тарсиданд, Исо фавран ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед». \v 51 Баъд ба қаиқ савор шуд ва ҳамон замон бод аз вазидан монд. Шогирдон бениҳоят ҳайрон монданд, \v 52 чунки аз сабаби якравиашон ҳанӯз ҳодисаи зиёд шудани нонро нафаҳмиданд. \s1 Шифоёфтани беморон \p \v 53 Онҳо ба соҳили дигар расида, дар сарзамини Ҷинесор қарор гирифтанд. \v 54 Ҳамин ки онҳо аз қаиқ фаромаданд одамон Исоро шинохтанд. \v 55 Онҳо зуд ба тамоми гирду атроф рафта, беморонро, ҳатто бо ҷойгаҳашон бардошта, ба ҳар ҷое, ки мешуниданд Исо буд, меоварданд. \v 56 Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт, чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонро сари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт. \c 7 \s1 Поку нопок \p \v 1 Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва шариатдонон аз Ерусалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯ ҷамъ омада \v 2 диданд, ки баъзе шогирдонаш бо дасти «бетаҳорат», яъне ношуста хӯрок мехӯранд. \p \v 3 Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фирқаи фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд. \v 4 Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла ва дегу табақҳои биринҷӣ. \p \v 5 Фарисиён ва шариатдонон аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои бетаҳорат хӯрок мехӯранд?» \p \v 6 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте оид ба шумо, дурӯяҳо пешгӯӣ карда гуфта буд: \q1 „Худо мегӯяд: \p «Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд, \q2 вале дилашон аз Ман дур аст. \q1 \v 7 Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд, \q2 чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“ \p \v 8 Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед. \v 9 Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ шуда моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед. \p \v 10 Масалан, Худо ба воситаи Мӯсо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед“ ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст“. \v 11 Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро ба Худо мебахшам, \v 12 шумо дигар намегузоред, ки вай ба падару модараш ягон кӯмаке кунад. \v 13 Ҳамин тавр шумо суханони Худоро бо урфу одатҳои худ барҳам дода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳои мисли ин мекунед». \p \v 14 Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт: «Ҳамаатон Маро гӯш карда, бифаҳмед. \p \v 15-16 \vp 15–16\vp* Ҳар чизе ки аз берун ба даруни одам медарояд, вайро ҳаром карда наметавонад, аммо он чизе, ки аз даруни одам берун мебарояд, вайро ҳаром мекунад\f + \fr 7:15-16 \ft 7:15–16 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад».\f*». \p \v 17 Вақте ки Исо аз назди мардум рафта, ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ маънои ин масалро пурсиданд. \v 18 Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чӣ ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад? \v 19 Чунки хӯрок ба дили шумо дохил намешавад, балки аз меъдаи шумо гузашта, берун мебарояд» (бо ин суханон Исо эълон кард, ки ҳар гуна хӯрок ҳалол аст). \p \v 20 Баъд илова кард: «Он чизе, ки аз даруни худи инсон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад. \v 21-22 \vp 21–22\vp* Чунки маҳз аз дохил, аз дили инсон ниятҳои бад берун меоянд, ба монанди алоқаи беникоҳ, дуздиву одамкушӣ ва бахилӣ, фиребу найранг, бадкориву бадахлоқӣ, ҳасаду тӯҳматкунӣ, мағрурӣ ва бефаросатӣ. \v 23 Ҳамаи ин бадиҳо аз даруни инсон берун баромада, ӯро ҳаром мекунанд». \s1 Имони як зан \p \v 24 Аз он ҷо Исо ба шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад. Вале ин кор ба Ӯ муяссар нашуд. \p \v 25 Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод. \v 26 Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо девро аз духтараш берун кунад. \p \v 27 Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба сагон додан нодуруст аст». \p \v 28 Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, хоҷаам, вале сагон ҳам нонпораҳои аз дастархони кӯдакон афтодаро чида мехӯранд». \p \v 29 Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат метавонӣ ба хонаат баргардӣ, ки дев аз духтарат дур шудааст». \p \v 30 Зан ба хонааш омада дид, ки дев аз духтараш берун шуда, вай ором хобидааст. \s1 Шифо ёфтани марди кар \p \v 31 Сипас, Исо аз Сур баромада, бо роҳи Сидун ба тарафи кӯли Ҷалил ба ноҳияи Даҳ Шаҳр равона шуд. \v 32 Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад. \p \v 33 Исо ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда, ангуштонашро ба гӯши вай гузошт ва туф карда, ангуштонашро ба забони мард расонд. \v 34 Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад. \v 35 Он мард зуд шифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданд, забонаш озод гашт ва ӯ бурро гап зада метавонистагӣ шуд. \p \v 36 Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд, вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, онҳо ҳамон қадар зиёдтар овозаҳо паҳн мекарданд. \v 37 Мардум қоил шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Ҳар коре, ки мекунад, хуб аст. Ӯ ҳатто карҳоро шунаво мекунаду забони гунгҳоро мекушояд». \c 8 \s1 Сер кардани тақрибан чор ҳазор кас \p \v 1 Дар яке аз ҳамин рӯзҳо боз тӯда-тӯдаи одамон ба назди Исо ҷамъ омаданд ва чизи хӯрдание надоштанд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: \v 2 «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд. \v 3 Агар онҳоро гурусна ба хонаҳояшон фиристам, дар роҳ аз ҳол мераванд ва баъзеи онҳо аз роҳи дур омадаанд». \p \v 4 Шогирдонаш гуфтанд: «Магар касе метавонад дар ин биёбон ин қадар одамро аз нон сер кунад?» \p \v 5 Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто». \p \v 6 Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯи замин шинанд. Баъд он ҳафт нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсим кунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд. \v 7 Онҳо инчунин чанд моҳии майда ҳам доштанд. Исо Худоро барои онҳо шукр гуфта, фармуд, ки он моҳиҳо низ байни мардум тақсим шаванд. \v 8 Мардум хӯрда сер шуданд ва аз хӯроки боқимонда ҳафт сабади калонро пур карданд. \v 9 Дар он ҷо қариб чор ҳазор нафар буданд ва Исо онҳоро ҷавоб дод. \p \v 10 Баъд якбора Ӯ бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ноҳияи Далмонуто раҳсипор гашт. \s1 Фарисиён нишона талаб мекунанд \p \v 11 Сипас чанд нафаре аз фарисиён назди Исо омада, бо Ӯ баҳсу мунозираро сар карданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад. \p \v 12 Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл нишонае талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон нишона дода намешавад». \p \v 13 Пас онҳоро монда, ба қаиқ савор шуду ба тарафи дигари кӯл рафт. \s1 Хамиртуруши фарисиён ва Ҳиродус \p \v 14 Шогирдони Исо фаромӯш карданд, ки ба қаиқ бо худ нон бигиранд ва ҳоло фақат як нон доштанд. \v 15 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши шоҳ Ҳиродусу фарисиён эҳтиёт кунед». \p \v 16 Шогирдон бо якдигар муҳокима карда мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби нон надоштанамон инро гуфт». \v 17 Вале Исо аз суханони онҳо дарак дошта гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Магар то ҳол дарк намекунед ва нафаҳмидед? Ё гарданшах шудаед? \v 18 Шумо, ки чашм доред, чаро намебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оё фаромӯш кардед? \v 19 Ҳангоми панҷ ҳазор мардро бо панҷ нон сер карданам чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Ҷавоб доданд: «Дувоздаҳ сабад». \p \v 20 Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарро сер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Гуфтанд: «Ҳафт сабад!» \v 21 Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳол намефаҳмед?» \s1 Шифо ёфтани кӯр \p \v 22 Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад. \v 23 Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?» \p \v 24 Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мисли дарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд». \v 25 Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид. \v 26 Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад. \s1 Фикри Петрус дар бораи Исо \p \v 27 Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳраки Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Одамон дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?» \p \v 28 Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, дигарон, ки Илёс пайғамбаред, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Шумо яке аз пайғамбарони гузашта ҳастед». \p \v 29 Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус гуфт: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ». \v 30 Исо онҳоро таъкид кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд. \s1 Пешгӯйии Исо дар бораи марги худ \p \v 31 Баъд Исо ба шогирдонаш таълим додани онро сар кард, ки Фарзанди Инсон бояд ранҷу азоби зиёде кашад ва пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯ мегардонанд ва Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад. \p \v 32 Исо ин суханонро кушоду равшан гуфт, вале Петрус Ӯро ба як сӯ кашида, ба сарзаниш кардан даромад. \v 33 Лекин Исо рӯяшро гардонда ба шогирдонаш нигоҳ карду Петрусро сарзаниш намуда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ». \p \v 34 Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Ҳар касе аз шумо, ки мехоҳад пайрави Ман бошад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад. \v 35 Ҳар кас, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар кас, ки ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, онро нигоҳ медорад. \v 36 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? \v 37 Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад. \v 38 Касе, ки дар ин рӯзгори пур аз гуноҳу беимонӣ аз Ман ва суханонам шарм кунад, Фарзанди Инсон низ, ҳангоме ки бо шӯҳрату ҷалоли Падараш, ҳамроҳи фариштаҳои муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард». \c 9 \p \v 1 Исо ба онҳо боз ин тавр гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, чанд нафароне, ки дар ин ҷо ҳастанд, ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон бо тамоми қудрат омадани подшоҳии Худоро мебинанд». \s1 Дигаргун шудани Исо \p \v 2 Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус, Ёқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба болои кӯҳи баланд баромад. Дар он ҷо рангу рӯи Исо дар пеши назари шогирдонаш дигаргун шуд. \v 3 Либоси Ӯ дурахшида, аз барф ҳам сафедтар гашт, то ба дараҷае, ки дар рӯи замин ҳеҷ кас аз он сафедтар карда наметавонад. \v 4 Он гоҳ барояшон Илёс ва Мӯсо намудор шуданд, ки бо Исо сӯҳбат мекарданд. \p \v 5 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Устод, бароямон хуб аст, ки ин ҷо бошем. Биёед се хаймае месозем, яке барои Шумо, дигаре ба Мӯсо ва боз ба Илёс». \v 6 Петрус намедонист, ки чӣ гӯяд, чунки ҳамаи онҳо сахт тарсида буданд. \v 7 Баъд абре пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва овозе аз он шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст, суханони Ӯро гӯш кунед». \v 8 Ногаҳон онҳо ба атроф назар андохта, ғайр аз Исо касеро надиданд. \p \v 9 Вақте ки аз кӯҳ мефаромаданд, Исо онҳоро таъкид кард, ки то аз нав зинда шудани Фарзанди Инсон аз он чӣ дидаанд, ба касе чизе нагӯянд. \v 10 Барои ҳамин онҳо ба касе дар ин бобат даҳон намекушоданд, агарчи дар байни худ маънои ибораи «аз нав зинда шудан»-ро муҳокима мекарданд. \p \v 11 Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Чаро шариатдонон мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?» \p \v 12 Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал Илёс омада, ҳама чизро барқарор мекунад. Вале Фарзанди Инсон, чунон ки дар борааш навишта шудааст, азоб кашида, хору зор мегардад. \v 13 Аммо дар бораи Илёс мегӯям, ки ӯ омада буд ва айнан ҳамон тавре, ки дар бораи ӯ навишта шуда буд, дар ҳаққи ӯ ҳар чӣ ки хостанд, карданд». \s1 Аз рӯҳи нопок шифо ёфтани писарбача \p \v 14 Вақте ки онҳо ба назди шогирдони дигар омаданд, диданд, ки мардуми зиёде дар гирди онҳо ҷамъ шудаанд ва чанд нафар аз шариатдонон бо онҳо баҳсу мунозира доранд. \v 15 Ҳамин ки мардум Исоро диданд, хеле ҳайрон шуда, давон-давон ба истиқболаш рафтанд. \p \v 16 Исо пурсид: «Дар бораи чӣ бо онҳо баҳс мекунед?» \v 17 Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Шумо овардам. Ӯ гап зада наметавонад, зеро гирифтори рӯҳи нопок аст. \v 18 Ҳар гоҳ ки рӯҳи нопок писарамро бигирад, ӯро бар замин мезанад ва даҳонаш кафк мекунад, дандонҳояш ба якдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахт мешавад. Аз шогирдони Шумо хоҳиш кардам, ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳо натавонистанд». \p \v 19 Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай ҳамроҳи шумо бошам ва то кай ҳамаи шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред». \p \v 20 Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад. \v 21 Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш. \v 22 Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Ба мо раҳм кунед ва агар илоҷашро ёбед ба мо мадад кунед». \p \v 23 Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам“? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст». \v 24 Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ диҳед, ки имонам қавитар гардад». \p \v 25 Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!» \v 26 Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд. \v 27 Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод. \p \v 28 Баъдтар, вақте ки Исо ба хона даромад шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?» \p \v 29 Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо\f + \fr 9:29 \ft 9:29 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «бо дуо ва рӯза» омадааст.\f* берун карда мешавад». \s1 Исо бори дигар дар бораи маргаш нақл мекунад \p \v 30 Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз ин бохабар шавад, \v 31 чунки Ӯ шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Вай аз нав зинда мешавад». \p \v 32 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд. \s1 Кӣ аз ҳама бузургтар аст? \p \v 33 Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае даромаданд ва Исо аз шогирдонаш пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?» \v 34 Онҳо хомӯш буданд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кӣ аз ҳама бузургтар аст. \v 35 Пас, Исо нишасту дувоздаҳ шогирдро ҷамъ карда гуфт: «Ҳар кӣ дар сафи пеш шудан хоҳад, бояд аз ҳама ақиб ва дар хизмати ҳама бошад». \p \v 36 Баъд кӯдакеро гирифта дар байни онҳо гузошт. Сипас, ӯро ба бағал гирифта, ба шогирдонаш гуфт: \v 37 «Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад. Ҳар касе, ки Маро қабул мекунад, на Маро, балки фиристандаи Маро қабул мекунад». \s1 Касе, ки бар зидди мо нест, тарафдори мост \p \v 38 Сипас Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, вале азбаски ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем». \p \v 39 Аммо Исо гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Ҳар касе, ки аз номи Ман мӯъҷиза мекунад, наметавонад баъд аз фурсате дар бораи Ман сухани баде бигӯяд. \v 40 Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост. \v 41 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақат ба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан як пиёла об диҳад, ҳаргиз бе мукофот нахоҳад монд». \s1 Он чизе, ки моро гирифтори гуноҳ мекунад \p \v 42 «Вале агар шахсе сабабгори он гардад, ки яке аз ин пайравони хурди Ман гумроҳ шавад, беҳтар аст, ки ба гардани он шахс санги осиёбро баста, ба баҳр партоянд. \p \v 43-44 \vp 43–44\vp* Агар дастат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як даст буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду даст дошта бошию ба оташи дӯзах афтӣ.\f + \fr 9:43-44 \ft 9:43–44 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад» (Ниг. ояти 48).\f* \p \v 45-46 \vp 45–46\vp* Агар поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як по буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду по дошта бошию ба дӯзах партофта шавӣ.\f + \fr 9:45-46 \ft 9:45–46 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад» (Ниг. ояти 48).\f* \p \v 47 Агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки як чашм дошта бошию ба подшоҳии Худо дароӣ, аз он ки ду чашм дошта бошиву ба дӯзах партофта шавӣ, \v 48 „ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад“. \p \v 49 Чун ҳар кас бо оташ намакин мешавад.\f + \fr 9:49 \ft 9:49 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ва ҳар қурбонӣ бо намак намакин карда мешавад».\f* \v 50 Намак чизи хуб аст, вале агар сифаташро гум кунад, бо чӣ онро намакин карда метавонед? Пас шумо низ дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунед». \c 10 \s1 Таълими Исо дар бораи талоқ \p \v 1 Исо он ҷоро монда, ба тарафи сарзамини Яҳудия ва қисми шарқии дарёи Урдун рафт. Боз мардуми зиёде дар он ҷо ҷамъ омаданд ва Ӯ низ аз рӯи одат ба таълими онҳо шурӯъ кард. \p \v 2 Он гоҳ чанд нафар фарисиён омада, Ӯро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯи шариат мумкин аст, ки мард аз занаш ҷудо шавад?» \p \v 3 Исо ҳам аз онҳо пурсид: «Мӯсо дар ин бора чӣ фармудааст?» \v 4 Ҷавоб доданд: «Мӯсо иҷозат додааст, ки мард талоқномае навишта, аз занаш ҷудо шавад». \v 5 Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Мӯсо аз сабаби гарданшахии шумо бароятон чунин иҷозатро навишта буд. \v 6 Вале аз ибтидои офариниши ин дунё Худо „онҳоро мард ва зан офаридааст“. \p \v 7-8 \vp 7–8\vp* „Бинобар ин мард аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш мепайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд“. Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд. \v 9 Пас, он чиро ки Худо бо ҳам пайвастааст, инсон набояд ҷудо кунад». \p \v 10 Вақте ки онҳо ба хона баргаштанд, шогирдонаш дар ин бора аз Исо пурсиданд. \v 11 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо шуда, зани дигар мегирад, нисбат ба ҳамсари аввалааш гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад. \v 12 Ҳамчунин агар зан аз шавҳараш ҷудо шуда, ба марди дигар ба шавҳар барояд, гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад». \s1 Исо кӯдаконро баракат медиҳад \p \v 13 Рӯзе одамон фарзандонашонро назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба онҳо даст гузошта, баракат диҳад. Вале шогирдон онҳоро сарзаниш карданд. \p \v 14 Исо рафтори шогирдонашро диду ба ғазаб омада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд ва пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд. \v 15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар касе, ки подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба ин подшоҳӣ дохил намешавад». \p \v 16 Баъд кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва ба болои сарашон даст гузошта, онҳоро баракат дод. \s1 Марди сарватманд \p \v 17 Вақте ки Исо ба роҳ баромад, марде ба наздаш давида омада дар пешаш ба зону афтод ва пурсид: «Эй устоди нек! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?» \p \v 18 Исо гуфт: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Ғайр аз Худо каси нек нест. \v 19 Худат фармоиши Худоро медонӣ: одамкушӣ накун, алоқаи беникоҳ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, касеро фиреб надеҳ ва падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо». \p \v 20 Мард ҷавоб дод: «Эй устод! Ҳамаи ин фармоишҳоро аз хурдсолиам риоя кардаам». \p \v 21 Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар чӣ, ки дорӣ, бифурӯш ва пулашро ба бечорагон тақсим бикун, он гоҳ соҳиби ганҷинаи осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». \p \v 22 Вале он мард, ки бойигарии зиёде дошт, аз шунидани чунин суханон рӯҳафтода шуду ғамгин ба хонааш баргашт. \p \v 23 Исо ба гирду атроф нигоҳ карда, ба шогирдонаш гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст». \v 24 Шогирдон аз суханони Исо ба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт: «Эй фарзандонам! Ба подшоҳии Худо дохил шудан чӣ душвор аст. \v 25 Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳии Худо дохил шавад». \p \v 26 Шогирдон беш аз пеш дар ҳайрат монда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» \v 27 Исо ба шогирдонаш нигоҳ карда гуфт: «Ба инсон ин корро кардан ғайриимкон аст, вале на ба Худо; бо Худо аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан мумкин аст». \p \v 28 Он вақт Петрус ба Исо гуфт: «Ана, мо аз баҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем». \v 29 Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, \v 30 ҳоло дар вақти ҳозира сад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарону хоҳарон, модарону фарзандон, заминҳо ва баробари ҳамаи ин азобҳо низ пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад. \p \v 31 Лекин бисёри онҳое, ки ҳоло дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд ва онҳое, ки дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд». \s1 Исо бори сеюм дар бораи марги худ нақл мекунад \p \v 32 Онҳо ба сӯи Ерусалим раҳсипор шуданд. Исо пешопеш мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки дар Ерусалим Ӯро чӣ сарнавиште интизор аст. \v 33 Ӯ гуфт: «Мо ба Ерусалим рафта истодаем, ки дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон фурӯхта мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум мекунанду баъд ба дасти беимонон месупоранд. \v 34 Беимонон бошанд, Ӯро масхара карда, ба Вай туф мекунанд ва латукӯб карда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ пас аз се рӯз аз нав зинда мешавад». \s1 Хоҳиши Ёқуб ва Юҳанно \p \v 35 Ёқубу Юҳаннои писарони Забдой пеши Исо омада гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонро бароямон иҷро кунед». \p \v 36 Исо пурсид: «Чӣ хоҳиш доред? Бароятон чӣ кор кунам?» \v 37 Гуфтанд: «Вақте ки Шумо бо шӯҳрату ҷалол подшоҳӣ мекунед, иҷозат диҳед, яке аз дасти рост ва дигаре аз дасти чапатон бишинем». \p \v 38 Исо ҷавоб дод: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косае, ки Ман бояд бинӯшам, нӯшида метавонед ва магар бо он азоби марговаре, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид гирифта метавонед?» \p \v 39 Ҷавоб доданд: «Бале, метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Хӯш, аз косаи Ман хоҳед нӯшид ва бо азобе, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид хоҳед гирифт. \v 40 Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, Ман ҳақ надорам. Ба ин ҷойҳо касоне мешинанд, ки Худо онҳоро пешакӣ таъин кардааст». \p \v 41 Даҳ шогирди дигар инро шунида, ба Ёқубу Юҳанно сахт қаҳрашон омад. \v 42 Пас, Исо ҳамаи онҳоро гирд оварда гуфт: «Шумо хуб медонед, ки подшоҳон ва бузургони халқҳо ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро ба онҳо мегузаронанд. \v 43 Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар кас ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори шумо бошад \v 44 ва ҳар касе, ки мехоҳад дар сафи пеш истад, бояд ғуломи ҳама бошад. \p \v 45 Ҳатто Фарзанди Инсон барои он наомадааст, ки касе ба Ӯ хизмат кунад, балки омад, то ки ба дигарон хизмат кунад ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонашро фидо кунад». \s1 Шифо ёфтани нобино \p \v 46 Баъд онҳо ба Ериҳӯ омада расиданд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш ва мардуми зиёде аз ин шаҳр берун мерафтанд, дар канори роҳ Бартимай ном нобиное, ки писари Тимай буд, нишаста садақа мепурсид. \p \v 47 Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳ мегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед!» \v 48 Бисёриҳо ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад. Вале ӯ овозашро боз ҳам баландтар карда фарёд мезад: «Эй Насли Довуд, ба ман раҳм кунед!» \p \v 49 Исо аз роҳаш бозистода гуфт: «Ба вай бигӯед, ки ин ҷо биёяд». Мардум нобиноро ҷеғ зада гуфтанд: «Аз ҷоят хез, натарс, зеро Ӯ туро ба наздаш ҷеғ мезанад». \p \v 50 Бартимай ҷомаашро кашида, аз ҷояш парида хест ва назди Исо омад. \v 51 Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам бино шавам». \v 52 Исо ба ӯ гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод». Он мард ҳамон лаҳза бино шуд ва аз паси Исо рафт. \c 11 \s1 Ба Ерусалим омадани Исо \p \v 1 Баъд Исо ва шогирдонаш ба наздикии Ерусалим, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун ҷойгир шудаанд, рафта расиданд. Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода, \v 2 ба онҳо гуфт: «Ба қишлоқи дар пешистода равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, харкурраи бастаеро мебинед, ки ҳанӯз ба он касе савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред. \v 3 Агар касе бипурсад, ки чаро ин корро мекунед, бигӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд ва Ӯ ба зудӣ онро ба ҷояш бармегардонад». \p \v 4 Он ду шогирд рафта, харкурраеро, ки дар канори кӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд. Вақте банди онро мекушоданд \v 5 баъзе аз одамони он ҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаро банди харкурраро мекушоед?» \v 6 Шогирдон суханони Исоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозат доданд. \p \v 7 Пас онҳо харкурраро ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои харкурра партофтанд ва Исо ба он савор шуд. \v 8 Бисёр одамон ҷомаҳои худро сари роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳи Ӯ мегузоштанд. \p \v 9 Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёд мезаданд: \q1 «Шаъну шараф ба Худо! \q1 Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд! \q1 \v 10 Муборак бошад подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки наздик омада истодааст! \q1 Шаъну шараф ба Худо дар осмон!» \p \v 11 Ҳамин тавр, Исо ба Ерусалим омада, ба Хонаи Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди худ ба Байт-Ҳинӣ равона шуд. \s1 Исо дарахти анҷирро лаънат мекунад \p \v 12 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Ҳинӣ мерафтанд, Исо гурусна монд. \v 13 Каме дуртар дарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯ мехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омада дид, ки дар шохаҳояш ғайр аз барг чизи дигаре набуд, чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд. \v 14 Сипас, Исо дарахти анҷирро лаънат карда гуфт: «Аз ин пас касе ҳаргиз аз ту дигар мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд. \s1 Исо Хонаи Худоро тоза мекунад \p \v 15 Ҳангоме ки ба Ерусалим даромаданд, Исо ба Хонаи Худо рафт ва онҳоеро, ки дар он ҷо машғули хариду фурӯш буданд, берун ронда, мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа кард. \v 16 Вай нагузошт, ки касе чизеро барои савдо аз саҳни Хонаи Худо гузаронад. \p \v 17 Сипас мардумро таълим дода гуфт: «Оё навишта нашудааст, ки „хонаи Ман ҷои дуогӯӣ барои тамоми халқҳо номида мешавад“? Шумо бошед, онро ба лонаи дуздон табдил додаед». \p \v 18 Чун шариатдонон ва сардорони рӯҳонӣ ин суханонро шуниданд, роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд. \p \v 19 Худи ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафт. \s1 Дарахти хушкидаи анҷир \p \v 20 Саҳарии рӯзи дигар онҳо дар роҳ ҳамон дарахти анҷирро диданд, ки аз решааш хушк шудааст. \v 21 Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кунед! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардед, хушк шудааст!» \p \v 22 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед. \v 23 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархезу ба баҳр биафт“ ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чӣ мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш рӯй медиҳад. \v 24 Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чӣ дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад. \v 25-26 \vp 25–26\vp* Вале ҳангоми дуо кардан, агар аз касе хафагие дошта бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари осмонӣ низ гуноҳҳоятонро ба шумо бахшида тавонад».\f + \fr 11:25-26 \ft 11:25–26 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Аммо агар шумо дигаронро набахшед, Падари осмонӣ низ гуноҳҳои шуморо намебахшад».\f* \s1 Саволуҷавоб дар бораи ҳуқуқи Исо \p \v 27 Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни Хонаи Худо рафтуо мекард, сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм назди Ӯ омада \v 28 пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?» \p \v 29 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо саволе медиҳам. Агар ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам. \v 30 Ба Ман бигӯед, ки ҳуқуқи таъмиддиҳиро ба Яҳё Худо ё инсон дода буд?» \p \v 31 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар бигӯем, ки Худо дода буд, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ бовар накардед?“ \v 32 Агар бигӯем: „Инсон“…», (онҳо аз мардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум имон доштанд, ки Яҳё пайғамбари Худост). \p \v 33 Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам». \c 12 \s1 Масал дар бораи иҷоракорони бераҳм \p \v 1 Баъд Исо ба мардум бо масалҳо гап заданро сар кард: «Марде токзоре бунёд карда, атрофи онро девор гирифт. Барои фишурдани ангур ҳавзчае тайёр карда, дидбонгоҳе сохт ва токзорро ба деҳқонон иҷора дода ба сафар баромад. \p \v 2 Дар мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор хизматгорашро назди иҷоракорон фиристод, то ки ҳаққашро аз ҳосили боғ бигирад. \v 3 Вале онҳо он хизматгорро гирифта заданду бо дасти холӣ баргардонданд. \v 4 Соҳиби токзор хизматгори дигареро фиристод, вале онҳо ба сари вай зада, бо ӯ беномусона рафтор карданд. \v 5 Баъд боз хизматгори дигареро фиристод, лекин ӯро куштанд. Бисёр хизматгорони дигареро ҳам, ки мефиристод, ё мезаданд, ё мекуштанд. \p \v 6 Ҳамин тавр, дар хонаи соҳиби токзор ба ғайр аз писари азизаш каси дигаре намонд. Оқибат, „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро фиристод. \v 7 Вале иҷоракорон ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва токзор аз они мо мешавад!“ \v 8 Сипас, ӯро дастгир карда куштанд ва ҷасадашро берун аз токзор партофтанд. \p \v 9 Акнун соҳиби токзор чӣ кор мекунад? Мераваду он иҷоракоронро мекушад ва токзорро ба дигарон медиҳад. \p \v 10 Оё шумо дар навиштаҷот нахондаед: \q1 „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, \q1 санги асосии таҳкурсии бино гардид. \q1 \v 11 Ин кори Худованд аст \q1 ва ба назарамон аҷиб менамояд“». \p \v 12 Азбаски роҳбарони халқ фаҳмиданд, ки Исо бо ин масал онҳоро мисол овардааст, хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд, бинобар ин Ӯро ба ҳоли худ гузошта рафтанд. \s1 Савол дар бораи супоридани андозу хироҷ \p \v 13 Дертар чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиён ба назди Исо фиристода шуданд, то ки Ӯро бо сухан ба дом афтонанд. \v 14 Онҳо омада гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва хушомадгӯи мардум нестед, чунки ба мавқею дараҷаи онҳо эътибор намедиҳед, балки роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. Ҳоло бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не? \v 15 Мо бояд онро супорем ё не?» Исо аз дурӯягии онҳо бохабар буда чунин гуфт: «Чаро мехоҳед Маро ба дом афтонед? Ба Ман динореро биёред, ки бубинам». \p \v 16 Вақте динорро ба Ӯ доданд, пурсид: «Дар рӯи ин акс ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Императорро». \p \v 17 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Он чи аз они император аст, ба император бидиҳед ва он чи аз они Худост, ба Худо». Онҳо аз ҷавоби Исо дар ҳайрат монданд. \s1 Савол дар бораи аз нав зиндашавӣ \p \v 18 Баъд баъзе аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба назди Исо омада пурсиданд: \v 19 «Устод, Мӯсо дар шариат ба мо чунин навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад. \v 20 Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифт ва бефарзанд мурд. \v 21 Баъд бародари дуюм ҳамсари ӯро ба занӣ гирифта, ӯ ҳам бефарзанд мурд. Бо бародари сеюм ҳам ҳамин тавр рӯй дод. \v 22 Бо ҳамин сурат ҳамаи ҳафт бародарон бефарзанд вафот карданд. Баъд аз ҳама он зан ҳам аз дунё гузашт. \v 23 Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!» \p \v 24 Исо ҷавоб дод: «Хатои шумо дар он аст, ки на мазмуни навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. \v 25 Вақте ки мурдаҳо зинда мешаванд, дигар на зан мегиранд ва на шавҳар мекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. \v 26 Вале дар бораи зинда шудани мурдаҳо магар аз китоби Мӯсо дар бораи ҳодиса бо бутта нахондаед, ки чӣ тавр Худо ба Мӯсо гуфтааст: „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам“. \v 27 Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Шумо хатои калон мекунед». \s1 Муҳимтарин қонуни Худо \p \v 28 Яке аз шариатдонон ба назди онҳо омада баҳсу мунозираашонро шунид. Вақте ӯ дид, ки Исо ба онҳо чӣ ҷавоби хубе дод, пурсид: «Аз тамоми фармоишҳои Худо кадомаш аз ҳама муҳимтар аст?» \p \v 29 Исо ҷавоб дод: «Аввалин фармоиши муҳим ин аст: „Эй қавми Исроил, гӯш кунед! Худованд Худои мо Худованди яккаву ягона аст. \v 30 Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷонатон, бо тамоми ақлу ҳушатон ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидоред“. \v 31 Дуюмаш чунин мебошад: „Ҳар шахсеро, ки наздики шумост, мисли худ дӯст бидоред“. Ҳеҷ фармоише аз ҳардуи ин бузургтаре нест». \p \v 32 Шариатдон гуфт: «Устод, ҳақ ба ҷониби Шумост. Шумо бисёр хуб гуфтед, ки фақат як Худо вуҷуд дорад ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест. \v 33 Инчунин, Худоро аз таҳти дил, бо тамоми ақлу ҳуш ва қуввати худ дӯст доштан ва шахси наздики худ бударо ҳам мисли худ дӯст доштан муҳимтар аз қурбон кардани ҷонвар ва дигар намудҳои қурбонӣ мебошад». \p \v 34 Исо дид, ки шариатдон оқилона сухан меронад, бинобар ин ба ӯ гуфт: «Шумо ба подшоҳии Худо наздик ҳастед». Пас аз он дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Исо саволе диҳад. \s1 Масеҳ аз кадом насл аст? \p \v 35 Вақте Исо дар Хонаи Худо ба мардум таълим медод, аз онҳо пурсид: «Барои чӣ шариатдонон мегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо аз насли Довуд аст? \v 36 Дар ҳоле ки худи Довуд бо таъсири Рӯҳи Муқаддас чунин гуфта буд: \q1 „Худованд ба Худованди ман фармуд: \q1 «То вақте ки душманонатро зери поят нагузорам, \q2 аз дасти ростам бишин»“. \p \v 37 Худи Довуд Таъиншудаи Худоро „Худованд“ номид, пас чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?» \p Мардуми зиёде суханони Ӯро бо хушнудӣ гӯш мекарданд. \p \v 38 Сипас Исо онҳоро таълим дода гуфт: «Аз шариатдонон эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд. \v 39 Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинанд ва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд. \v 40 Онҳо намоишкорона дуру дароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Онҳо ҷазои сахттар мебинанд». \s1 Хайрияи бевазани бечора \p \v 41 Баъд Исо рӯ ба рӯи сандуқи хайрия нишаста, ба сандуқ пул андохтани мардумро тамошо мекард. Баъзеҳо, ки бою бадавлат буданд, пули зиёде хайр мекарданд. \p \v 42 Ҳамин вақт як бевазани бечора ҳам омада, ду тангаи хурди мисинро, ки арзиши кам дошт, ба сандуқ андохт. \v 43 Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳамаи дигарон дида зиёдтар хайрот кард. \v 44 Чунки онҳо аз зиёдатии бойигариашон хайрия карданд, вай бошад, ҳамаи он чизеро, ки дошт, тамоми ризқу рӯзиашро хайрия кард». \c 13 \s1 Вайроншавии Хонаи Худо \p \v 1 Вақте Исо аз Хонаи Худо мебаромад, яке аз шогирдонаш гуфт: «Устод, бинед, ин биноҳои Хонаи Худо чӣ қадар боҳашамат ҳастанд! Чӣ сангҳои бузурге доранд!» \p \v 2 Исо ҷавоб дод: «Шумо ҳоло ин биноҳои бузургро мебинед? Санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад». \s1 Азобу шиканҷаҳо \p \v 3 Вақте Исо дар болои теппаи Зайтун, рӯ ба рӯи Хонаи Худо менишаст, Петрус, Ёқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: \v 4 «Ба мо бигӯед, ки ҳамаи ин воқеаҳо кай рӯй медиҳанд ва иҷро шудани ҳамаи инро аз кадом нишона мефаҳмем?» \p \v 5 Исо ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ накунад. \v 6 Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд. \v 7 Вақте ки садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад. \v 8 Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар бисёр ҷойҳо заминҷунбӣ рӯй дода, қаҳтию гуруснагӣ меояд. Ҳамаи ин монанди саршавии дарди зоидан аст. \p \v 9 Худатонро эҳтиёт кунед, зеро шуморо ба назди қозӣ бурда, дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд ва ба сабаби Маро пайравӣ карданатон шумо дар назди ҳокимону подшоҳон истода шаҳодат хоҳед дод. \v 10 Пеш аз ҳама хушхабар бояд ба тамоми халқиятҳо эълон карда шавад. \p \v 11 Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣ мекашанд, ташвиш накашед, ки чӣ бояд бигӯед. Ҳар чӣ ҳамон лаҳза ба дилатон андохта мешавад, бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳи Муқаддас ба воситаи шумо сухан меронад. \p \v 12 Бародар бародари худро ба қатл мефиристад ва инчунин падар фарзандони худро. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд. \v 13 Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт. \s1 Ғаму андӯҳи бузург \p \v 14 Аммо вақте ки харобазори нафратангезеро дар ҷое мебинед, ки он набояд бошад (бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад), он гоҳ онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, бояд ба кӯҳистон гурезанд. \v 15 Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе поён нафарояд ва ба хона надарояд. \v 16 Агар касе дар саҳро бошад, барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад. \v 17 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт! \p \v 18 Пас дуо кунед, ки ин ҳодиса ба зимистон рост наояд. \v 19 Зеро дар он айём чунон мусибате рӯй медиҳад, ки аз замони дунёро офаридани Худо то ба ҳол чунин нашуда буд ва дигар ҳаргиз нахоҳад шуд. \v 20 Агар Худованд он рӯзҳои мусибатро кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин ягон инсон зинда намемонд. Вале ба хотири интихобкардагонаш Худованд он рӯзҳоро кӯтоҳ кардааст. \p \v 21 Агар ҳамон вақт касе ба шумо гӯяд, ки „Ана, Таъиншудаи Худо дар ин ҷост“ ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯ дар он ҷост“, ба суханонаш бовар накунед. \v 22 Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд ва чунин мӯъҷизаҳову аҷоибот нишон медиҳанд, то ки агар шавад интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд. \v 23 Инак, бохабар бошед. Ана Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам. \s1 Омадани Фарзанди Инсон \p \v 24 Дар ҳамон рӯзҳо, баъд аз он мусибатҳо, \q1 офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, \q1 \v 25 ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд. \p \v 26 Он вақт мардум Фарзанди Инсонро мебинанд, ки болои абрҳо бо қудрату ҷалоли бузург меояд. \v 27 Ӯ фариштаҳояшро мефиристад, то интихобкардагонашро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон гирд оваранд. \s1 Масал дар бораи дарахти анҷир \p \v 28 Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. \v 29 Ҳамин тавр, вақте мебинед, ки ин ҳодисаҳо ба амал меоянд, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст. \v 30 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд. \v 31 Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд. \s1 Маълум набудани рӯзу соати омадани Фарзанди Инсон \p \v 32 Лекин кай фаро расидани он рӯз ё он соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар. \p \v 33 Пас, ҳушёру бохабар бошед, зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад. \v 34 Ин монанди он аст, ки марде ба сафар рафта, барои ҳар як хизматгори худ вазифаи махсусе медиҳад ва ба дарвозабон мефармояд, ки посбонӣ кунад. \p \v 35 Пас шумо низ ҳушёр бошед, чун намедонед, ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаи шаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон. \v 36 Мабодо ӯ ногаҳон баргашта шуморо дар хоб наёбад. \v 37 Он чӣ ба шумо мегӯям ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!» \c 14 \s1 Нақшаи куштани Исо \p \v 1 То иди Балогардон ва иди Фатир ду рӯз монда буд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон роҳи бо ҳила дастгир карда, ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. \v 2 Онҳо мегуфтанд: «Дар рӯзҳои ид ин корро кардан мумкин нест. Шояд одамон шӯриш мебардоранд». \s1 Аз рӯи ҳурмат рехтани атри қиматбаҳо \p \v 3 Исо дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном махав меҳмон шуда буд. Дар вақти таомхӯрӣ зане омад ва як кӯзачаи сангини гаронбаҳоро пур аз атри қиматбаҳо оварда, онро шикасту ба сари Исо рехт. \p \v 4 Баъзеҳо аз ин кори зан ба ғазаб омада, ба якдигар гуфтанд: «Чаро ӯ ин атри пурқиматро исроф кард? \v 5 Ин атрро ба маблағи зиёда аз сесад динор\f + \fr 14:5 \ft 14:5 Динор — ниг. 6:37.\f* фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд». Ва занро сахт сарзаниш мекарданд. \p \v 6 Вале Исо гуфт: «Ӯро ба ҳолаш гузоред, чаро ӯро ташвиш медиҳед? Вай бароям кори калон кард. \v 7 Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд ва ҳар вақт, ки хоҳед, шумо метавонед ба онҳо ёрӣ кунед, вале Ман бо шумо ҳамеша намемонам. \p \v 8 Ин зан ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Ӯ атрро ба баданам рехт, то онро барои гӯронидан тайёр намояд. \v 9 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки хушхабар эълон карда мешавад, кори кардаи ин занро барои ба ёд овардани ӯ нақл хоҳанд кард». \s1 Хиёнати Яҳудо \p \v 10 Он гоҳ яке аз дувоздаҳ шогирдони Исо, ки номаш Яҳудои Исқарют буд, ба назди сардорони рӯҳонӣ рафт, то Исоро ба онҳо таслим кунад. \v 11 Онҳо аз шунидани ин хеле хушҳол шуда, ба ӯ пул ваъда карданд. Пас, Яҳудо фурсати қулай меҷуст, то ки Исоро ба дасти онҳо бисупорад. \s1 Охирин хӯроки идонаи Исо бо шогирдон \p \v 12 Рӯзи аввали иди Фатир, ки мардум барраи балогардонро қурбонӣ мекарданд, шогирдон аз Исо пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳед, ки мо рафта бароятон дастархони иди Балогардонро тайёр намоем?» \p \v 13 Исо ду нафар шогирдашро фиристода гуфт: «Ба шаҳр равед ва мардеро мебинед, ки кӯзаи об мебарад. Аз паси ӯ биравед. \v 14 Ба ҳамон хонае, ки он мард медарояд, шумо ҳам дароед ва ба соҳиби хона бигӯед: „Устод мепурсад, ки куҷост меҳмонхонаи ӯ, ки дар он ҳамроҳи шогирдонаш хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонад?“ \v 15 Вай ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ғундошта ба тартиб оварда шудааст ва шумо дар ҳамон ҷо бароямон дастархон тайёр кунед». \p \v 16 Пас шогирдон ба шаҳр рафтанду ҳамон тавре, ки Исо гуфта буд, шуд ва онҳо хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд. \p \v 17 Бегоҳирӯзӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш омад. \v 18 Вақте ки дар гирди дастархон нишаста хӯрок мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, яке аз шумо, ки ҳоло бо Ман хӯрок хӯрда истодааст, ба Ман хиёнат мекунад». \p \v 19 Онҳо хеле ғамгин шуда, пайдарҳам ба пурсидан даромаданд: «Мабодо ин ман набошам?» \v 20 Исо ҷавоб дод: «Ин корро яке аз дувоздаҳ нафари шумо мекунад, ки луқмаи нонашро бо Ман дар як коса тар карда истодааст. \p \v 21 Бо Фарзанди Инсон он чӣ дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, рӯй медиҳад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Фарзанди Инсон хиёнат мекунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд». \s1 Таоми шоми Худованд \p \v 22 Ҳангоме ки онҳо мехӯрданд Исо нонро ба даст гирифта, шукри Худоро карду онро пора карда ба онҳо тақсим намуду гуфт: «Бигиред, ки ин бадани Ман аст». \p \v 23 Пас косаро гирифта, шукри Худоро карду онро ба шогирдонаш дод ва ҳамаи онҳо аз он нӯшиданд. \v 24 Исо ба онҳо гуфт: «Ин хуни Ман аст, ки барои тасдиқ кардани аҳди Худо ба хотири одамони зиёде рехта мешавад. \v 25 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки акнун Ман аз меваи нави токи ангур фақат дар подшоҳии Худо хоҳам нӯшид, лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам». \p \v 26 Баъд онҳо Худоро ҳамду саногӯён ба теппаи Зайтун равона шуданд. \s1 Исо инкори Петрусро пешгӯӣ мекунад \p \v 27 Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Ҳамаи шумо пайравӣ кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷот пешгӯйии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд“. \v 28 Аммо, вақте ки аз нав зинда мешавам, пешопеши шумо ба вилояти Ҷалил меравам». \p \v 29 Петрус гуфт: «Ҳарчанд ки ҳама пайравӣ кардани Шуморо бас кунанд ҳам, ман ин корро намекунам». \p \v 30 Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, имрӯз, худи ҳамин шаб, ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ». \p \v 31 Вале Петрус бо қатъият гуфт: «Ҳатто агар ҳамроҳи Шумо ҷон додан лозим ояд, ҳаргиз Шуморо инкор намекунам». Дигарон низ чунин гуфтанд. \s1 Охирин дуо дар боғи Ҷатсамонӣ \p \v 32 Онҳо ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсамон ном дошт ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Шумо дар ин ҷо бошед, Ман рафта дуо мекунам». \v 33 Ӯ бо худ Петрус, Ёқуб ва Юҳанноро бурд. Ғаму аламаш сахт шиддат меёфт ва \v 34 Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду бедор бошед». \p \v 35 Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард, ки агар шавад он вақти азоб ба сараш наояд. \v 36 Сипас гуфт: «Эй Падарҷон, бароят ҳама чиз имконпазир аст. Ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо на хости Ман, хости Ту шавад». \p \v 37 Баъд баргашта дид, ки шогирдонаш хобидаанд. Ӯ ба Петрус гуфт: «Шимъӯн, ту хобидаӣ? Магар як соат бедор истода натавонистӣ? \v 38 Бедор бимонед ва дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳатон ба ин тайёр аст, аммо табиати инсониатон нотавон». \p \v 39 Пас, боз рафта бо ҳамон суханони пештарааш дуо кард. \v 40 Бори дигар баргашта омаду онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо сахт хоболуд буданд ва намедонистанд, ки ба Исо чӣ ҷавоб диҳанд. \p \v 41 Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Бас, акнун соати он расидааст, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад. \v 42 Биёед, бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, ана таслимкунандаи Ман ҳам наздик омад». \s1 Дастгир кардани Исо \p \v 43 Якбора, ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдаш расида омад ва ҳамроҳаш як тӯда одамони чӯбу шамшер дар даст аз ҷониби сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм буданд. \v 44 Инак, хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Бидонед, касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунеду таҳти назорат гирифта баред». \p \v 45 Яҳудо дарҳол ба Исо наздик шуду «Устод!» гуфта, Ӯро бӯсид. \v 46 Пас онҳо Исоро дастгир карданд. \v 47 Ҳамон замон як нафар аз ҳозирон шамшерро аз ғилоф кашиду ба сӯи ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла карда, гӯши вайро бурида партофт. \p \v 48 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо чӯбу шамшерҳо омадаед? \v 49 Ман ҳар рӯз бо шумо дар Хонаи Худо будам ва таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. Вале, бигзор гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд». \v 50 Ҳамон вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо гузошта гурехтанд. \p \v 51 Як ҷавоне аз паси Исо рафт, ки дар танаш ҳеҷ чиз надошту фақат бо матои катонӣ худро печонда буд. Вақте сарбозон Ӯро дастгир карданд, \v 52 вай халос хӯрду матои катонӣ дар дасти онҳо монд, худаш тани бараҳна гурехт. \s1 Исо дар ҳузури шӯро \p \v 53 Исоро ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Ҳамаи сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм дар он ҷо ҷамъ шуданд. \v 54 Петрус ҳам, ки дуртар аз паси онҳо меомад, ба ҳавлии сарвари рӯҳониён даромада, дар назди хизматгорон нишаст, то ки дар оташи гулхан гарм шавад. \p \v 55 Сардорони рӯҳонӣ ва ҳамаи аъзоёни шӯро кӯшиш мекарданд, ки бар зидди Исо далеле ба даст оварда, Ӯро ба қатл расонанд, вале ҳеҷ далеле пайдо накарданд. \v 56 Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодати дурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқ намеомад. \v 57 Баъзеҳо аз ҷо бархеста, ба Исо чунин тӯҳматҳо карданд: \v 58 «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин Хонаи Худоро, ки бо дасти инсон сохта шудааст, вайрон мекунам ва баъд аз се рӯз дигаре бе кӯмаки инсон месозам“». \v 59 Вале шаҳодати онҳо бар хилофи якдигар буд. \p \v 60 Он вақт сарвари рӯҳониён дар ҳузури ҳама бархеста, аз Исо пурсид: «Ин чӣ айбномаҳое, ки бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд? Чаро Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ?» \v 61 Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Сарвари рӯҳониён боз пурсид: «Магар Ту Таъиншуда ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?» \p \v 62 Исо гуфт: «Ҳастам\f + \fr 14:62 \ft 14:62 «Ман ҳастам» — ин номест, ки Худо бо он худро номида буд (ниг. Хуруҷ 3:14).\f* ва рӯзе Фарзанди Инсонро мебинед, ки аз тарафи рости Худои Пурқудрат нишаста дар рӯи абрҳои осмон меояд». \p \v 63 Он гоҳ сарвари рӯҳониён либосашро дарронда гуфт: «Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! \v 64 Худатон шунидед, ки Ӯ суханони кофирона гуфт. Ба чӣ қарор меоед?» Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд. \p \v 65 Баъд баъзеҳо ба туф кардан ба Исо даромаданд. Онҳо чашмони Ӯро баста, ба рӯяш торсакӣ зада мепурсиданд: «Агар пайғамбар бошӣ, бигӯй, ки Туро кӣ зад?» ва сарбозон ҳам Ӯро бурда заданд. \s1 Исоро инкор кардани Петрус \p \v 66-67 \vp 66–67\vp* Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди гулхан нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони сарвари рӯҳониён ӯро дид ва ба ӯ бо диққат нигоҳ карда гуфт: «Ту ҳам ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!» \p \v 68 Петрус инро инкор карду «Намедонам ва намефаҳмам, ки чӣ мегӯӣ» гуфта, ба тарафи дигари ҳавлӣ гузашт.\f + \fr 14:68 \ft 14:68 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Ҳамон замон хурӯс ҷеғ зад».\f* \p \v 69 Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба ҳозирбудагон гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!» \v 70 Петрус инро боз инкор кард. Дертар ҳозирбудагон ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарики онҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!» \p \v 71 Петрус бошад, ба сараш лаънатҳо хонда, қасам хӯрда гуфт: «Ин одамеро, ки дар борааш мегӯед, намешиносам». \p \v 72 Худи ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад. \c 15 \s1 Исо дар ҳузури Пилотус \p \v 1 Саҳарии барвақт сардорони рӯҳонӣ, пирони қавм бо шариатдонон ва тамоми аъзоёни шӯро дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо Исоро баста, ба назди ҳокими румӣ Пилотус фиристоданд ва ба дасти ӯ супориданд. \p \v 2 Пилотус аз Исо пурсид: «Оё Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ҳамон тавре ки худатон мегӯед». \p \v 3 Сардорони рӯҳонӣ Исоро аз бисёр ҷиҳат айбдор мекарданд. \v 4 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Чаро ҷавоб намедиҳӣ? Бубин, Туро чӣ қадар айбдор мекунанд». \v 5 Вале Исо боз ҳам чизе нагуфт ва Пилотус дар ҳайрат монд. \p \v 6 Аз рӯи одат Пилотус дар ҳар ҷашнгирии ин ид як нафар маҳбусеро, ки мардум талаб мекард, озод менамуд. \v 7 Дар он вақт Бараббос ном марде, ки бо шариконаш дар шаҳр шӯриш бардошта одам кушта буд, дар ҳабс менишаст. \v 8 Мардум хоҳиш карданд, ки Пилотус мисли ҳарсола як нафар маҳбусро озод кунад. \v 9 Пилотус пурсид: «Мехоҳед, ки Шоҳи Яҳудиёнро бароятон озод кунам?» \v 10 Чун мефаҳмид, ки сардорони рӯҳонӣ Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд. \p \v 11 Вале сардорони рӯҳонӣ мардумро ба ошӯб оварданд, то ба ивази Исо озод кардани Бараббосро талаб кунанд. \v 12 Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, бо он касе, ки шумо Ӯро Шоҳи Яҳудиён меномед, чӣ кор кунам?» \p \v 13 Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!» \p \v 14 Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!» \p \v 15 Пилотус танҳо барои қонеъ гардондани талаботи халқ Бараббосро барояшон озод карда, фармон дод, ки Исоро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд. \s1 Сарбозон Исоро масхара мекунанд \p \v 16 Сарбозон Исоро ба ҳавлии дарбор бурда, аскарони зиёдро ҷамъ карданд. \v 17 Баъд ба Исо ҷомаи бунафшранг пӯшонданд ва аз хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанд. \v 18 Ба Ӯ таъзим карда фарёд мезаданд: «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» \v 19 Онҳо бо чӯб ба сараш мезаданд, ба Ӯ туф мекарданд ва дар наздаш ба зону истода, ба Ӯ саҷда менамуданд. \v 20 Вақте ки онҳо масхара додани Ӯро бас карданд, ҷомаи бунафшрангро аз танаш кашида, либоси худашро пӯшонданд ва барои ба салиб мехкӯб кардан Ӯро аз он ҷо берун бурданд. \s1 Ба салиб мехкӯб шудани Исо \p \v 21 Дар роҳ онҳо бо як роҳгузари қуриние вохӯрданд, ки аз саҳро бармегашт. Он мард Шимъӯн ном дошт ва падари Искандару Руфис буд. Сарбозон ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. \v 22 Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт. \v 23 Сарбозон ба Ӯ майи бо мӯр\f + \fr 15:23 \ft 15:23 Мӯр — моддаи равған монанди зардранг, ки аз бутта гирифта мешавад ва аз он доруворӣ барои сабук кардани дард тайёр мекунанд.\f* омехтаро доданд, вале Ӯ онро қабул накард. \v 24 Он гоҳ Исоро ба рӯи салиб мехкӯб карданду либосашро байни худ тақсим карданӣ шуда, бо партофтани қуръа соҳибшавандаи онро муайян карданд. \v 25 Соати нӯҳи саҳар буд, ки Ӯро рӯи салиб мехкӯб карданд. \v 26 Дар лавҳаи айбнома бар зидди Исо навиштанд: «Шоҳи Яҳудиён». \p \v 27-28 \vp 27–28\vp* Ҳамроҳи Исо боз ду дуздро аз тарафи чапу росташ ба салибҳои дигар мехкӯб карданд.\f + \fr 15:27-28 \ft 15:27–28 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Ин ҳам дар навиштаҷот пешгӯӣ шуда буд: „Ӯ низ ба қатори ҷинояткорон дохил мешавад“».\f* \p \v 29 Одамоне, ки аз он ҷо мегузаштанд, сар ҷунбонда Исоро мазоқ карда мегуфтанд: «Ту-ку мехостӣ Хонаи Худоро вайрон карда, дар муддати се рӯз онро аз нав созӣ, \v 30 пас, ҳоло аз салиб поён фаромада, худатро наҷот деҳ?» \p \v 31 Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон низ Ӯро масхаракунон ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад. \v 32 Бигузор Таъиншудаи Худо, ки Шоҳи Яҳудиён аст, акнун аз салиб поён фарояд, то мо инро дида, имон оварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буданд, Ӯро таҳқир мекарданд. \s1 Марги Исо \p \v 33 Нисфирӯзӣ ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифт ва он то соати се давом кард. \v 34 Дар соати се Исо бо садои баланд фарёд зад: «Элла! Элла! Лама сабақтанӣ?», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?» \v 35 Баъзе аз ҳозирон инро шунида, гуфтанд, ки Исо Илёс пайғамбарро садо мекунад. \v 36 Сипас як нафар давида латтаеро ба сирко тар кард ва ба сари як чӯб гузошту барои нӯшидан ба Исо дароз кард ва гуфт: «Истед, бинем-чи, оё Илёс омада, Ӯро аз салиб гирифта поён мефарорад ё не?!» \v 37 Баъд Исо нолаи баланде карда ҷон дод. \p \v 38 Худи ҳамин вақт пардае, ки ҷои муқаддастарини Хонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнаш дарида, ду пора шуд. \v 39 Вақте сардори лашкари румии дар рӯ ба рӯи салибистода дид, ки Исо чӣ тавр фарёд зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард Писари Худо буд!» \p \v 40 Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Ёқуби хурдсол ва Юшо буд, низ ҳузур доштанд. \v 41 Онҳо дар Ҷалил Исоро пайравӣ мекарданд ва дар эҳтиёҷаш кӯмак мерасонданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омаданд, дар он ҷо буданд. \s1 Гӯронидани Исо \p \v 42 Шом шуд ва мардум ба рӯзи истироҳат тайёрӣ медиданд. \v 43 Юсуф ном шахс аз шаҳри Аромот, ки аъзои обрӯманди шӯро буд ва омадани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид, боҷуръат ба назди Пилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард. \v 44 Пилотус ҳайрон шуд, ки Исо ба ин зудӣ мурдааст, бинобар ин сардори лашкарро даъват карда, аз ӯ пурсид, ки оё Исо аллакай мурдааст. \p \v 45 Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид. \v 46 Юсуф суфи сафед харид ва ҷасадро аз салиб поён фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре канда шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард. \v 47 Марями Маҷдалия ва Марям, модари Юшо диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд. \c 16 \s1 Зиндашавии Исо \p \v 1 Вақте ки рӯзи истироҳат ба охир расид, Марями Маҷдалия, Марям, ки модари Ёқуб буд ва Салӯмит рафта, равғани хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд. \v 2 Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъд аз баромадани офтоб ба сӯи қабр раҳсипор шуданд. \p \v 3 Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ санги калонро аз даромади қабр барои мо мебардорад?» \v 4 Вақте ки назди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳоят калони қабр як сӯ ғелонда шудааст. \p \v 5 Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд. \p \v 6 Вале ҷавон ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай аз нав зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, ки ҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед! \v 7 Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши шумо ба Ҷалил меравад, то шуморо дар он ҷо бубинад, чунон ки ба шумо гуфта буд». \p \v 8 Занҳо тарсону ларзон берун баромада, аз назди қабр гурехтанд ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки дар ҳарос буданд. \s1 Зоҳиршавии Исо ба шогирдонаш \p [ \v 9 Исо субҳи рӯзи якшанбе аз нав зинда шуд ва аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вуҷуди ӯ ҳафт девро берун карда буд, худро зоҳир кард. \v 10 Марям назди шогирдони гирёну мотамзада рафта ин хабарро гуфт. \v 11 Вале онҳо суханони ӯро шунида, бовар накарданд, ки Исо зинда асту Марям Ӯро дидааст. \p \v 12 Баъд Исо худро дар сурати дигар ба ду шогирдаш, ки ба деҳа мерафтанд, зоҳир кард. \v 13 Онҳо баргашта, инро ба дигарон нақл намуданд, аммо ҳеҷ кас ба суханони онҳо бовар накард. \p \v 14 Дар охир Исо ба он ёздаҳ шогирдаш, дар вақти хӯрок хӯрданашон, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва якравиашон сарзаниш кард, зеро ба суханони касоне, ки Ӯро баъд аз марг зинда дида буданд, бовар накарданд. \p \v 15 Баъд ба онҳо гуфт: «Ба тамоми дунё рафта, хушхабарро ба ҳама эълон бикунед! \v 16 Касоне, ки имон биоваранд ва таъмид бигиранд, наҷот меёбанд, вале касоне, ки имон наоваранд, маҳкум мешаванд. \v 17 Дар ҳаёти касоне, ки имон меоваранд, чунин аломатҳо пайдо мешаванд: онҳо бо номи Ман девҳоро меронанд ва бо забонҳои нав сухан мегӯянд; \v 18 онҳо морҳоро бо даст мегиранд ва агар заҳр хӯранд, зараре намебинанд; даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд». \p \v 19 Вақте ки сӯҳбати Исои Худованд бо онҳо тамом шуд, Вай ба сӯи осмон бурда шуд ва аз тарафи рости Худо нишаст. \v 20 Шогирдон рафта, хушхабарро дар ҳама ҷо эълон мекарданд. Худованд ҳам мададгори онҳо буд ва бо мӯъҷизаҳое, ки онҳо нишон медоданд, гуфтаҳояшонро тасдиқ мекард. Омин.\f + \fr 16:20 \ft 16:9–20 Ин оятҳо на дар ҳамаи нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудаанд.\f* ]