\id MAT 41MATTajU.SFM Tajik common language translation \ide UTF-8 \h Матто \toc1 Хушхабар аз Матто \toc2 Матто \mt2 Хушхабар \mt3 аз \mt1 Матто \imt1 Пешгуфтор \ip Ҳисоб мекунанд, ки муаллифи ин Хушхабар Матто мебошад, ки яке аз дувоздаҳ шогирдони наздиктарини Исо буд. Пеш аз шогирди Исо шудан, касби Матто ҷамъ кардани андоз буд. Азбаски тамоми халқи яҳудӣ дар он замон таҳти мустамликаи румиён буданд, тамоми андоз ба хазинаи империяи Рум дода мешуд. Аз ҳамин сабаб андозгирон низ ҳамчун хиёнатчии халқ ҳисоб мешуданд ва халқ нисбати онҳо нафрат дошт. Вале Исо ана чунин одамро ба шогирдӣ даъват мекунад ва ин шогирд шоҳиди ҳаёт ва фаъолияти шавқовари Исо шуда, ҳамаи он мӯъҷизаҳо, муборизаҳо, хурсандиҳо ва саргузаштҳоро як ба як дар ин китоби худ нақл мекунад. \ip Тахмин аст, ки ин Хушхабар дар байни солҳои 70–80 мелодӣ навишта шудааст ва маълумоти бештари он аз Хушхабар аз Марқӯс, ки пештар навишта шуда буд, гирифта шудааст. \ip Мақсади асосии Матто аз навиштани ин китоб исбот кардан аст, ки Исо ҳақиқатан ҳамон Шоҳ ва Наҷотдиҳандаест, ки Худо омаданашро ба воситаи пайғамбарони худ сад солҳо пештар ваъда карда буд. Вай нақли худро аз номбар кардани авлоду аҷдодони Исо сар мекунад. Муаллиф нишон медиҳад, ки таваллуди Исо ҳодисаи оддӣ набуда, балки иҷрошавии пешгӯйии пайғамбарон дар бораи таваллуди Наҷотдиҳанда аст. \ip Аз боби дуюм Исои ҳанӯз кӯдак Шоҳ номида мешавад, ки ҳатто ситорашиносон аз шарқи дур меоянд, то ба Ӯ саҷда кунанд. Лекин шоҳигарии Исо на ба ягон давлати заминӣ, балки ба Подшоҳии Худо тааллуқ дошт. \ip Аз сатрҳои аввалин то охирини китоб манзараҳои гуногун аз ҳаёти Исои Масеҳ нақш ёфтаанд, ки диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Муаллиф аз ҳодисаҳои айёми кӯдакии Исо сар карда то лаҳзаҳои охирини ҳаёти Ӯ дар рӯи замин нақл кардааст, ки чӣ тавр дар кӯдакиаш фариштаи Худованд Ӯро аз марг наҷот дод, чӣ тавр Ӯ ба эълон кардани Подшоҳии Худо шурӯъ намуд, чӣ тавр беморонро шифо медод, чӣ тавр бо чанд нону моҳӣ ҳазорҳо одамонро сер кунонд, чӣ тавр дар рӯи об роҳ рафта буд ва чӣ тавр бар зидди дурӯягии диндорон мубориза мебурд. Суханони пурҳикмату бобақои Исо, ба нақли муаллиф як обу ранги хосе мебахшанд. Таълимоти Исо дар бораи дӯст доштани одамони гирду атроф, қасос нагирифтан, некӣ кардан ва ғайра дар ин Хушхабар мавқеи махсусро ишғол мекунад, ки дар ҳеҷ давру замон, дар ҳеҷ миллату давлат аҳамияти худро гум намекунад. \ip Инчунин бобҳои охирини ин китоб нақл мекунанд, ки чӣ тавр Исо ба мақсади худ мерасад: яъне Вай дар салиб ҷон дода, нархи гуноҳи тамоми банӣ-башарро месупорад ва рӯзи сеюм аз байни мурдагон зинда шуда, барои ҳамаи одамон роҳ ба Подшоҳии худ мекушояд. Дар охири Хушхабари Матто суханони Исо омадаанд, ки ба шогирдонаш муроҷиат карда гуфтааст: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст. Пас, равед ва ҳамаи халқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро аз номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охири замон бо шумо мемонам» (Матто 28:18–20). \c 1 \s1 Авлоду аҷдодони Исои Масеҳ \p \v 1 Аҷдодони Исои Масеҳ, ки аз насли шоҳ Довуд ва аз насли Иброҳим мебошад, инҳоянд: \p \v 2-5 \vp 2–6а\vp* Аз замони Иброҳим то шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Ёқуб, писарони Ёқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Форасу Зораҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрӯн, писари Ҳесрӯн Ром\f + \fr 1:2-5 \ft Ром — бо забони юнонӣ \fq Арам \ft талаффуз мешавад.\f*, писари Ром Аминодоб, писари Аминодоб Наҳшӯн, писари Наҳшӯн Салмӯн, писари Салмӯн Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Йисой ва писари Йисой шоҳ Довуд. \p \v 6-11 \vp 6б–11\vp* Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештара зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо\f + \fr 1:6-11 \ft Осо — бо забони юнонӣ \fq Асаф талаффуз мешавад.\f*, писари Осо Еҳӯшофот, писари Еҳӯшофот Еҳӯром, писари Еҳӯром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омӯн\f + \fr 1:6-11 \ft Омӯн — тарзи дигари талаффузи ин ном Омӯс аст.\f*, писари Омӯн Юшиё ва писарони Юшиё Еконеву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиён асир гашта ба шаҳри Бобил бурда шуданд. \p \v 12-16 \vp 12–16\vp* Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд. \p \v 17 Инак, аз Иброҳим сар карда то Довуд ҳамагӣ чордаҳ насл ва аз Довуд то замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён чордаҳ насл ва аз замони асирӣ то таваллуди Масеҳ чордаҳ насл гузаштааст. \s1 Таваллуди Исои Масеҳ \p \v 18 Таваллуди Исои Масеҳ ин тавр рӯй додааст: Марям, модари Исо, номзади Юсуф буд, аммо пеш аз он ки онҳо зану шавҳар шаванд, дар шиками ӯ бо қудрати Рӯҳи Муқаддас кӯдак пайдо шуд. \v 19 Азбаски Юсуф одами нек буд, нахост, ки Марямро дар пеши мардум ошкор сохта шарманда кунад. Барои ҳамин ӯ ният кард, ки пинҳонӣ аз вай ҷудо шавад. \v 20 Ҳангоме ки ӯ чунин фикр дошт, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуфи насли Довуд! Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ин кӯдак дар шиками вай бо қудрати Рӯҳи Муқаддас пайдо шудааст. \v 21 Ӯ Писаре таваллуд хоҳад кард ва ту ба Ӯ бояд Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи худро аз дасти гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод»\f + \fr 1:21 \ft 1:21 Маънои Исо аз забони ибронӣ «Наҷот» мебошад.\f*. \p \v 22 Ҳамаи ин воқеа барои ба амал омадани гуфтаҳои Худо, ки аллакай ба воситаи пайғамбар пешгӯӣ шуда буданд, рӯй дод: \q1 \v 23 «Духтаре ҳомиладор мешавад \q1 ва Писаре таваллуд мекунад, \q1 ки ба Ӯ Имонуил (Маънои ин ном „Худо бо мо“ аст) ном медиҳанд». \p \v 24 Вақте Юсуф аз хоб бедор шуд, фармони фариштаи Худовандро иҷро кард, яъне Марямро ба занӣ гирифт. \v 25 Аммо то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамхоб нашуд. Ҳангоме ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид. \c 2 \s1 Аз сарзамини Шарқ омадани ситорашиносон \p \v 1 Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашиносон аз сарзамини Шарқ ба шаҳри Ерусалим омада, \v 2 пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён мешавад? Мо дидем, чӣ хел ситораи Ӯ аз тарафи шарқ баромад ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем». \p \v 3 Ҳангоме ки подшоҳ Ҳиродус ин суханонро шунид, безобита шуд ва баробари ӯ тамоми сокинони Ерусалим ҳам ошуфта гаштанд. \v 4 Он гоҳ Ҳиродус ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва шариатдононро наздаш хонда, аз онҳо пурсид: «Таъиншудаи Худо дар куҷо бояд таваллуд ёбад?» \v 5 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст: \q1 \v 6 „Эй Байт-Лаҳм, ки дар вилояти Яҳудия ҳастӣ, \q1 ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудия ҳеҷ камӣ надорӣ, \q1 зеро аз байни зодаҳои ту сарваре мебарояд, \q1 ки барои халқи Исроили Ман монанди чӯпон мешавад“». \p \v 7 Сипас, Ҳиродус ситорашиносонро даъват намуда, бо онҳо танҳо ба танҳо сӯҳбат кард. Ҳангоми сӯҳбат аз онҳо вақти аниқи пайдошавии он ситораро фаҳмида гирифт. \v 8 Баъд онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда гуфт: «Биравед ва дар бораи он кӯдак бодиққат пурсуҷӯ кунед. Ҳамин ки Ӯро ёфтед, маро низ огоҳ созед, то ки ман ҳам рафта ба Ӯ саҷда кунам». \p \v 9 Баъд аз сӯҳбат бо шоҳ ситорашиносон аз он ҷо ба сафар баромаданд. Дар аснои роҳ онҳо боз ҳамон ситораро диданд, ки аз тарафи шарқ баромада буд. Ситора пешопеши онҳо мерафт ва оқибат дар болои он ҷое, ки кӯдак буд, бозистод. \v 10 Аз барои ин ситора шодии онҳо ҳадду каноре надошт. \p \v 11 Ситорашиносон ба хона даромаданд ва кӯдакро ҳамроҳи модараш Марям дидан замон таъзим намуда, ба кӯдак саҷда карданд. Онҳо тӯҳфаҳои арзандаро, ки аз тилло, атри қиматбаҳо ва ширеши хушбӯй барои дудкарданӣ иборат буданд, аз сандуқҳояшон гирифта ба Ӯ ҳадя намуданд. \p \v 12 Дар хобашон бошад, Худо огоҳ кард, ки назди Ҳиродус барнагарданд, аз ин рӯ онҳо бо дигар роҳ ба ватанашон баргаштанд. \s1 Фирор ба Миср \p \v 13 Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф зоҳир шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф! Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср бигурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар ҳамон ҷо бимон. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро кофтуков мекунад». \p \v 14 Юсуф аз хоб бедор шуда, кӯдак ва занашро гирифта, дар бевақтии шаб ба Миср раҳсипор мешавад. \v 15 Дар он ҷо онҳо то вафоти Ҳиродус мемонанд. Худованд пештар ба забони пайғамбар гуфта буд, ки «Ман аз Миср Писарамро ҷеғ задам». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо ҳамаи ин ҳодиса рӯй дод. \s1 Куштори кӯдакон \p \v 16 Вақте Ҳиродус фаҳмид, ки ситорашиносон ӯро фиреб доданд, сахт хашмгин шуд ва фармон дод, ки дар Байт-Лаҳм ва атрофи он ҳамаи писарбачаҳои синни дусола ва аз дусола поёнро кушанд. Чунки аз ситорашиносон вақти пайдошавии ситораро дониста буд. \p \v 17 Ҳамин тавр он чи Ирмиё пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ба амал омад: \q1 \v 18 «Садое дар шаҳри Ромо ба гӯш мерасад, \q1 Ки садои гиряву фиғон аст. \q1 Роҳел барои фарзандонаш мегиряд \q1 ва тасаллӣ ёфта наметавонад, \q1 азбаски онҳо мурдаанд\f + \fr 2:18 \ft 2:18 Роҳел модари халқи Исроил ҳисоб мешавад. Баъд аз вафоташ ӯро дар шаҳри Ромо, назди деҳаи Байт-Лаҳм гӯронида буданд.\f*». \s1 Бозгашт аз Миср \p \v 19 Вақте ки Ҳиродус аз олам чашм пӯшид, фариштаи Худованд дар Миср ба хоби Юсуф даромад \v 20 ва гуфт: «Эй Юсуф! Бархез, кӯдак ва модари Вайро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд». \p \v 21 Инак, Юсуф бархеста, кӯдак ва модари Вайро гирифт ва ба Исроил баргашт. \v 22 Лекин ӯ шунид, ки дар Яҳудия ба ҷои Ҳиродус писараш Аркилоус подшоҳӣ мекунад ва тарсид, ки ба он ҷо биравад. Баъд дар хобаш аён шуд, ки он ҷо наравад, бинобар ин онҳо роҳи вилояти Ҷалилро пеш гирифтанд. \v 23 Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд. \c 3 \s1 Насиҳати Яҳёи Таъмиддиҳанда \p \v 1 Вақте расид, ки марде бо номи Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбони Яҳудия рафта, мардумро насиҳат карда мегуфт: \v 2 «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст». \p \v 3 Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: \q1 «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: \q1 Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!» \p \v 4 Яҳё дар тан либоси аз пашми шутур ва камарбанди чармӣ дошт, хӯрокаш бошад, малаху асали саҳроӣ буд. \p \v 5 Мардум аз шаҳри Ерусалиму аз саросари Яҳудия ва аз тамоми гирду атрофи дарёи Урдун ба назди Яҳё меомаданд. \v 6 Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. \p \v 7 Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? \v 8-9 \vp 8–9\vp* Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон, ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед. \v 10 Теша аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки меваи хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад. \v 11 Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, ҳамчун шаҳодати он ки шумо тавба кардаед, аммо касе, ки баъд аз ман меояд, шуморо бо Рӯҳи Муқаддас ва бо оташ таъмид хоҳад дод. Ӯ аз ман басо тавонотар аст. Ман ҳатто лоиқи он нестам, ки ба кафши Вай патак шавам. \v 12 Дар дасти Ӯ бел барои бод кардани гандум тайёр аст. Ӯ хирманашро тоза карда, гандуми худро ба анбор ҷамъ хоҳад кард, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад». \s1 Таъмид ёфтани Исо \p \v 13 Дар ин вақт Исо аз вилояти Ҷалил назди дарёи Урдун омад, то ки аз Яҳё таъмид бигирад. \v 14 Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда гуфт: «Исо, ин ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!» \v 15 Исо ба вай ҷавоб дод: «Бигузор ҳоло ин корро кунем, чунки аз рӯи хости Худо ин кори дуруст аст». Он гоҳ Яҳё розӣ шуд. \p \v 16 Ҳамин ки Исо таъмид ёфта, аз об баромад, дарҳол осмон кушода шуд ва Ӯ Рӯҳи Худоро дид, ки мисли кабӯтар ба поён фаромада дар болои Ӯ қарор гирифт. \v 17 Сипас аз осмон нидое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам». \c 4 \s1 Аз озмоиш гузаштани Исо \p \v 1 Баъд аз ин воқеа Рӯҳи Муқаддас Исоро ба биёбон бурд, то ки иблис Ӯро биозмояд. \p \v 2 Давоми чил шабу чил рӯз Исо рӯза дошт ва гурусна монд. \v 3 Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд». \v 4 Лекин Исо ҷавоб гардонда гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд». \p \v 5 Сипас, иблис Исоро ба шаҳри муқаддас Ерусалим бурда, ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошт \v 6 ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки \q1 „Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод \q1 ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт, \q1 то ки поят ба санге назанад“». \p \v 7 «Не! — ҷавоб дод Исо, — чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки мо набояд Худованд Худои худро бисанҷем». \p \v 8 Баъд аз ин иблис Исоро ба болои кӯҳи хеле баланд бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро бо тамоми шукӯҳашон ба Ӯ нишон дода \v 9 гуфт: «Агар ба ман саҷда карда, маро парастиш намоӣ, ҳамаи инро ба Ту медиҳам». \p \v 10 Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки мо бояд Худованд Худои худро бипарастем ва фақат ба Ӯ хизмат кунем». \p \v 11 Он гоҳ иблис Исоро монда рафту фариштагон омада, ба Исо хизмат карданд. \s1 Оғоз ёфтани хизмати Исо дар Ҷалил \p \v 12 Дертар Яҳёро дастгир мекунанду ин хабар ба гӯши Исо мерасад ва Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил меравад. \v 13 Баъд барои истиқомат кардан, Исо аз Носира ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар назди кӯли Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст, меравад. \v 14 Ҳамин тавр суханони Ишаъё пайғамбар ба амал омаданд, ки гуфта буд: \q1 \v 15 «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолии \q2 дар сӯи кӯл, дар тарафи дигари дарёи Урдун ҷойгирбуда, \q2 вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастӣ! \q1 \v 16 Мардуме, ки дар торикии гуноҳ зиндагӣ мекарданд, \q2 равшании дурахшонро диданд \q1 ва бар онҳое, ки дар ин ноҳия таҳти сояи марг мезистанд, \q2 равшанӣ дурахшид». \p \v 17 Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани чунин пайғоми худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст!» \s1 Ба худ шогирд даъват кардани Исо \p \v 18 Ҳангоме ки Исо дар соҳили кӯли Ҷалил роҳ мерафт, ба кӯл тӯр андохта истодани ду бародар: Шимъӯн, ки ӯро боз Петрус меномиданд ва бародараш Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. \v 19 Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». \v 20 Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣ карданд. \p \v 21 Исо роҳи худро давом медод, ки ду бародари дигар, Ёқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ буданд ва тӯрҳои худро таъмир мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард \v 22 ва дарҳол онҳо қаиқ ва падарашонро монда, Ӯро пайравӣ карданд. \s1 Халқро таълим додану шифо бахшидани Исо \p \v 23 Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид. \v 24 Аз ин сабаб овозаи Ӯ дар тамоми сарзамини Сурия низ паҳн мешуд ва мардум ба наздаш ҳамаи дардмандонро, ки ҳар гуна беморӣ доштанд, меоварданд. Дар байни онҳо девонагон, беморони эпилепсия ва шалҳо низ буданд ва Исо онҳоро шифо бахшид. \v 25 Бинобар ин мардуми бениҳоят бисёре аз Ҷалилу Даҳ Шаҳр, аз Ерусалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз пайи Исо мерафтанд. \c 5 \s1 Баракат ёфтани пайравони Исо \p \v 1 Исо ин тӯдаи одамонро дида, ба болои теппае баромад ва дар ҳамон ҷо нишаст. Ҳангоме ки шогирдонаш дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд, \v 2 Ӯ ба таълим додан оғоз кард: \p \v 3 «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад! \p \v 4 Хушбахтанд касоне, ки ғаму андӯҳ доранд, зеро Худо онҳоро тасаллӣ медиҳад! \p \v 5 Хушбахтанд касоне, ки хоксору дастнигари Худо ҳастанд, зеро онҳо ба рӯи замин ҳукмрон мешаванд! \p \v 6 Хушбахтанд касоне, ки аз таҳти дил иҷро шудани хости Худоро мехоҳанд, зеро Худо хости онҳоро пурра иҷро мекунад! \p \v 7 Хушбахтанд касоне, ки нисбати дигарон раҳму шафқат доранд, зеро Худо ба онҳо низ раҳму шафқат хоҳад кард! \p \v 8 Хушбахтанд касоне, ки дилашон пурра ба Худо дода шудааст, зеро онҳо дар ҳузури Худо хоҳанд шуд! \p \v 9 Хушбахтанд касоне, ки одамонро оштӣ мекунонанд, зеро Худо онҳоро фарзандони худ хоҳад хонд! \p \v 10 Хушбахтанд касоне, ки ҳангоми иҷро кардани хости Худо азоб дода мешаванд, зеро Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад! \p \v 11 Хушбахтед шумо, вақте ки мардум аз барои Ман шуморо дашном ва азоб медиҳанд ва дар ҳаққатон бо тӯҳмат ҳар гуна сухани бад мегӯянд. \v 12 Он гоҳ шоду хуррам бошед, зеро Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Одамон пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр азоб медоданд. \s1 Намак ва нур \p \v 13 Шумо ҳамчун намак барои одамони ҷаҳон ҳастед. Вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Не, аз вай дигар фоидае нест. Онро фақат мепартоянд ва он зери по мешавад. \p \v 14 Шумо ҳамчун нур барои одамони ҷаҳон намоён ҳастед. Шаҳре, ки дар болои кӯҳ бино шудааст, нонамоён буда наметавонад. \v 15 Инчунин ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба таги тағора намегузорад, баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ба ҳар касе, ки дар хона аст, равшанӣ диҳад. \v 16 Пас, бигзор нури шумо ҳам ба одамон равшанӣ диҳад, то ки онҳо корҳои неки шуморо дида, ба Падаратон, ки дар осмон аст, раҳмат гӯянд. \s1 Таълимот дар бораи аҳамияти шариати Мӯсо \p \v 17 Фикр накунед, ки Ман барои вайрон кардани шариати Мӯсо ва таълимоти пайғамбарон омадаам. Ман на барои вайрон кардан, балки барои ба амал овардани онҳо омадаам. \v 18 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз ки замину осмон ҳаст, то мақсади ин шариат пурра амалӣ нагардад, ягон рах ё нуқтае аз ҳарфи он нест намешавад. \p \v 19 Инак, ҳар касе, ки хурдтарин фармоиши Худоро вайрон кунаду ба дигарон низ ҳаминро таълим диҳад, дар подшоҳии Худо хурдтарин шумурда хоҳад шуд. Ва баръакс, ҳар касе, ки ин фармоишро иҷро кунад ва ба дигарон айнан ҳамин чизро ёд диҳад, дар подшоҳии Худо бузург шумурда хоҳад шуд. \v 20 Зеро ба шумо мегӯям, ки агар ҳатто аз шариатдонону фарисиён дида хости Худоро пурратар иҷро накунед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил намешавед. \s1 Таълимот дар бораи фикрҳои бад \p \v 21 Шумо шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки одамкуш нашаванд, инчунин „ҳар касе, ки одам мекушад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад“. \v 22 Аммо Ман ҳоло мегӯям, ки агар касе ба бародаре қаҳру ғазаб кунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва агар ба бародаре „бефаҳм“ гӯяд, дар назди суди болотар ҷавоб медиҳад ва агар „аҳмақ“ гӯяд, сазовори оташи дӯзах мегардад. \p \v 23 Пас вақте ки шумо дар назди қурбонгоҳ ба Худо ҳадя оварданӣ мешаведу ба хотир меоред, ки бародаратон аз шумо норозигӣ дорад, бояд \v 24 ҳадяатонро дар як тарафи қурбонгоҳ гузошта, дарҳол назди ҳамон бародаратон равед ва бо ӯ оштӣ шавед. Баъд аз ин омада ҳадяатонро тақдим намоед. \p \v 25 Агар касе даъво карда, шуморо ба суд кашад, пеш аз суд зуд бо вай масъалаатонро ҳал намоед. Вагарна кор ба судшавӣ рафта расад, даъвогаратон метавонад шуморо ба дасти қозӣ супорад, қозӣ бошад ба дасти сарбоз ва шумо ҳабс шуданатон мумкин. \v 26 Ба ростӣ мегӯям, то охирин тангаи майдатаринро надиҳед, ҳаргиз аз ҳабс намебароед. \p \v 27 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед „Бо ҳеҷ кас алоқаи беникоҳ накун“. \v 28 Аммо Ман ҳоло мегӯям, ҳар кас ки ба зан нигоҳ карда, дар хаёлаш бо ӯ ҳамбистар шудан хоҳад, аллакай дар дили худ чунин гуноҳро мекунад. \v 29 Пас, агар чашми ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад. \v 30 Инчунин агар дасти ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви баданатон маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах биафтад. \s1 Таълимот дар бораи талоқ \p \v 31 Боз чунин гуфтаҳоро шунидаед, ки „Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо мешавад, бояд ба ӯ талоқнома навишта диҳад“. \v 32 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, агар мард аз зани худ бо ягон сабаб, ба ғайр аз хиёнати вай, ҷудо шаваду занаш ба дигар кас ба шавҳар барояд, ин мард дар алоқаи беникоҳи занаш айбдор мешавад. Инчунин марде, ки бо зани ҷудошуда хонадор мешавад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад. \s1 Таълимот дар бораи қавлу қасам \p \v 33 Шумо боз шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қасами бардурӯғ нахӯранд, аммо ҳар қавлро, ки ба Худованд додаанд, иҷро намоянд“. \v 34 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки тамоман қасам нахӯред, на бо осмон, чунки тахти Худо дар он ҷост, \v 35 на бо замин, чунки пойҳои Ӯ дар он ҷо қарор доранд, на бо шаҳри Ерусалим, чунки ин шаҳри Худо-Шоҳи бузург аст. \v 36 Бо сари худ ҳам қасам нахӯред, чунки як тори мӯятонро сафед ё сиёҳ ҳам карда наметавонед. \v 37 Бигзор „бале“ гуфтани шумо дар ҳақиқат „бале“ бошад ва „не“ гуфтани шумо „не“ бошад, вале он чи зиёдатӣ мегӯед аз Шахси Бад бармеояд. \s1 Таълимот дар бораи қасос \p \v 38 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Чашм бар ивази чашм медиҳеду дандон бар ивази дандон“. \v 39 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки ба каси бад муқобилат накунед. Баръакс, агар касе ба тарафи рости рӯятон занад, тарафи чапи рӯятонро ҳам ба ӯ гардонед. \v 40 Агар касе ба шумо даъво карда, куртаатонро гирифтанӣ бошад, ҷомаатонро ҳам ба ӯ бидиҳед. \v 41 Агар касе шуморо маҷбур кунад, ки як километр роҳ равед, ду километр бо ӯ роҳ равед. \v 42 Вақте ки касе аз шумо чизе талаб мекунад, онро ба ӯ бидиҳед ва аз шумо қарз гирифтанӣ шаванд, не нагӯед. \s1 Таълимот дар бораи дӯст доштани душманон \p \v 43 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Ҳар шахсеро, ки наздики шумо аст, дӯст бидореду душманатонро бад бинед“. \v 44 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки душманонатонро дӯст бидоред, лаънаткунандагони худро баракат диҳед, ба касоне, ки шуморо бад мебинанд, некӣ кунед ва барои онҳое, ки шуморо азоб медиҳанд, дуо хонед, \v 45 то нишон диҳед, ки фарзандони Падари осмониатон ҳастед. Чунки Ӯ ба офтоб амр медиҳад, ки ҳам ба бадкорон ва ҳам ба накӯкорон равшанӣ кунад, инчунин боронро ҳам ба бадкорон ва ҳам ба накӯкорон мефиристад. \v 46 Пас, агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чаро мукофот мегирифтаед? Магар андозгирони беинсоф низ ҳамин тавр рафтор намекунанд? \v 47 Ва агар фақат ба бародарони худ салом диҳед, аз дигарон дида чӣ кори бузургтаре мекунед? Беимонон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд. \v 48 Бинобар ин шумо беайбу нуқсон бошед монанди Падари осмонии худ, ки беайбу нуқсон аст». \c 6 \s1 Таълимот дар бораи садақадиҳӣ \p \v 1 Исо суханонашро давом дода гуфт: «Зинҳор корҳои худофармударо намоишкорона дар пеши назари халқ накунед. Вагарна аз Падари осмониатон мукофот намегиред. \v 2 Яъне, вақте ки садақа медиҳед, ба монанди одамони дурӯя ба ҳама овоза накунед. Онҳо дар ибодатхонаҳо ва дар сари кӯчаҳо садақа доданашонро эълон менамоянд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. \v 3 Аммо, ҳангоме ки шумо садақа медиҳед, бигзор дасти ростатон аз кори дасти чапатон огоҳ нашавад, \v 4 то ки садақаи шумо пинҳон монад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад. \s1 Таълимот дар бораи дуохонӣ \p \v 5 Вақте ки дуо мекунед ба одамони дурӯя монанд нашавед! Онҳо дар ибодатхонаю чорраҳаҳо истода дуо хонданро дӯст медоранд, то ки ҳама онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. \v 6 Аммо, ҳангоме ки шумо дуо мехонед, ба хонаатон даромада, дарро пӯшед ва ба Падаратон, ки нонамоён аст, дуо кунед. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад. \p \v 7 Дар вақти дуохонӣ низ мисли ғайрияҳудиён рафтор накунед. Онҳо дар дуо бисёр гапҳои беҳуда мегӯянд, чун фикр мекунанд, ки агар дуру дароз гап зананд, дуояшон шунида мешавад. \v 8 Ба монанди онҳо дуо накунед, зеро Падаратон ҳанӯз пеш аз пурсиданатон медонад, ки ба шумо чӣ лозим аст. \v 9 Пас шумо ин тавр бояд дуо кунед: \q1 Эй Падари мо, ки дар осмон ҳастӣ, \q1 Шаъну шараф бод ба номи муқаддаси Ту. \q1 \v 10 Бигзор подшоҳии Ту барқарор гардад \q2 ва хости Ту, ки дар осмон иҷро мешавад, дар замин низ иҷро шавад. \q1 \v 11 Ба мо ризқу рӯзии имрӯзаамонро деҳ \q1 \v 12 ва корҳои нодурусти моро бубахш, \q2 чи тавре ки мо низ онҳоеро мебахшем, ки бо мо нодуруст рафтор мекунанд. \q1 \v 13 Моро ба озмоиш дучор накун, \q2 балки аз дасти Шахси Бад халос намо.\f + \fr 6:13 \ft 6:13 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст «Зеро подшоҳӣ, қудрат ва шӯҳрат то абад аз они Туст. Омин.»\f* \p \v 14 Инак, агар шумо одамонеро, ки дар ҳаққи шумо рафтори нодуруст мекунанд, бубахшед, Падари осмониатон ҳам корҳои нодурусти шуморо хоҳад бахшид. \v 15 Вале агар шумо дигаронро набахшед, Падари шумо ҳам корҳои нодурустатонро нахоҳад бахшид. \s1 Таълимот дар бораи рӯзадорӣ \p \v 16 Боз вақте ки рӯза мегиред, ба одамони дурӯя монанд шуда, чеҳраи рӯятонро ғамзада вонамуд накунед, чунки дурӯяҳо намуди зоҳириашонро беэътибор мемонанд, то дигарон бинанд, ки онҳо рӯза гирифтаанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. \v 17 Лекин, вақте ки шумо рӯза мегиред, дасту рӯятонро шуста, мӯйҳоятонро шона кунед, \v 18 то ба ғайр аз Падаратон, ки нонамоён аст, дигар ҳеҷ кас рӯза гирифтани шуморо нафаҳмад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот хоҳад дод. \s1 Дар осмон ҷамъ кардани бойигарӣ \p \v 19 Дар замин барои худ бойигарӣ ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо куяву занг мезанад ва ғоратгарон зада даромада, онро медузданд. \v 20 Баръакс, мукофоти Худоро ба даст оред, ки бароятон дар осмон нигоҳ дошта мешавад. Ана чунин бойигариро на куяву занг мезанаду на ғоратгарон зада даромада, медузданд. \v 21 Зеро ба он ҷое, ки бойигарӣ доред, дилатон кашол аст. \s1 Чароғи бадан \p \v 22 Чашм барои бадан ҳамчун чароғ аст. Пас агар чашматон солим бошад, тамоми баданатонро равшанӣ пур мекунад, \v 23 аммо агар чашматон солим набошад, тамоми баданатонро торикӣ пур мекунад. Дар ин сурат, агар равшанӣ дар даруни шумо дар асл торикӣ бошад, эҳ, пас он чи хел торикии зулмот аст! \s1 Худо ва пул \p \v 24 Ҳеҷ кас якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул. \p \v 25 Бинобар ин ба шумо мегӯям, на ташвиши зиндагиатонро кунед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед ва на ғами баданро хӯред, ки чӣ мепӯшед. Магар зиндагӣ фақат аз хӯроку бадан аз пӯшок иборат аст? \v 26 Ба паррандаҳо нигоҳ кунед: онҳо на кишту кор мекунанду на ҳосил ҷамъ мекунанд ва на ба анборҳо ҳосилро захира мекунанд, ҳол он ки Падари осмониатон онҳоро мехӯронад. Магар шумо аз паррандаҳо арзиши баландтар надоред? \v 27 Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан як лаҳзаи умратонро дарозтар карда метавонед? \v 28 Барои сарулибос ҳам чӣ ғам мехӯред? Ба нашъунамои савсанҳои саҳро нигоҳ кунед: онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд, \v 29 лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату бойигариаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. \v 30 Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, ҳамин тавр пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо, аз онҳо чанд маротиба зиёдтар напӯшонад? \p \v 31 Барои ҳамин ғам хӯрдану ташвиш кашиданро бас кунед ва нагӯед, ки „Мо чӣ мехӯрда бошем?“ ё „чӣ менӯшида бошем?“ ё „чӣ мепӯшида бошем?“ \v 32 Чунки халқҳои дигар аз пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд. Падари осмониатон бошад, медонад, ки шумо ба ҳамаи он эҳтиёҷ доред. \v 33 Шумо дар навбати аввал ҷӯяндаи подшоҳии Худо ва иҷрошавии хости Ӯ бошед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад. \v 34 Аз ин рӯ, ғами рӯзи ояндаро нахӯред, фардо ташвишҳои худро дорад. Ба ҳар рӯз ташвиши худи ҳамон рӯз басанда аст». \c 7 \s1 Айбдор кардани дигарон \p \v 1 Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор ҳисоб накунед, то ки шумо айбдор ҳисоб нашавед. \v 2 Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор ҳисоб кунед, ҳамон тавр шумо айбдор ҳисоб карда мешавед ва бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад. \v 3 Чаро шумо хасро дар чашми бародаратон мебинеду чӯберо, ки дар чашми худатон ҳаст, ҳис намекунед? \v 4 Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон гуфта метавонед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат берун кунам“, ҳол он ки дар чашми худатон чӯб доред? \v 5 Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред. \p \v 6 Чизеро ки муқаддас аст ба сагон надиҳед, вагарна онҳо рӯ гардонда ба шумо ҳамла меоваранд. Ва гавҳари худро пеши пойҳои хукон напартоед, вагарна онро поймол мекунанд. \s1 Натиҷаи талаб кардан, ҷустан ва кӯфтан \p \v 7 Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. \v 8 Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. \v 9 Ана, аз байни шумо кадом падар агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг медиҳад? \v 10 Ё агар моҳӣ талаб кунад, ба вай мори заҳрдор медиҳад? \v 11 Пас, агар шумо бо тамоми дилсиёҳиатон ба фарзандони худ чӣ тавр чизҳои хуб доданро медониста бошед, наход Падари шумо, ки дар осмон аст, ба каси талабкарда чанд маротиба зиёдтар чизҳои хуб надиҳад?! \p \v 12 Чӣ гуна рафторро аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати онҳо рафтор кунед. Зеро мағзи шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон дар ҳамин аст. \s1 Дарвозаи танг \p \v 13 Аз дарвозаи танг гузаред, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва бисёр касон аз он мегузаранд. \v 14 Лекин ба ҳаёти абадӣ шуморо дарвозаи басо тангу роҳи мушкилгузар меоварад ва кам касон онро меёбанд. \s1 Фарқ кардани пайғамбарони бардурӯғ \p \v 15 Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, онҳо ба назди шумо бо намуди гӯсфандони беозор меоянд, аммо дар ботин онҳо гургони дарранда ҳастанд. \v 16 Шумо онҳоро аз амалиёташон мешиносед. Охир аз буттаи хор ангур ё анҷир намечинанд-ку. \v 17-18 \vp 17–18\vp* Ҳар дарахти солим меваи хуб медиҳад ва меваи бад дода наметавонад, вале дарахти касал меваи бад медиҳад ва меваи хуб дода наметавонад. \v 19 Ҳамаи дарахтоне, ки меваи хуб намеоваранд, бурида ба оташ партофта мешаванд. \p \v 20 Хуллас, пайғамбарони бардурӯғро низ шумо аз маҳсули амалашон мешиносед. \s1 Киро Исо „намешиносам“ мегӯяд \p \v 21 На ҳама касоне, ки Маро доимо Худованди худ меноманд, ба подшоҳии Худо дохил мешаванд, балки фақат онҳое, ки хости Падари дар осмон будаамро иҷро мекунанд. \v 22 Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?“ \v 23 Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам“. \s1 Бинокори дурандешу бинокори беақл \p \v 24 Инак, ҳар касе, ки ҳамаи ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад, монанди бинокори дурандешест, ки хонаашро дар болои санг сохта буд. \v 25 Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бо шиддат бар он хона вазид, лекин хона фурӯ нарафт, чунки дар болои санг сохта шуда буд. \v 26 Вале ҳар касе, ки ҳамаи гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро намекунад, монанди бинокори беақлест, ки хонаашро дар болои хок сохта буд. \v 27 Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бо шиддат бар он хона вазид ва хона фурӯ рафта, ба замин яксон шуд». \p \v 28 Исо суханони худро ба охир расонда буд, ки тамоми халқ қоил монданд, \v 29 зеро Ӯ на ба монанди шариатдонон, балки чун шахси боқудрат онҳоро таълим медод. \c 8 \s1 Шифо ёфтани марди махав \p \v 1 Вақте ки Исо аз болои теппа поён фаромад, одамон тӯда-тӯда ҳамроҳи Ӯ рафтанд. \v 2 Дар ин мобайн як марди махаве назди Исо омаду ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». \v 3 Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. \v 4 Исо ба ӯ боз гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ. Баъд, чӣ тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». \s1 Шифо ёфтани хизматгори сардори лашкар \p \v 5 Сипас Исо ба деҳаи Кафарнаҳум ворид шуд, ки ба наздаш як сардори лашкаре омад ва ба зорию илтиҷо даромада \v 6 гуфт: «Хоҷаам, хизматгорам аз ҳаракат монда, дар хона рӯи ҷойгаҳ хобидааст. Ӯ дар оташи дард сӯхта истодааст». \v 7 «Ман рафта ӯро сиҳат мекунам», — гуфт Исо. \v 8 Аммо сардори лашкар ҷавоб дод: «Хоҷа! Ман лоиқи он нестам, ки аз остонаи дарам гузаред. Шумо фақат як амр диҳед ва хизматгорам шифо хоҳад ёфт. \v 9 Охир ман як фармонбардор ҳастам ва зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба ғуломам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад». \p \v 10 Аз шунидани ин суханон Исо ҳайрон шуд ва ба мардуми аз пасаш омадаистода гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад. \v 11 Ба шумо мегӯям, бисёр касон аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар подшоҳии Худо бо Иброҳиму Исҳоқу Ёқуб дар сари як дастархон хоҳанд нишаст. \v 12 Аммо онҳое, ки бояд дар подшоҳии Худо мешуданд, ба торикии берун партофта мешаванд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд». \p \v 13 Баъд ба сардори лашкар гуфт: «Бирав! Чи тавре ки имон доштӣ, ҳамон тавр мешавад». Ҳамон замон хизматгор шифо ёфт. \s1 Шифо ёфтани бисёр одамон \p \v 14 Вақте ки Исо ба хонаи Петрус даромад, хушдомани Петрусро бо таби баланд, рӯи ҷойгаҳ хобида дид. \v 15 Исо ба дасти вай даст расонд, ки табаш паст шуд ва зан аз ҷояш хеста, бо меҳмондорӣ кардани Ӯ машғул шуд. \p \v 16 Он бегоҳ одамон бисёр девонагонро назди Исо оварданд ва Исо амр дода, рӯҳҳои нопокро аз онҳо берун ронд ва ҳамаи беморонро низ шифо бахшид. \v 17 Ишаъё пайғамбар пештар гуфта буд: «Ӯ ҳамаи касалиҳоямонро аз мо гирифт ва ҳамаи бемориҳоямонро ба дӯши худ бардошт». Барои ба амал омадани ин суханон ҳамаи ин ҳодисаҳо рӯй доданд. \s1 Шарту шароити пайрави Исо шудан \p \v 18 Боре Исо дар гирдаш ҷамъ шудани одамони зиёдро дида, ба шогирдонаш гуфт, ки ба дигар тарафи кӯл мераванд. \v 19 Дар ҳамин вақт як шариатдон наздаш омада гуфт: «Устод, ман дар ҳама ҷо Шуморо пайравӣ мекунам». \v 20 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва мурғони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Фарзанди Инсон ҷое надорам, ки сарамро монда дам гирам». \v 21 Дигаре аз ҷумлаи пайравон гуфт: «Хоҷаам! Иҷозат диҳед аввал рафта, мурдаи падарамро ба хок супорам». \v 22 Лекин Исо ба вай ҷавоб гардонда гуфт: «Аз паси Ман биё ва бимон, ки мурдагон мурдаҳои худро ба хок супоранд». \s1 Ором шудани тӯфон \p \v 23 Он гоҳ шогирдон Исоро пайравӣ карда, якҷоя бо Ӯ ба қаиқ савор шуданд. \v 24 Дар қаиқ Исо хоб мерафт, ки ногаҳон дар кӯл тӯфони сахте бархост ва аз шиддати мавҷҳо қаиқ қариб ғарқ мешуд. \v 25 Шогирдон омада, Исоро бедор карданд ва гуфтанд: «Хоҷа! Наҷот деҳ! Ҳалок мешавем!» \p \v 26 Исо ҷавоб дод: «Чӣ ин қадар метарсед? Ҳой, сустимонон!» Баъд бархеста шамолу мавҷҳоро таъна зад, дарҳол дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. \v 27 Онҳо бошанд, ҳайрон монда мегуфтанд: «Ин чӣ хел одам аст, ки ҳатто шамолу мавҷҳо ба Ӯ итоат мекунанд?» \s1 Шифо ёфтани ду девона \p \v 28 Ҳангоме ки Исо ба тарафи дигари кӯл, ба вилояти Ҷадариён расид, ду девонае аз қабристон берун баромада бо Исо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо чунон бадхашм буданд, ки касе ҷуръати аз он роҳ гузаштанро надошт. \v 29 Онҳо Исоро дида дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз мӯҳлат азоб диҳӣ?» \p \v 30 Дар масофае аз онҳо галаи калони хукон мечарид. \v 31 Пас девҳо Исоро тавалло карда гуфтанд: «Агар моро берун карданӣ бошӣ, ба даруни он галаи хукон бифирист». \v 32 Исо ба онҳо «Дароед» гуфт ва онҳо аз он одамон берун баромада, ба галаи хукон даромаданд. Фавран тамоми гала давон-давон худро аз ҷарии назди соҳил ба кӯл партофта, дар об ғарқ шуд. \p \v 33 Хукбонон бошанд, аз он ҷо ба деҳа гурехта, ин воқеаро, аз он ҷумла ҳодисаи бо ду девона рӯй додаро ба ҳама нақл карданд. \v 34 Инак, тамоми аҳли деҳа барои бо Исо вохӯрдан аз деҳа берун омаданд. Вақте Ӯро диданд, зориву тавалло карданд, ки аз сарзаминашон биравад. \c 9 \s1 Шифо ёфтани шал \p \v 1 Исо ба қаиқ савор шуд ва аз кӯл гузашта ба шаҳри худ баргашта буд, ки \v 2 чанд нафаре ба наздаш шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Исо то чӣ андоза эътиқод доштани онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шудаанд». \p \v 3 Дар айни ҳол якчанд шариатдон аз дил гузаронданд: «Ин одам суханони кофирона мегӯяд». \v 4 Исо фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дилҳои худ ба фикрҳои бад ҷой медиҳед? \v 5 Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард“? \v 6 Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад, — сипас ба шал нигариста гуфт, — Бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав!» \p \v 7 Он мард аз ҷояш хеста ба хонааш равона шуд. \v 8 Мардум аз дидани ин ҳодиса ба тарсу ваҳм афтода Худоро, ки ба инсон чунин қудрат додааст, ситоиш карданд. \s1 Даъват шудани Матто \p \v 9 Вақте ки Исо аз он ҷо ба роҳ даромад, мардеро бо номи Матто дид, ки дар корхонаи андозҷамъкунӣ менишаст. Исо ба вай гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». Матто бархесту аз паси Ӯ равона шуд. \p \v 10 Вақте ки Исо ва шогирдонаш ба сари дастархон нишастанд, бисёр андозгирон ва дигар одамоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ ба он хона даромада ба онҳо ҳамроҳ шуданд. \v 11 Баъзе аз фарисиён инро дида, ба шогирдони Исо гуфтанд: «Чаро устоди шумо бо андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон хӯрок мехӯрад?» \p \v 12 Исо ин суханонро шунида, ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. \v 13 Рафта фаҳмед, ки чунин гуфтаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо оваранд“. Хуллас, Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям». \s1 Савол дар бораи рӯза \p \v 14 Сипас, баъзе аз шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исо наздик шуда гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён одатан рӯза мегирему шогирдони Шумо не?» \v 15 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Албатта не. Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд. \v 16 Охир ҳеҷ кас ба либоси кӯҳна аз матои нав ямоқ намекунад, чунки ямоқ дарида, ҷои он боз ҳам аёнтар мешавад. \v 17 Инчунин шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезанд, чунки ҳангоми ба ҷӯш омадани шароб машк медараду шароб мерезад ва машк низ аз кор мебарояд. Баръакс, шароби навтайёршударо ба машки нав мерезанд, он гоҳ на шароб барбод мераваду на машк». \s1 Зинда шудани духтару шифо ёфтани зан \p \v 18 Ҳанӯз Исо суханонашро давом медод, ки марде аз ҷумлаи сардорон ба наздаш омад ва ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Ҳозиракак духтарам мурд, аммо агар биёеду ба вай даст гузоред, вай зинда мешавад». \v 19 Исо аз ҷояш хеста, бо шогирдонаш ҳамроҳи ӯ рафт. \p \v 20-21 \vp 20–21\vp* Як зане, ки дувоздаҳ сол боз касалии хунравӣ дошт, аз дилаш гузаронда буд, ки ақаллан ба ҷомаи Исо даст расонад, шифо меёбад. Бо ҳамин ният ӯ аз қафо ба Исои роҳ рафтаистода наздик шуду ба домани ҷомааш даст расонд. \v 22 Исо ба қафояш рӯй гардонду занро дида, гуфт: «Эй зан, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон замон зан шифо ёфт. \p \v 23 Баъд Исо ба хонаи он сардор даромада, найнавозони барои азо омада ва мардуми гирёнро дида, \v 24 гуфт: «Ҳамаатон аз ин ҷо равед! Духтар намурдааст, фақат хобидааст». Онҳо бошанд, Исоро масхара карданд. \v 25 Аммо баъд аз он ки мардум берун баромаданд, Исо ба хонае, ки духтарак он ҷо буд, даромада, дасти ӯро гирифт ва духтарак бархест. \v 26 Ин хабар дар тамоми он сарзамин паҳн гашт. \s1 Шифо ёфтани ду марди нобино \p \v 27 Исо он ҷойро монда, ба роҳ даромада буд, ки ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд мезаданд: «Эй Насли Довуд! Ба мо раҳм кунед!» \p \v 28 Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, Хоҷа!» — ҷавоб доданд онҳо. \p \v 29 Он гоҳ Исо ба чашмонашон даст расонда гуфт: «Аз рӯи имонатон ҳамин тавр шавад», \v 30 ва чашмони онҳо бино гаштанд. Исо онҳоро қатъӣ огоҳ кард, ки дар бораи ин ҳодиса зинҳор ба касе чизе нагӯянд. \v 31 Онҳо аз он ҷо баромада рафтанду, баръакс, дар тамоми он сарзамин дар бораи Ӯ овоза паҳн карданд. \s1 Шифо ёфтани марди гунг \p \v 32 Ҳанӯз он ду мард дур нарафта, якчанд кас ба пеши Исо мардеро оварданд, ки аз сабаби дев доштанаш, гунг буд. \v 33 Лекин, вақте ки Исо аз он мард девро берун кард, мард ба гап даромад ва мардум бо изҳори ҳайрат хитоб мекарданд: «Ҳаргиз чунин ҳодисаро дар Исроил надида будем!» \p \v 34 Аммо фарисиён мегуфтанд, ки Исо девҳоро бо қудрати худи сардори девҳо берун мекунад.\f + \fr 9:34 \ft 9:34 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 34 дохил нашудааст.\f* \s1 Ба мардум раҳм кардани Исо \p \v 35 Исо бошад, ба ҳамаи шаҳру деҳот рафта, дар ибодатхонаҳо халқро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ҳар дарду касалии одамонро шифо мебахшид. \v 36 Вақте ки Исо ба мардум нигоҳ мекард, ба ҳоли онҳо раҳмаш меомад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон, сарсону саргардон ва ночору нотавон буданд. \v 37 Пас Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосили дарав фаровон аст, вале коргарон намерасанд. \v 38 Аз ин рӯ, аз соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад». \c 10 \s1 Дувоздаҳ вакили Исо \p \v 1 Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро берун кунанд ва ҳар дарду касалии одамонро шифо диҳанд. \v 2 Ана номҳои он дувоздаҳ вакилаш: аввалин Шимъӯн (ӯро боз Петрус меномиданд), бародари Шимъӯн Андриёс, баъд бародарон Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд, \v 3 Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Матто (он ки андоз ҷамъ мекард), Ёқуби писари Ҳалфӣ ва Таддо, \v 4 Шимъӯни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад. \s1 Вазифаи дувоздаҳ вакил \p \v 5 Исо ба ин дувоздаҳ нафар вазифа дода, ба иҷро намудани он фиристод. Ӯ ин тавр гуфт: «Ба назди халқҳои ғайрияҳудӣ наравед ва ба шаҳрҳои сомариён надароед, \v 6 балки назди халқи Исроил, ки монанди гӯсфандони гумроҳшуда ҳастанд, рафта \v 7 эълон кунед, ки подшоҳии Худо наздик аст. \v 8 Беморонро шифо диҳед, мурдагонро зинда кунед, махавиёнро пок созед ва девҳоро берун кунед. Ин қудрат ба шумо бепул дода шудааст, пас шумо низ инро бепул кунед. \v 9 Вақте ки ба сафар мебароед, бо худ дар камарбандатон на тангаҳои тиллову нуқра ва на тангаҳои мисин гиред, \v 10 на борхалтаву на асо ва на либоси иловагиву на пойафзол гиред, зеро меҳнаткаш сазовори таъминот аст. \p \v 11 Ҳангоме ки ба ягон шаҳр ё қишлоқ медароед, одами шоистаро суроғ кунед ва то рӯзи аз он ҷо рафтанатон дар хонаи ӯ бимонед. \v 12 Баробари ба он хона даромадан салом диҳед. \v 13 Агар он хонадон шуморо нағз қабул кунад, барояшон баракат талаб кунед, дар акси ҳол, бигузор баракататон ба худатон баргардад. \v 14 Вале агар ҳеҷ кас шуморо қабул накунад ё ба суханонатон гӯш надиҳад, он хонадон ё шаҳрро тарк карда истода, ҳамчун нишонаи огоҳӣ чангу хокашро аз поятон биафшонед. \v 15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони бадкирдори Садӯм ва Амӯро аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд. \s1 Азобу уқубатҳои дарпешистода \p \v 16 Инак, Ман шуморо ба назди одамон, гӯё гӯсфандонро ба байни гургҳо мефиристам. Мисли мор ҳушёру мисли кабӯтар безиён бошед. \v 17 Аз одамон эҳтиёт шавед, чунки онҳо шуморо дастгир карда, назди шӯрои калонҳо мебаранд ва дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд. \v 18 Ба хотири Маро пайравӣ карданатон шуморо дар назди ҳокимону подшоҳон ба ҷавобгарӣ мекашанд, то ки дар пеши онҳо ва ғайрияҳудиён дар бораи Ман шаҳодат диҳед. \v 19 Ҳангоме ки шуморо назди шӯрои олӣ мебаранд, ғам нахӯред, ки ба онҳо чӣ бояд гӯед ё чӣ тавр бояд сухан ронед, чунки дар он вақт суханоне, ки бояд гӯед, ба дилатон андохта мешаванд. \v 20 Он гоҳ на ин ки шумо, балки Рӯҳи Падари осмониатон ба воситаи шумо сухан меронад. \p \v 21 Дар он айём бародар бародари худро ба қатл мерасонад ва инчунин падар фарзанди худро. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд. \v 22 Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале агар шумо то ба охир расидани азобу уқубатҳо ба Ман вафодор монед, наҷот хоҳед ёфт. \v 23 Вақте ки шуморо азоб доданӣ шуда дар як шаҳр дунболагирӣ кунанд, ба шаҳри дигар гурезед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз шумо ба ҳамаи шаҳрҳои Исроил нарафта Фарзанди Инсон меояд. \p \v 24 Шогирд аз устодаш баландтар нест, инчунин хизматгор аз хоҷааш. \v 25 Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори девҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд. \s1 Аз кӣ тарсидан лозим аст \p \v 26 Аз ин рӯ, аз одамон натарсед. Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад. \v 27 Он чи Ман ба шумо махфӣ мегӯям, кушоду равшан гӯед ва он чи дар пичиррос мешунавед, аз болои боми хонаҳо эълон намоед. \v 28 Аз одамон натарсед, ки онҳо ҷисмро мекушанду ҷонро кушта наметавонанд. Балки аз шахсе тарсед, ки ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар дӯзах нобуд карда метавонад. \p \v 29 Арзиши ду гунҷишк як танга аст, аммо ҳатто яктои он ба замин намеафтад, ки Падаратон аз он хабардор набошад. \v 30 Аз они шумо бошад, мӯйҳои саратон ҳам ба ҳисоб гирифта шудаанд. \v 31 Бинобар ин натарсед, шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам қиматтар ҳастед. \p \v 32 Пас, ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ дар назди Падари осмониам пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам. \v 33 Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад мекунад, Ман низ ӯро дар назди Падари осмониам рад мекунам. \s1 На сулҳ, балки зиддият \p \v 34 Фикр накунед, ки Ман барои ба замин овардани сулҳ омадаам. Ман барои сулҳ не, балки барои овардани шамшери зиддият омадаам. \v 35 Ман омадаам, ки писарро ба падар, духтарро ба модар, келинро ба хушдоманаш зид гузорам. \v 36 Худи аъзои хонадони одам душманони ӯ хоҳанд буд. \p \v 37 Касе ки падар ё модари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. Инчунин, касе ки писар ё духтари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. \v 38 Касе ки Маро пайравӣ карданӣ шуда бо худ салиби азобу маргашро нагирад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. \v 39 Касе ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад. \s1 Гирифтани мукофот \p \v 40 Касе ки шуморо қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе ки Маро қабул мекунад, дар асл шахсеро, ки Маро фиристодааст, қабул мекунад. \v 41 Касе ки пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул мекунад, мукофоти пайғамбаронаро хоҳад гирифт. Касе ки одами накӯкорро ба хотири накӯкор буданаш қабул мекунад, мукофоти накӯкоронро хоҳад гирифт. \v 42 Ҳамчунин, касе ки ба яке аз пайравони хурдтарини Ман ба хотири шогирд буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, бе мукофот нахоҳад монд». \c 11 \s1 Омадани шогирдони Яҳё \p \v 1 Баъд аз ба дувоздаҳ шогирд вазифа додан Исо аз он ҷо ба шаҳрҳои гирду атроф барои таълим додан ва эълон кардани хушхабар равона шуд. \p \v 2 Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар ҳабсхона менишаст, хабари корнамоии Исои Масеҳ ба гӯшаш расид. Он гоҳ ӯ чанд нафар шогирдашро назди Исо фиристод. \v 3 Онҳо омада аз Исо пурсиданд: «Оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?» \p \v 4 Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Он чӣ мешунаведу мебинед, рафта ба Яҳё нақл бикунед. \v 5 Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаваду лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад. \v 6 Пас, хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад». \p \v 7 Ҳангоме ки шогирдони Яҳё ба роҳ даромаданд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад? \v 8 Бигӯед, чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси бошукӯҳ мепӯшад? Охир, онҳое, ки либоси бошукӯҳ мепӯшанд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд. \v 9 Хуллас, барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед. \v 10 Яҳё ҳамон як одам, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд: \q1 „Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, \q1 то ба омаданат роҳ тайёр кунад“. \p \v 11 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст. \v 12 Аз рӯзе, ки Яҳё ба эълон кардани пайғоми худ шурӯъ намуд, то ба имрӯз подшоҳии Худо аз зӯроварӣ азоб кашид ва одамони боқудрат онро зӯран ба даст оварданӣ ҳастанд. \v 13 Дар навиштаҷоти пайғамбарон ва шариати Мӯсо то замони Яҳё пешгӯиҳо омадаанд; \v 14 агар шумо ба гуфтаҳои онҳо бовар кардан хоҳед, Яҳё ҳамон Илёс пайғамбар аст, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд. \v 15 Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад! \p \v 16 Хӯш, ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд: \v 17 „Мо бароятон карнай навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, нагиристед“. \v 18 Инак, Яҳё омада, рӯза медошт ва май наменӯшид, аммо ҳама мегуфтанд, ки ӯ дев дорад. \v 19 Баъд Фарзанди Инсон омаду ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, аммо ҳама мегӯянд: „Ана одами пурхӯру майзада, ҷӯраи андозгирони беинсофу рафиқи одамони радди маърака!“ Лекин ҳақ будани ҳикмати Худо аз натиҷаҳояш маълум мегардад». \s1 Шаҳрҳои имон наоварда \p \v 20 Аҳолии шаҳрҳое, ки дар он Исо мӯъҷизоти зиёд нишон дода буд, тавба накарданд ва аз гуноҳҳояшон даст накашиданд. Бинобар ин Исо онҳоро таъна зада гуфт: \v 21 «Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои худобехабари Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. \v 22 Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Сур ва Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд! \v 23 Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садӯм рӯй медоданд, ин шаҳр то ҳол аз рӯи замин нест намешуд. \v 24 Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Садӯм аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!» \s1 Ваъдаи оромӣ \p \v 25 Сипас Исо гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падар — Худованди замину осмон, ки он чи аз одамони маълумотноку хирадманд пинҳон кардӣ, ба одамони оддӣ ошкор намудаӣ. \v 26 Оре, Падар, чунин буд хости Ту. \p \v 27 Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад. \p \v 28 Ҳамаи шумое, ки аз бори вазнин монда шудаед, ба назди Ман биёед ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам. \v 29 Чунончи барзагов барои андохтани юғ гардан мефурорад, шумо низ ба юғи Ман сар фуроред ва аз Ман таълим бигиред, чунки Ман нармдилу хоксор ҳастам, он гоҳ ҷони шумо оромӣ меёбад. \v 30 Зеро таҳти юғи Ман будан осон аст ва боре, ки Ман медиҳам, сабук аст». \c 12 \s1 Савол дар бораи рӯзи истироҳат \p \v 1 Дере нагузашта, Исо аз назди киштзори гандум мегузашт. Ин рӯзи истироҳат буд ва шогирдонаш гурусна монда, хӯшаҳои гандумро меканданду донаҳояшро мехӯрданд. \v 2 Инро дида баъзе аз фарисиён назди Исо омада гуфтанд: «Инро бинед-а, шогирдони Шумо кореро карда истодаанд, ки дар рӯзи истироҳат кардани он раво нест». \v 3 Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд? \v 4 Ӯ ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада нони ба Худо тақдимшударо гирифту хӯрд. Ҳол он ки аз рӯи шариат ӯ ва ҳамроҳонаш ба ин ҳақ надоштанд, чунки фақат ба рӯҳониён хӯрдани он нон мумкин буд. \v 5 Ё наход дар шариати Мӯсо нахонда бошед, ки рӯҳониён ҳангоми дар Хонаи Худо иҷро кардани вазифаҳои худ, қоидаҳои рӯзи истироҳатро вайрон мекунанд, вале айбдор ҳисоб намешаванд? \v 6 Аммо ҳаминро дониста бошед, ки чизи бузургтар аз Хонаи Худо дар ин ҷост. \v 7 Дар навиштаҷот Худо гуфтааст: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо оваранд“. Агар шумо маънои ин гуфтаҳоро мефаҳмидед, одамони беайбро айбдор намекардед. \v 8 Охир Фарзанди Инсон соҳиби рӯзи истироҳат аст». \s1 Шифо ёфтани марди дасташ хушкшуда \p \v 9 Исо роҳашро давом дода ба ибодатхона рафт. \v 10 Дар байни одамони он ҷо марде ҳузур дошт, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе аз ҳозирон, ки мехостанд ба сари Исо айб монанд, аз Исо пурсиданд: «Оё аз рӯи шариат дар рӯзи истироҳат одамро шифо додан мумкин аст?» \p \v 11 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Фарз кардем, ки шумо як гӯсфанде дореду он ҳам бошад дар рӯзи истироҳат ба чоҳ меафтад. Наход шумо рафта, онро аз чоҳ кашида нагиред? \v 12 Қадри инсон бошад аз гӯсфанд чӣ қадар баландтар аст. Пас, дар рӯзи истироҳат некӣ кардан равост». \v 13 Баъд ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард, ки он мисли дасти дигараш сиппа-сиҳат шуд. \v 14 Фарисиён бошанд, баромада рафтанд ва нақшаи куштани Исоро кашиданд. \s1 Хизматгори интихобшудаи Худо \p \v 15 Исо аз нақшаи фарисиён огоҳ шуда, аз он маҳалла баромада рафт. Одамони зиёд низ аз паяш рафтанд ва Ӯ ҳамаи беморонро шифо дода, \v 16 ба онҳо фармон дод, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд. \v 17 Инро Исо барои ба амал омадани суханони Худо кард, ки ба воситаи Ишаъё пайғамбар гуфта буд: \q1 \v 18 «Ана он хизматгорам, ки Ман интихоб кардам. \q2 Ӯ роҳати ҷонам аст ва Ман Ӯро азиз медонам. \q1 Ман Рӯҳамро бар Ӯ мефиристам \q2 ва Ӯ ба ҳамаи халқҳо адолатамро эълон мекунад. \q1 \v 19 Ӯ бо ҳеҷ кас муноқиша намекунад ё доду вой намебардорад, \q2 ё ҳеҷ кас дар кӯчаҳо бо овози баланд сухан гуфтани Ӯро намешунавад. \q1 \v 20 Ӯ касеро, ки мисли қамиши хамшуда аст, намешиканаду \q2 касеро, ки мисли пилтаи нимсӯхтаи чароғ аст, хомӯш намекунад, \q1 то даме ки пойдор намудани адолат ба Ӯ муяссар мегардад. \q2 \v 21 Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин умеди наҷотро дар Ӯ мебинанд». \s1 Исо ва Баал-Забул\f + \fr 12:22 \ft 12:21 Баал-Забул — ниг. 10:25.\f* \p \v 22 Сипас ба назди Исо марди девонаеро оварданд, ки аз сабаби дев доштанаш кӯр ва гунг буд. Исо вайро шифо бахшид ва ӯ ҳам гап зада ва ҳам дида метавонистагӣ шуд. \v 23 Тамоми мардум аз ин ҳодиса ба ҳайрат афтода мегуфтанд: «Шояд Ӯ ҳамон Насли Довуд бошад, ки мо интизораш ҳастем?» \v 24 Лекин фарисиён инро шунида чунин мегуфтанд: «Ӯ бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо девҳоро берун мекунад». \p \v 25 Исо, ки аз фикрҳои фарисиён бохабар буд, ба онҳо гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар шаҳр ё хонаводае, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, вайрон хоҳад шуд. \v 26 Инак, агар шайтон худашро берун кунад, магар ин нишонаи он нест, ки ӯ дар дохили худ ба ду қисм ҷудо шудааст. Пас, наход ҳукмронии ӯ давом меёфта бошад? \v 27 Аз гуфти шумо Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекунам, пас пайравони худатон-чӣ? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Ана, амали онҳо исбот мекунад, ки шумо нодуруст фикр мекунед. \p \v 28 Аммо, агар Ман бо қудрати Рӯҳи Худо девҳоро берун мекарда бошам, аз ин бармеояд, ки подшоҳии Худо аллакай ба ҳаёти шумо омадааст. \v 29 Инчунин ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр зада даромада, молу мулкашро гирифта барад, то аввал дасту пои шахси пурзӯрро набандад. Ана баъд хонаашро ғорат карда метавонад. \p \v 30 Касе ки тарафдори Ман нест, дар асл муқобили Ман аст ва касе ки дар ҷамъ овардани одамон ба Ман ёрӣ намедиҳад, дар асл онҳоро пароканда мекунад. \v 31 Аз ин рӯ, ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳ ва сухани кофиронаи инсон барояш бахшида мешавад, вале касеро, ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофиронае мегӯяд, Худо ҳаргиз намебахшад. \v 32 Ҳар кас ки бар зидди Фарзанди Инсон сухан мегӯяд, бахшида мешавад, вале касе ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухане мегӯяд, Худо ӯро дар ду дунё намебахшад. \s1 Дарахт ва меваи он \p \v 33 Худатон мулоҳиза кунед, дарахти солим меваи нағз медиҳад, дарахти касал бошад, меваи бад медиҳад. Пас, чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад. \v 34 Эй морзодагони маккор! Чӣ хел шумо суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед. Охир, он чи дилатонро пур мекунад, баъд лабрез шуда аз забонатон берун мебарояд. \v 35 Шахси нек аз хазинаи некаш чизҳои нек ва шахси бад аз хазинаи бадаш чизҳои бад берун меорад. \p \v 36 Ҳаминро дониста бошед, ки дар рӯзи ҷазо шумо барои ҳар сухани ноҳақе, ки гуфтаед, ҷавоб хоҳед дод. \v 37 Чунки аз рӯи суханони худатон шумо ё беайб ва ё айбдор ҳисоб мешавед». \s1 Талаб кардани нишона \p \v 38 Он гоҳ баъзе аз фарисиён ва шариатдонон ба Исо гуфтанд: «Устод, мехостем, ки ягон нишонае ба мо диҳед». \v 39 Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли одамони баду ба Худо бевафо! Шумо нишона талаб мекунед?! Бароятон ҳеҷ нишонае ғайр аз он чи бо Юнус пайғамбар рӯй дода буд, дода намешавад. \v 40 Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯзро дар шиками наҳанг гузаронда буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон се шабу се рӯзро зери хоки замин мегузаронад. \p \v 41 Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Юнус дар ин ҷост! \v 42 Дар рӯзи ҷазо маликаи сарзамини Сабо бархеста насли шуморо айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Сулаймон дар ин ҷост! \s1 Баргаштани рӯҳи нопок \p \v 43 Фарз кардем, рӯҳи нопок аз шахсе берун карда мешавад. Баъд ин рӯҳ бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро намеёбад. \v 44 Ниҳоят худ ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст. \v 45 Пас рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро ҳамроҳаш гирифта меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш бадтар хоҳад буд. Айнан ҳамин ҳодиса бо одамони бади ин замон рӯй хоҳад дод». \s1 Модар ва бародарони Исо \p \v 46 Исо ҳанӯз ба мардум сухан гуфтанро давом медод, ки модару бародаронаш омаданд. Онҳо берун аз хона истода, хоҳиш карданд, ки бо Исо гап зананд. \v 47 Касе аз байни халқ ба Исо гуфт: «Устод, модар ва бародаронатон дар берун истодаанд ва мехоҳанд, ки бо Шумо гапзанон кунанд». \p \v 48 Исо дар ҷавоб гуфт: «Модари Ман кист ва бародарони Ман кистанд?» \v 49 Баъд бо дасташ сӯи шогирдонаш ишора карда, суханашро давом дод: «Ана инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд! \v 50 Зеро ҳар касе, ки хости Падари осмониамро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст». \c 13 \s1 Масал дар бораи деҳқон \p \v 1 Худи ҳамон рӯз Исо аз хона баромаду барои таълим додани мардум сӯи кӯл рафт. \v 2 Аммо дар гирдаш чунон одамони зиёд ҷамъ омаданд, ки Ӯ халқро дар соҳил монда, худаш ба қаиқе савор шуд. \v 3 Исо ба онҳо бисёр чизҳоро бо масалҳо нақл карда мегуфт: «Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд. \v 4 Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. \v 5 Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин онҳо зуд месабзанд. \v 6 Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад. \v 7 Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи навсабзидаро пахш мекунанд. \v 8 Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, баъзе сад, баъзе шаст ва баъзе сӣ баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд». \p \v 9 Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!» \s1 Сабаби нақл кардани масалҳо \p \v 10 Баъдтар шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Чаро Шумо мардумро бо масалҳо таълим медиҳед?» \v 11 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо аз онҳо ин чизҳо пинҳон ҳастанд. \v 12 Чунки ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ва аз ҳад зиёд дода мешавад, аммо касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад. \v 13 Ана барои чӣ Ман ба онҳо бо масалҳо нақл мекунам: онҳо дида метавонанду намебинанд, шунида метавонанд, вале на мешунаванду на мефаҳманд. \v 14-15 \vp 14–15\vp* Ишаъё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд: \q1 „Ин одамон ҳарчанд гӯш кунанд ҳам, намефаҳманд; \q2 ҳарчанд нигоҳ кунанд ҳам, намебинанд, \q1 чунки ин одамон кундфаҳм шудаанд, \q2 гӯшҳояшон мадори шунидан надоранд \q2 ва чашмонашонро онҳо пӯшидаанд. \q1 Агар ин тавр намекарданд, чашмонашон дида, \q2 гӯшҳояшон шунида \q2 ва ақлашон дарк карда метавонист. \q1 Он гоҳ онҳо сӯи Ман — Худо рӯй меоварданд, \q2 то ки Ман онҳоро шифо диҳам“. \p Ин пешгӯӣ ҳақиқатан дар ҳаёти онҳо амалӣ мегардад. \p \v 16 Шумо бошед, хушбахт ҳастед, чунки чашмонатон дида ва гӯшҳоятон шунида метавонанд. \v 17 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бисёр пайғамбарон ва накӯкорон дар орзуи дидан ва шунидани он чи, ки шумо мебинед ва мешунавед, буданд. Вале онҳо на диданду на шуниданд. \s1 Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон \p \v 18 Хуб, маънои масалро дар бораи деҳқон гӯш кунед. \v 19 Ба пайраҳа афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро дар бораи подшоҳии Худо мешунаванду онро намефаҳманд. Шахси Бад омада каломи ба дили онҳо кошташударо кашида мегирад. \v 20 Ба замини санглох афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду дарҳол бо хушҳолӣ онро қабул мекунанд. \v 21 Вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳ бардошт мекунанд. Баъд вақте ки аз барои калом ба душворӣ ва азоб дучор мешаванд, зуд имони худро аз даст медиҳанд. \v 22 Ба замини хорзор афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, аммо ғаму ташвиши зиндагӣ ва орзуи бойигарӣ каломро пахш менамояд ва дар натиҷа он ҳеҷ ҳосиле намеорад. \v 23 Вале ба замини ҳосилхез афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду онро мефаҳманд. Ана онҳо баъзан сад, баъзан шаст ва баъзан сӣ баробар бештар самара медиҳанд». \s1 Масал дар бораи алафи бегона \p \v 24 Ӯ боз дигар масалро нақл карда гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: шахсе ба заминаш донаҳои киштбобро мекорад. \v 25 Лекин, вақте ки ҳама хоб мераванд, душман меояду дар байни гандум тухми алафи бегонаро пошида, меравад. \v 26 Сипас, баробари сабзидаву сарак баровардани гандум, алафи бегона низ намоён мегардад. \v 27 Хизматгорон назди соҳиби киштзор омада мегӯянд: „Хоҷа, шумо дар киштзоратон донаҳои гандумро кошта будеду ин алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?“ \v 28 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода мегӯяд: „Ин кори душман аст“. Хизматгорон боз мепурсанд: „Мехоҳед, ки мо рафта онҳоро канда партоем?“ \v 29 „Не, — мегӯяд соҳиби киштзор, — чунки алафи бегонаро канданӣ шуда мабодо боз баъзе гандумро ҳам канда напартоед. \v 30 Бигзор, то вақти ҳосилғундорӣ ҳам гандум ва ҳам алафи бегона истад. Баъд ба даравгарон фармон медиҳам, ки аввал алафи бегонаро канда, даста карда сӯзонанд, сонӣ гандумро даравида, ба анборам ҷамъ кунанд“». \s1 Масалҳо дар бораи донаи хардал ва хамиртуруш \p \v 31 Исо ба онҳо боз масали дигареро нақл карда гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: шахсе донаи хардалро гирифта, дар замини худ мекорад. \v 32 Ин дона аз ҳамаи донаҳои дунё майдатарин мебошад, вале вақте ки он месабзад, аз ҳамаи гиёҳҳо калонтар шуда, ба дарахт мубаддал мегардад ва паррандаҳо омада, дар шохаҳои он лона месозанд». \p \v 33 Масали дигаре, ки Вай ба онҳо нақл кард, ин буд: «Подшоҳии Худоро боз чунин тасвир кардан мумкин: Зане каме хамиртуруш мегираду бо як тағора орд омехта, хамир мекунад ва баъд тамоми хамир мерасад». \p \v 34 Исо ҳамаи ин чизҳоро фақат бо масалҳо ба мардум нақл кард ва бе масал сухане ҳам ба онҳо нагуфт. \v 35 Пайғамбаре чунин гуфта буд: \q1 «Ман ба онҳо бо масалҳо сухан меронам; \q2 Ман ба онҳо чизҳои аз аввали офариниш пинҳонбударо нақл мекунам». \p Барои амалӣ гаштани ин суханон Исо бо масалҳо гап мезад. \s1 Маънидод кардани масал дар бораи алафи бегона \p \v 36 Вақте ки Исо мардумро монда, ба хона рафт, шогирдонаш ба наздаш омада хоҳиш карданд, ки Ӯ масали дар бораи алафи бегона нақлкардаашро ба онҳо маънидод кунад. \p \v 37 Вай дар ҷавоб гуфт: «Шахсе, ки донаҳои киштбобро мекорад, Фарзанди Инсон аст; \v 38 киштзор ин ҷаҳон аст; донаҳои гандум одамони аз они подшоҳии Худо ҳастанд; алафи бегона бошад, одамони аз они Шахси Бад ҳастанд; \v 39 ва душмане, ки тухми алафи бегонаро мекорад, иблис мебошад. Вақти ҳосилғундорӣ охирзамон аст, даравгарон бошанд, фариштаҳоянд. \v 40 Чи тавре ки алафи бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, айнан ҳамин тавр дар охирзамон рӯй медиҳад. \v 41 Яъне Фарзанди Инсон фариштаҳои худро мефиристад, то ки ҳамаи бадкорон ва ҳамаи васвасакоронро аз дохили подшоҳии Вай ҷудо карда гирифта \v 42 ба оташи сӯзон партоянд. Дар он ҷо бошад, одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд. \p \v 43 Аммо накӯкорон дар подшоҳии Падарашон мисли офтоб медурахшанд. Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад! \s1 Давоми масалҳо дар бораи подшоҳии Худо \p \v 44 Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: рӯзе як мардикор дар саҳро ганҷинаи касе пинҳонкардаро меёбаду онро боз пинҳон мекунад. Аз шодӣ ӯ рафта тамоми дороияшро мефурӯшаду ҳамон саҳроро мехарад. \p \v 45 Подшоҳии Худоро боз ин тавр тасвир кардан мумкин: савдогаре марворидҳои зебо мекобаду мекобад \v 46 ва ҳангоме ки марвориди аҷаб зеборо меёбад, рафта, тамоми молу мулкашро фурӯхта, онро мехарад. \p \v 47 Ана масали дигар, ки бо он подшоҳии Худоро тасвир кардан мумкин: якчанд моҳигир тӯрҳои худро ба кӯл мепартоянду ба тӯрашон ҳар гуна моҳиҳо меафтанд. \v 48 Вақте ки тӯрҳо пур аз моҳӣ мешаванд, моҳигирон онҳоро ба соҳил мекашанду нишаста моҳиҳоро ба нағзу бад ҷудо мекунанд; нағзашро ба сабадҳо меандозанду бадашро мепартоянд. \p \v 49 Дар охирзамон низ ҳамин тавр рӯй медиҳад: фариштаҳо баромада, одамони бадкирдорро аз байни накӯкорон ҷудо мекунанд. \v 50 Сонӣ одамони бадкирдорро ба оташи сӯзон мепартоянд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд». \s1 Чизҳои нав ва кӯҳна \p \v 51 Исо аз шогирдонаш пурсид: «Шумо ин гуфтаҳоямро фаҳмидед?» «Фаҳмидем», — ҷавоб доданд онҳо. \p \v 52 Ӯ давом дода гуфт: «Пас, ҳар шариатдоне, ки дар бораи подшоҳии Худо таълим ёфтааст, монанди соҳиби хона аст, ки аз анбори худ чизҳои нав ва кӯҳнаро берун мебарорад». \s1 Аз Исо рӯй гардондани ҳамдиёронаш \p \v 53 Исо нақл кардани масалҳоро тамом карду аз он ҷо баромада \v 54 ба диёраш баргашт. Ӯ дар ибодатхонаи он ҷо таълим медоду онҳое, ки таълимоташро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида ба якдигар мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар ҳикмат дорад-а?» «Қобилияти мӯъҷизакории Ӯ аз куҷо бошад-а? \v 55 Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Ёқубу Юсуфу Шимъӯну Яҳудо ҳастанд? \v 56 Магар ҳамаи хоҳаронаш дар шаҳри мо зиндагӣ намекунанд? Пас, аз куҷо Ӯ ин ҳикмату ин қудратро дорад?» \v 57 Инак, онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд. \p Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар диёри худ ва дар байни хонадони худ қадр надорад, вале дар ҳама ҷои дигар ӯро бо эҳтиром қабул мекунанд». \v 58 Ва аз сабаби он ки онҳо ба Исо боварӣ надоштанд, Ӯ дар он ҷо кам мӯъҷиза кард. \c 14 \s1 Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда \p \v 1 Дар он айём овоза дар бораи Исо то ба гӯши Ҳиродус, ки ҳокими вилояти Ҷалил буд, рафта расид. \v 2 Ҳиродус ба мансабдоронаш гуфт, ки дар асл ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки аз нав зинда шудааст, барои ҳамин ҳам Ӯ чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дорад. \p \v 3-4 \vp 3–4\vp* Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда Ҳиродус Ҳиродия, зани бародараш Филиппусро ба занӣ гирифта буд. Гаштаю баргашта Яҳё ба ӯ мегуфт: «Аз рӯи шариати мо ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Бинобар ин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир кунанду дасту пояшро баста, ба ҳабс андозанд. \v 5 Ҳиродус мехост Яҳёро ба қатл расонад, аммо аз халқ метарсид, зеро халқ Яҳёро пайғамбар меҳисобид. \p \v 6 Бо вуҷуди ин, боре дар ҷашнгирии рӯзи таваллуди Ҳиродус духтари Ҳиродия дар пеши меҳмонон рақсу бозӣ карда, Ҳиродусро чунон мафтун кард, ки \v 7 ӯ қасам ёд карда ба духтар ваъда дод: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам!» \v 8 Духтар аз рӯи маслиҳати модараш гуфт: «Бароям сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯи табақе оварда диҳед». \p \v 9 Ҳоким ғамгин гашт, вале ба хотири ваъдаи дар пеши меҳмонон додааш, фармон дод, ки гуфти духтарро иҷро кунанд. \v 10 Ҷаллоди фиристодааш рафта, дар ҳабсхона сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард \v 11 ва дар рӯи табақе ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба дасти модараш супорид. \v 12 Баъд аз ин шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро бурда гӯрониданд ва ҳодисаи рӯйдодаро рафта ба Исо нақл карданд. \s1 Бо панҷ нону ду моҳӣ сер кардани зиёда аз панҷ ҳазор кас \p \v 13 Ин ҳодисаро шунида, Исо ба қаиқ савор шуду худаш танҳо ба ҷои хилвате рафт. Мардум аз ин огоҳ шуданду аз шаҳрҳои худ баромада пиёда аз пайи Ӯ рафтанд. \v 14 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳоли онҳо раҳмаш омад ва беморони дар байнашон бударо шифо дод. \p \v 15 Рӯз ба охир мерасид ва шогирдони Исо ба наздаш омада гуфтанд: «Устод! Ин як ҷои беодам аст, рӯз дер шуд. Мардумро ҷавоб намедиҳед, ки ба қишлоқҳои гирду атроф рафта, барояшон хӯрокворӣ харанд?» \v 16 «Ба ҳеҷ ҷо рафтанашон лозим нест, — ҷавоб дод Вай. — Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!» \v 17 Онҳо гуфтанд: «Охир мо дар ин ҷо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем». \v 18 «Онҳоро ба Ман оварда диҳед», — гуфт Исо. \p \v 19 Ӯ ба мардум гуфт, ки рӯи сабза нишинанд. Баъд он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ки ба мардум тақсим карда диҳанд. \v 20 Ҳама то сер шудан хӯрданду шогирдон боз дувоздаҳ сабади пур аз нонпораҳо ҷамъ карданд. \v 21 Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, тақрибан панҷ ҳазор нафар буд. \s1 Дар рӯи об роҳ рафтани Исо \p \v 22 Сипас Исо ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шаванду пешопеши Ӯ ба дигар тарафи кӯл раҳсипор шаванд, то худаш ҳам баъд аз мардумро ҷавоб доданаш назди онҳо биравад. \v 23 Вақте ки Вай мардумро ҷавоб дод, барои дар танҳоӣ дуо кардан ба теппае баромад. Баъд аз нишасти офтоб ҳам Ӯ яккаву танҳо дар он ҷо буд. \v 24 Қаиқ бошад, аз соҳил хеле дур рафта буд ва аз сабаби боди сахте, ки мухолифи он мевазид, мавҷҳои кӯл қаиқро алвонҷ медоданд. \p \v 25 Ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд. \v 26 Шогирдон Исои дар рӯи об роҳ рафтаистодаро дида, «Ин арвоҳ! Арвоҳ!» гӯён аз тарсу ваҳм дод заданд. \v 27 Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед». \p \v 28 Он гоҳ Петрус овоз бароварда гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯи об назди Ту биёям». \v 29 «Биё», — амр дод Ӯ. Инак, Петрус аз қаиқ баромада дар рӯи об қадам занон ба Исо наздик мешуд. \v 30 Сахт вазидани шамолро дида тарсид ва қариб ғарқ шуда буд ки, фарёд зад: «Хоҷа, маро наҷот деҳ!» \v 31 Исо зуд дасташро дароз карда, Петрусро дошта гирифт ва гуфт: «Ин қадар имонат суст аст? Чаро шубҳа кардӣ?» \p \v 32 Бо ин суханон онҳо ба қаиқ савор шуданд ва шамол аз вазидан бозмонд. \v 33 Он гоҳ онҳое, ки дар қаиқ нишаста буданд, ба Исо саҷда карда хитоб намуданд, ки Ӯ дар ҳақиқат Писари Худо аст. \s1 Шифо ёфтани беморони Ҷинесор \p \v 34 Онҳо аз кӯл гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд. \v 35 Мардуми он ҷо Исоро шинохтанд ва ба гирду атрофи он сарзамин одамонро фиристоданд, то ки беморонро назди Ӯ гирифта биёранд. \v 36 Онҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт. \c 15 \s1 Таълимоти аҷдодон \p \v 1 Сипас, ба назди Исо аз Ерусалим чанд нафаре аз фарисиёну шариатдонон омада пурсиданд: \v 2 «Чаро шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо бетаҳорат сари дастархон мешинанд!» \p \v 3 Ӯ ҷавоб дод: «Худи шумо-чӣ? Чаро барои иҷро кардани урфу одатҳои худ шуда, фармудаҳои Худоро вайрон мекунед? \v 4 Худо ба мо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед“ ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст“. \v 5 Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро ба Худо мебахшам, \v 6 он гоҳ ҳоҷат нест, ки ба падараш изҳори эҳтиром кунад. Ҳамин тавр шумо барои риоя кардани урфу одатҳои худ шуда, фармудаҳои Худоро барҳам медиҳед. \v 7 Эй одамони дурӯя! Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте ки оид ба шумо пешгӯӣ карда гуфта буд: \q1 \v 8 „Худо мегӯяд: \p «Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд, \q2 вале дар асл дилашон аз Ман дур аст. \q1 \v 9 Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд, \q2 чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“». \s1 Чизҳои одамро ҳаромкунанда \p \v 10 Баъд Исо мардумро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Ҳамин чизро бидонед, ки \v 11 он чи аз даҳони одам ба дарунаш медарояд, ӯро ҳаром намекунад, балки он чи аз даҳонаш берун мебарояд, ӯро ҳаром мекунад». \p \v 12 Он гоҳ шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда гуфтанд: «Медонед, фарисиён аз суханони Шумо ранҷиданд». \p \v 13 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ҳар гиёҳе, ки Падари осмониам нашинондааст, бо решааш канда партофта мешавад. \v 14 Ба фарисиён аҳамият надиҳед. Онҳо худашон кӯр ҳастанду боз дигар кӯронро роҳнамоӣ мекунанд. Агар кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳардуяшон рафта ба чоҳ меафтанд». \p \v 15 Дар ин вақт Петрус ба Исо мегӯяд: «Ба мо маънои масали пештар овардаатонро шарҳ диҳед». \v 16 Ӯ ба онҳо мегӯяд: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед? \v 17 Магар намедонед, ки он чи шумо мехӯред, аз даҳон медарояду баъд аз меъда гузашта берун мебарояд? \v 18 Лекин он чи аз даҳон мебарояд, одамро ҳаром мекунад, чунки он аз дили одам бармеояд. \v 19 Зеро аз дил фикрҳои бад берун меоянд, ки сабаби одамкушӣ, алоқаи беникоҳ, фисқу фуҷур, дуздиву шаҳодати дурӯғдиҳӣ ва тӯҳматкунӣ мегарданд. \v 20 Ана ин чизҳо одамро ҳаром мекунанд. Аммо бетаҳорат ба сари дастархон нишастан одамро ҳаром намекунад». \s1 Имони як зан \p \v 21 Исо аз он ҷо баромада, ба наздикиҳои шаҳрҳои Суру Сидун рафт. \v 22 Инак, як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон назди Исо рафта истода гуфт: «Эй Насли Довуд! Илтимос, Хоҷаам, ба ман раҳм кунед! Духтарам дев дорад ва аҳволаш бениҳоят вазнин аст». \p \v 23 Аммо аз Исо садое ҳам набаромад. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан доду войкунон аз дунболи мо омада истодааст. Ба вай гӯед, ки биравад!» \v 24 Исо ҷавоб дод: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумроҳшуда — халқи Исроил фиристода шудаам!» \p \v 25 Дар ин мобайн зан ба Ӯ расида омаду ба пеши пойҳояш худро партофта зориву илтиҷо кард: «Хоҷаам, ба ман ёрӣ диҳед!» \v 26 Вай ҷавоб гардонд: «Нони фарзандонро гирифта ба сагон партофтан дуруст нест». \p \v 27 «Рост мегӯед, Хоҷаам, — гуфт дар ҷавоб зан, — лекин сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони соҳибашон боқимондаро мехӯранд-ку». \v 28 Исо ба ин ҷавоби ӯ гуфт: «Имонат бениҳоят боқувват будааст, хоҳар! Он чи мехостӣ бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт. \s1 Шифо ёфтани бисёр беморон \p \v 29 Исо он ҷойро тарк карду қад-қади кӯли Ҷалил рафта ба теппае баромада нишаст. \v 30 Ба назди Вай тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз дигар хел касалонро оварда пеши пойҳояш мегузоштанд ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо медод. \v 31 Дар пеши назари ҳама гунгҳо гап задаву лангҳо роҳ рафтаву кӯрон дида метавонистагӣ шуданд, маъюбон сиҳат гаштанд. Инро дида ҳама ҳайрон монданд ва Худои Исроилро ситоиш карданд. \s1 Бо ҳафт нону якчанд моҳӣ сер кардани зиёда аз чор ҳазор кас \p \v 32 Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд. Ман намехоҳам, ки онҳоро аз пеши худ гурусна ҷавоб диҳам, мабодо дар роҳ аз ҳол нараванд». \v 33 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Дар ин биёбон мо аз куҷо ин қадар нон меёбем, ки ба чунин тӯдаи одамон расонда тавонем?» \v 34 Исо дар навбати худ аз онҳо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» «Ҳафтто, — ҷавоб доданд онҳо, — ва якчанд моҳии хурд ҳам дорем». \p \v 35 Ӯ мардумро фармуд, ки рӯи замин бишинанд. \v 36 Баъд он ҳафт нону моҳиҳоро ба даст гирифта, Худоро шукргӯён онҳоро пора кард ва ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро гирифта ба мардум тақсим карданд. \v 37 Ҳамаи то сер шудан хӯрданду шогирдон боз ҳафт сабади калон пур аз нонпораҳои боқимонда ҷамъ карданд. \v 38 Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор нафар буд. \p \v 39 Пас Исо мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуду ба сарзамини Маҷдал раҳсипор гашт. \c 16 \s1 Талаб кардани нишона \p \v 1 Баъд аз чанд вақт ба назди Исо баъзе аз фарисиён ва саддуқиён омаданд. Онҳо Вайро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад. \v 2 Аммо Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар шомгоҳон осмон кушода бошад, шумо мегӯед, ки пагоҳ ҳавои нағз мешавад. \v 3 Агар субҳидам осмон тираву гирифта бошад, мегӯед, ки имрӯз шамолу боронгарӣ мешавад. Шумо нишонаҳои осмонро дида чӣ гуна шудани ҳаворо фаҳмида метавонеду нишонаҳои ҳозиразамонро дида, онҳоро муайян карда наметавонед. \v 4 Фақат насли ба Худо бевафою бадон нишона меҷӯяд! Худо ба ин насл ҳеҷ нишонаи дигаре ба ғайр аз он ки бо Юнус пайғамбар рӯй додааст, намедиҳад». \p Инро гуфта Ӯ аз наздашон рафт. \s1 Хамиртуруши фарисиёну саддуқиён \p \v 5 Вақте ки шогирдон ба дигар тарафи кӯл расида омаданд, диданд, ки бо худ нон гирифтанро фаромӯш кардаанд. \p \v 6 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиёну саддуқиён эҳтиёт кунед». \v 7 Он гоҳ шогирдонаш ба муҳокима даромада, ба якдигар мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби бо худ нон нагирифтанамон инро гуфт». \p \v 8 Лекин Исо аз муҳокимаи онҳо дарак дошт ва пурсид: «Ҳой, барои чӣ шумо набудани нонро бо якдигар муҳокима мекунед? Имонатон ин қадар суст аст?! \v 9 Наход то ҳол ҳеҷ чиз нафаҳмида бошед? Магар он панҷ нонро дар ёд надоред, ки чӣ хел панҷ ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабад ҷамъ кардед? \v 10 Ё он ҳафт нонро, ки чор ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабади калон ҷамъ кардед? \v 11 Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!» \p \v 12 Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ на аз хамиртуруши нон, балки аз таълимоти фарисиёну саддуқиён эҳтиёт шудани онҳоро дар назар дошт. \s1 Кӣ будани Исоро эълон кардани Петрус \p \v 13 Исо бо шогирдонаш ба маҳаллаи назди шаҳраки Қайсарияи Филиппус рафт. Дар он ҷо Ӯ ба онҳо савол дод: «Одамон дар бораи кӣ будани Фарзанди Инсон чӣ мегӯянд?» \v 14 Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ӯ Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, қисми дигари одамон мегӯяд, ки Илёс ё Ирмиё ва ё яке аз дигар пайғамбарони гузашта омадааст». \v 15 Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» \v 16 Шимъӯни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худои зинда ҳастӣ». \p \v 17 Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Чӣ хел хушбахт ҳастӣ, Шимъӯн, писари Юҳанно! Чунки инро ба ту на одамизод, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст. \v 18 Бинобар ин ба ту мегӯям, ки ту Петрус — санг ҳастӣ\f + \fr 16:18 \ft 16:18 Петрус — аз юнонӣ санг тарҷума мешавад.\f* ва дар болои ин санг Ман ҷамоати имондорони худро пойдор менамоям ва онро ҳатто қувваҳои марг мағлуб карда наметавонанд. \v 19 Ман ба ту калидҳои подшоҳии Худоро медиҳам ва ҳар чиро, ки ту дар замин манъ кунӣ, Худо аз осмон онро манъ мекунад ва ба ҳар чӣ, ки иҷозат диҳӣ, Худо аз осмон ба он иҷозат медиҳад». \p \v 20 Баъд Исо ба шогирдонаш қатъӣ таъкид кард, ки Таъиншудаи Худо будани Ӯро ба касе нагӯянд. \s1 Марги худро пешгӯӣ кардани Исо \p \v 21 Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш кушоду равшан мегуфт, ки бояд ба Ерусалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бисёр азоб мекашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад. \p \v 22 Петрус бошад, Исоро як сӯ бурда сарзаниш карда гуфт: «Худо нишон надиҳад! Эй Худованд, он чи гуфтӣ, бигзор ба сарат наояд!» \v 23 Лекин Вай ба Петрус рӯй оварда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту ба Ман халал расонда истодаӣ, чунки ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ!» \p \v 24 Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад. \v 25 Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, ҳаёти абадӣ ба даст меоварад. \v 26 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад. \v 27 Фарзанди Инсон бо шӯҳрату ҷалоле, ки Падараш ба Ӯ медиҳад, ҳамроҳи фариштаҳои худ меояд ва ба ҳама он чиро, ки мувофиқи амалашон сазовор мешаванд, медиҳад. \v 28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо чанд касе ҳастанд, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон мебинанд, ки чӣ тавр Фарзанди Инсон барои подшоҳӣ кардан меояд». \c 17 \s1 Дигаргун шудани намуди зоҳирии Исо \p \v 1 Пас аз шаш рӯз Исо Петрус ва бародарон Ёқубу Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта ба баландии кӯҳе бурд, ки он ҷо онҳо танҳо буданд. \v 2 Баъд дар пеши назари шогирдон намуди зоҳирии Ӯ дигаргун шуд. Чеҳрааш монанди офтоб дурахшид, либосаш ҳам мисли равшании нур сап-сафед шуд. \v 3 Ногаҳон Мӯсо ва Илёс пайғамбар дар пеши назари шогирдон пайдо шуданд ва бо Исо сӯҳбат мекарданд. \v 4 Петрус ба сухан даромада ба Исо гуфт: «Худовандо, чӣ хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Агар хоҳӣ ман дар ин ҷо се хайма месозам, яке барои Ту, дигаре барои Мӯсо ва сеюм барои Илёс». \p \v 5 Ҳанӯз вай суханашро тамом накарда, абри тобоне пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва аз даруни он овозе шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам. Ӯро гӯш кунед». \v 6 Аз шунидани ин овоз шогирдонро ваҳм фаро гирифт ва онҳо худро рӯи замин партофтанд. \v 7 Аммо Исо ба наздашон омаду ба онҳо даст расонда гуфт: «Бархезед ва аз ҳеҷ чиз натарсед». \v 8 Онҳо ба боло нигоҳ карданд ва ғайр аз Исо касеро надиданд. \p \v 9 Аз кӯҳ поён фаромада истода Исо ба шогирдон фармуд, ки то Фарзанди Инсон мурда аз нав зинда нашавад, ба ҳеҷ кас аз чизи дидагиашон даҳон накушоянд. \v 10 Он гоҳ шогирдон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шариатдонон мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?» \p \v 11 «Дуруст, — ҷавоб дод Ӯ, — аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор намояд. \v 12 Ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омадааст ва одамон вайро нашинохтанду ҳар коре, ки хостанд, бо вай карданд. Бо Фарзанди Инсон низ ҳамон тавр рафтор хоҳанд кард». \p \v 13 Он вақт шогирдон фаҳмиданд, ки Исо Илёс гуфта Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар назар дошт. \s1 Шифо ёфтани бачаи девона \p \v 14 Ҳангоме ки онҳо назди мардум баргаштанд, марде пеши Исо омаду ба сари зону истода \v 15 гуфт: «Хоҷа, ба писарам раҳм бикун! Вай касалии эпилепсия дорад ва бениҳоят азоб мекашад. Аз ин рӯ, ӯ худро зуд-зуд ба оташ ё ба об мепартояд. \v 16 Вайро ба назди шогирдонат овардам, лекин онҳо ӯро шифо дода натавонистанд». \p \v 17 Исо ҷавоб дод: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Канӣ, рафта бачаро ба наздам биёред!» \v 18 Бачаро гирифта ба наздаш оварданд ва Ӯ ба дев фармон дод, ки аз бача берун барояд. Дев берун баромад ва бача худи ҳамон лаҳза сиҳат гашт. \p \v 19 Сипас шогирдон аз мардум ҷудо шуда, пеши Исо омада пурсиданд: «Чаро мо девро берун карда натавонистем?» \p \v 20 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Аз барои сустии имонатон. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар имонатон донаи хардал барин бошад, он гоҳ ба ин кӯҳ „Аз ин ҷо ба он ҷо гузар“ гӯед, кӯҳ мегузарад. Пас, бароятон ҳеҷ чиз имконнопазир намешавад. \v 21 Аммо ин зот фақат бо дуо ва рӯза берун карда мешавад». \p \v 22 Ҳангоме ки шогирдон дар Ҷалил ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо гуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад \v 23 ва онҳо Ӯро мекушанд, лекин дар рӯзи сеюм Ӯ аз нав зинда мегардад». Шогирдон аз шунидани ин суханон сахт ғамгин гаштанд. \s1 Барои Хонаи Худо супоридани андоз \p \v 24 Вақте ки Исо бо шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, касоне ки барои Хонаи Худо андоз ҷамъ мекарданд, назди Петрус омада пурсиданд: «Магар устоди ту андоз намесупорад?» \v 25 «Албатта месупорад», — ҷавоб дод Петрус. \p Баъд Петрус ба хона даромад ва ҳанӯз ӯ даҳон накушода, Исо ба вай гуфт: «Шимъӯн, бигӯй, ба фикрат подшоҳон андозу хироҷро аз кӣ меситонанд? Аз шаҳрвандони худӣ ё бегона\f + \fr 17:25 \ft 17:25 Дар империяи Рум андозу хироҷро халқҳои мустамликашуда месупориданд, худи шаҳрвандони румӣ аз ин озод буданд.\f*?» \v 26 «Аз бегона», — ҷавоб гардонд Петрус. \p «Пас, шаҳрвандони худӣ аз ин вазифа озоданд. \v 27 Лекин барои наранҷонидани ин одамон сӯи кӯл рафта бо шасти моҳигирӣ сайд кун. Аз даҳони моҳии аввалине, ки сайд мекунӣ, тангаеро меёбӣ ва ин тангаро гирифта аз номи Ман ва худат андозро супор». \c 18 \s1 Кӣ аз ҳама бузургтар аст? \p \v 1 Аз мобайн вақти зиёде нагузашта, ба пеши Исо шогирдонаш омада пурсиданд: «Дар подшоҳии Худо кӣ бузургтар аст?» \p \v 2 Исо ба наздаш як кӯдакро хонда, ӯро дар пеши шогирдонаш гузошту \v 3 ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, то тарзи фикррониатонро тағйир дода, монанди кӯдакон нашавед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил шуда наметавонед. \v 4 Аз ин рӯ, он кас дар подшоҳии Худо бузургтар аст, ки худро монанди ин бача хоксор мегирад. \v 5 Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири номи Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад. \p \v 6 Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз пайравони хурдтарини ба Ман боваркардаро аз роҳи имон занад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро баста, ба баҳри чуқур партоянд. \p \v 7 Вой бар ҳоли одамони ин олам аз дасти васвасаҳо! Васвасаҳо ҳамеша пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли васвасакорон! \p \v 8 Агар даст ё поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як даст ё пой буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду дасту пой дошта бошию ба оташи абадии дӯзах биафтӣ. \v 9 Инчунин, агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки як чашм дошта бошию соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду чашм дошта бошиву ба оташи дӯзах партофта шавӣ». \s1 Масал дар бораи гӯсфанди гумроҳшуда \p \v 10-11 \vp 10–11\vp* Ӯ суханашро давом дода гуфт: «Эҳтиёт бошед, ки ҳатто бо яке аз пайравони хурдтаринам хунукназарона рафтор накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои нигаҳбони онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур дошта метавонанд.\f + \fr 18:10-11 \ft 18:10–11 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Зеро Фарзанди Инсон барои наҷот додани одамони гумроҳшуда омадааст».\f* \p \v 12 Фарз кардем, ки як мард сад сар гӯсфанд дораду якеаш аз рама ақиб монда роҳро гум мекунад. Он мард чӣ кор мекунад? Магар наваду нӯҳ гӯсфандро дар теппаҳои чарогоҳ монда ба ҷустуҷӯи гӯсфанди гумроҳшудааш намеравад? \v 13 Ва баъд аз ёфтанаш, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки барои ин гӯсфанд назар ба он наваду нӯҳ гӯсфанди гумроҳнашуда бештар хурсандӣ мекунад. \v 14 Падари осмонии шумо низ ҳаргиз намехоҳад, ки яке аз пайравони хурдтарини Ман гумроҳ шавад. \s1 Фармон дар бораи бахшидани бародар \p \v 15 Агар ягон бародаратон бар зидди яке аз шумо гуноҳ кунад, ба назди ҳамон бародар рафта, якка ба якка айбашро ба рӯяш гӯед, агар айбашро ба гардан гирад, донед, ки вайро аз нав ҳамчун бародар пайдо кардаед. \v 16 Вале, агар ба гапатон гӯш надиҳад, рафта як ё ду бародари дигарро ҳамроҳатон биёред, то ҳақ будани суханатон бо ду ё се шоҳид исбот гардад. \v 17 Агар ба гапи онҳо ҳам гӯш надиҳад, ба ҷамоати имондорон дар ин хусус гӯед. Аммо агар ба гапи тамоми ҷамоат низ гӯш надиҳад, бигзор вай бароятон ҳамчун андозгири беинсофу одами беимон бошад. \p \v 18 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар чиро, ки шумо дар замин манъ кунед, Худо аз осмон онро манъ мекунад ва ба ҳар чӣ, ки иҷозат диҳед, Худо аз осмон ба он иҷозат медиҳад. \v 19 Боз илова мекунам, агар дар замин ду каси шумо бо розигии якдигар барои ягон чиз дуо кунед, Падари осмониам ҳатман бароятон ҳамон чизро иҷро мекунад. \v 20 Зеро дар ҷое, ки ду ё се кас ба хотири номи Ман ҷамъ мешаванд, Ман ҳам дар байни онҳо мешавам». \s1 Масал дар бораи қарздиҳандаи беинсоф \p \v 21 Баъдтар Петрус назди Исо омада пурсид: «Худованд, агар бародаре бар зидди ман гуноҳ кардан гирад, чанд маротиба вайро бахшиданам даркор? Ҳафт маротиба?» \p \v 22 «Не, — ҷавоб дод Ӯ. — Ҳафт маротиба нею ҳафтод карат ҳафт маротиба бубахш. \v 23 Зеро подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: Рӯзе як подшоҳ хост, ки қарзҳои хизматгоронашро ба ҳисоб гирад. \v 24 Вақте ки ҳисобу китобро сар кард, ба наздаш хизматгореро оварданд, ки аз шоҳ маблағи бениҳоят калоне\f + \fr 18:24 \ft 18:24 Дар нусхаи аслӣ «даҳ ҳазор талант» омадааст. Арзиши як талант ба маоши понздаҳсолаи коргар баробар буд.\f* қарздор буд. \v 25 Азбаски хизматгор аз ӯҳдаи баргардондани қарз баромада наметавонист, шоҳ амр дод, ки ба ҷои товон ӯ бо зану фарзандонаш ва тамоми молу мулкаш фурӯхта шавад. \v 26 Он хизматгор худро пеши пойҳои шоҳ партофта зорию тавалло карда гуфт: „Тақсирам, илтимос, ба ман мӯҳлат диҳед ва ман тамоми қарзамро бармегардонам“. \v 27 Шоҳ ба ҳоли хизматгор раҳм карду қарзашро ба вай бахшида ҷавоб дод. \p \v 28 Хизматгор бошад, берун баромада ҳамхизматашро дид. Ин ҳамхизматаш аз вай маблағи нисбатан камтаре\f + \fr 18:28 \ft 18:28 Дар нусхаи аслӣ «сад динор» омадааст. Арзиши як динор ба маоши якрӯзаи коргар баробар буд.\f* қарздор буд. Вай аз гулӯи ҳамхизматаш дошта, ӯро буғӣ карда истода талаб кард, ки қарзашро гардонда диҳад. \v 29 Ҳамхизматаш худро ба рӯи замин партофта, ба зориву тавалло кардан даромад: „Илтимос, мӯҳлат деҳ ва ман албатта қарзамро бармегардонам“. \v 30 Аммо хизматгор розӣ нашуда, ҳамхизматашро ба ҳабсхона супорид ва ӯ то қарзро гардонда надиҳад, ҳамон ҷо мемонд. \v 31 Дигар хизматгорон ин ҳодисаро дида, сахт ранҷиданд ва рафта ба шоҳ буду шуди воқеаро нақл карданд. \v 32 Шоҳ он хизматгорро ба наздаш хонда гуфт: „Эй хизматгори бад! Ту маро зориву тавалло кардӣ ва ман ба ту тамоми қарзатро бахшидам. \v 33 Ман ба ту раҳм кардам. Пас, ту ҳам бояд ба ҳамхизматат раҳм мекардӣ“. \v 34 Шоҳ дар ғазаб шуда, амр дод, ки ин хизматгорро то пурра супоридани қарзаш ба ҳабс партоянд, то азобашро кашад. \p \v 35 Хуллас, Падари осмониам низ то бародаратонро аз самими дил набахшед, бо ҳар яки шумо айнан ҳамин тавр рафтор мекунад». \c 19 \s1 Таълимот дар бораи талоқ \p \v 1 Исо суханонашро ба охир расонда, аз вилояти Ҷалил сӯи сарзамини Яҳудия, ки дар дигар тарафи дарёи Урдун ҷойгир буд, раҳсипор шуд. \v 2 Аз паси Ӯ тӯда-тӯдаи одамон низ рафтанд ва дар он ҷо Ӯ онҳоро шифо бахшид. \p \v 3 Баъд чанд нафаре аз фарисиён Исоро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯи шариат мумкин аст, ки мард бо ҳар сабабе, ки хоҳад, аз занаш ҷудо шавад?» \v 4 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки „Офарандаи одамизод аз ибтидо онҳоро мард ва зан офаридааст“? \v 5 Боз дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Бинобар ин мард бояд аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш бипайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд“. \v 6 Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд. Пас, бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст». \p \v 7 Фарисиён боз саволе доданд: «Пас, чаро Мӯсо фармудааст, ки барои ҷудо шудан мард бояд ба занаш талоқномае навишта ҷавоб диҳад?» \v 8 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ба сабаби сангдилиатон Мӯсо иҷозати ҷудо шуданро додааст, аммо аз аввал ин тавр набуд. \v 9 Ман ҳоло ба шумо мегӯям, агар марде бо ҳар сабабе (ғайр аз сабаби бевафоии занаш) аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, вай гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад». \p \v 10 Шогирдони Исо гуфтанд: «Устод, агар вазифаи шавҳар нисбат ба зан ин хел бошад, он гоҳ ба мард беҳтар аст, ки тамоман зан нагирад». \v 11 «На ҳама ин гуфтаҳоро қабул карда метавонанд, — ҷавоб дод Вай, — фақат касоне, ки Худо ба онҳо насиб гардондааст. \v 12 Зеро мардон бо сабабҳои гуногун зан намегиранд: баъзеҳо мисли ахташуда таваллуд мешаванд, баъзеҳоро одамон ахта мекунанд ва баъзеҳо бо нияти ба Худо хизмат кардан зан намегиранд. Бигзор касе, ки ин гуфтаҳоро қабул карда метавонад, қабул кунад». \s1 Баракат ёфтани кӯдакон \p \v 13 Баъзе касон ба назди Исо кӯдаконро оварданд, то ки Ӯ ба сари онҳо даст гузошта барояшон дуо кунад. Шогирдон инро дида, онҳоро сарзаниш намуданд. \v 14 Аммо Исо гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд». \v 15 Баъд бо нияти баракат додан ба сари кӯдакон даст гузошту аз он ҷо рафт. \s1 Таълимот дар бораи хавфи сарват \p \v 16 Боре як мард пеши Исо омада, аз ӯ пурсид: «Устод, барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ некие бояд кунам?» \v 17 Ӯ ба мард ҷавоб дод: «Чаро аз Ман дар бораи чизи нек мепурсӣ? Фақат як кас нек аст. Агар хоҳӣ, ки ҳаёти абадӣ насибат гардад, фармоишҳоро риоя намо». \v 18 «Кадом фармоишҳоро?» — пурсид мард. \p Исо ба номбар кардани фармоишҳо даромада гуфт: «Одамкушӣ накун, алоқаи беникоҳ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, \v 19 падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо ва шахсеро, ки наздики ту аст, мисли худат дӯст бидор». \v 20 Ҷавонмард ҷавоб дод: «То ба имрӯз ҳамаи ин фармоишҳоро риоя кардаам. Ғайр аз ин боз чӣ карданам лозим аст?» \v 21 Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ, ки комил бошӣ, рафта, тамоми молу мулкатро фурӯшу пулашро ба камбағалон тақсим бикун. Он гоҳ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». \p \v 22 Ҷавонмард хеле сарватманд буд, бинобар ҳамин бо шунидани ин суханон андӯҳгин гашта, аз он ҷо рафт. \p \v 23 Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба подшоҳии Худо дохил шудани шахси сарватманд бениҳоят душвор аст. \v 24 Боз мегӯям, ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳии Худо дохил шавад». \p \v 25 Шунидани ин суханон шогирдонро ба ҳайрат оварду онҳо пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» \v 26 Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Ба инсон ин корро кардан ғайриимкон аст, вале бо Худо аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан мумкин аст». \p \v 27 Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем. Пас насиби мо чист?» \v 28 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, вақте ки давраи нав сар мешаваду Фарзанди Инсон бар тахти пуршукӯҳи худ менишинад, дувоздаҳ нафари шумо низ, ки Маро пайравӣ кардаед, бар тахтҳо нишаста ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ хоҳед кард. \v 29 Инчунин, ҳар касе ки барои Ман шуда аз баҳри хонаҳо, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳамаи инро сад маротиба зиёдтар пайдо мекунад ва дар оянда зиндагии абадӣ низ насибаш мегардад. \v 30 Лекин бисёри онҳое, ки ҳоло дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд ва онҳое, ки дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд». \c 20 \s1 Масал дар бораи мардикорони токзор \p \v 1 Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: як заминдор барои ба токзораш киро кардани мардикорон саҳарии барвақт ба бозор баромад. \v 2 Ӯ якчанд мардикорро ёфта, онҳоро бо якдинорӣ ба рӯзи кориашон киро карду ба токзораш фиристод. \v 3 Соати қариби нӯҳ вай боз ба бозор рафт ва дар он ҷо якчанд марди бекористодаро дида, \v 4 ба онҳо гуфт: „Шумо ҳам ба токзори ман рафта кор кунед, баъд ман шуморо розӣ мекунам“. Онҳо рафтанд. \v 5 Заминдор соатҳои тақрибан дувоздаҳ ва се низ рафта мардикоронро киро кард. \v 6 Қариби соати панҷ буд, ки вай боз ба бозор рафт ва боз якчанд марди бекористодаро дида пурсид: „Чаро шумо тамоми рӯзатонро бе кор гузаронда истодаед?“ \v 7 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: „Чунки ҳеҷ кас моро киро накард“. „Хайр, набошад, ба токзори ман рафта кор кунед“, — таклиф кард соҳиби токзор. \p \v 8 Бо наздикшавии шом соҳиби токзор ба назоратчиаш гуфт: „Рафта мардикоронро ҷеғ зану аз онҳое, ки охирин киро кардам, сар карда то ба онҳое, ки аввал киро кардам, бо навбат музди корашонро деҳ“. \v 9 Мардикороне, ки соати панҷ киро шуда буданд, ҳар кадоме якдинорӣ музд гирифтанд. \v 10 Инак, онҳое, ки аввал киро шуда буданд, фикр карданд, ки бештар музд мегиранд, аммо бо расидани навбати онҳо, ҳар кадоме аз онҳо низ якдинорӣ гирифтанд. \v 11 Онҳо пулашонро гирифта, аз соҳиби токзор шикоят карданд: \v 12 „Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд. Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз арақи ҷабин рехта кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!“ \v 13 Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Ҳой, ҷӯра! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки ба як рӯзи кориат як динор диҳам? \v 14 Ана, пулатро гиру ба хонаат рав. Ба ин марди охирин киро кардаам бошад, ман хостам баробари ту музд диҳам. \v 15 Чӣ магар ман ҳақ надорам, чи хеле ки хоҳам, ҳамон хел пуламро сарф кунам? Ё ба саховатмандии ман ҳасад мебарӣ?“» \p \v 16 Дар хотима Исо гуфт: «Пас, касоне, ки ҳоло дар сафи пеш истодаанд, дар сафи ақиб хоҳанд шуд ва касоне, ки ҳоло дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш хоҳанд шуд\f + \fr 20:16 \ft 20:16 Дар баъзе нусхаҳои қадим дохил шудааст: «Зеро даъватшудагон бисёранд, аммо интихобшудагон каманд».\f*». \s1 Марги худро пешгӯӣ кардани Исо \p \v 17 Исо ба сӯи Ерусалим роҳравон шогирдонашро ба як тарафе бурда танҳо ба онҳо гуфт: \v 18 «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда, \v 19 ба дасти беимонон месупоранд. Беимонон бошанд, Ӯро масхараву қамчинкорӣ карда, оқибат ба салиб мехкӯб менамоянд. Лекин Вай дар рӯзи сеюм аз нав зинда мешавад». \s1 Хоҳиши модари ду шогирд \p \v 20 Дар ин миён зани Забдой бо ду писараш назди Исо омада, ба Ӯ таъзим карду чизе хоҳиш карданӣ шуд. \p \v 21 Исо пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ?» «Мехоҳам, амр кунӣ, ки ҳангоми подшоҳӣ карданат писарони ман аз дасти чапу рости Ту бишинанд», — ҷавоб дод зан. \p \v 22 Исо ба писарони зан гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, шумо нӯшида метавонед?» \p «Метавонем», — ҷавоб доданд онҳо. \p \v 23 Ӯ гуфт: «Бале, шумо дар ҳақиқат аз косаи Ман хоҳед нӯшид. Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, ҳақ надорам. Ин ҷойҳо насиби онҳое мешаванд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст». \p \v 24 Даҳ шогирди дигар ин гуфтугӯйро шунида, ба ин ду бародар сахт қаҳрашон омад. \v 25 Он гоҳ Исо ҳамаи онҳоро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Шумо хуб медонед, ки подшоҳон ва ҳокимони халқҳо ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро бар онҳо мегузаронанд. \v 26 Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар кас ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад \v 27 ва ҳар кас ки мехоҳад дар сафи пеш истад, бояд ғуломи дигарон бошад. \v 28 Айнан чӣ тавре ки Фарзанди Инсон на барои он омадааст, ки касе ба Ӯ хизмат кунад, балки омад, то ки ба дигарон хизмат кунад ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонашро фидо кунад». \s1 Шифо ёфтани ду марди нобино \p \v 29 Баъдтар Исо бо шогирдонаш аз шаҳри Ериҳӯ ба роҳ баромада буд, ки мардуми зиёде аз пайи онҳо рафтанд. \v 30 Воқеан ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузашта истодани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!» \p \v 31 Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!» \p \v 32 Исо аз роҳаш бозистода онҳоро ба наздаш хонд ва пурсид: «Шумо чӣ мехоҳед? Бароятон чӣ кор кунам?» \v 33 Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Хоҷа, мехоҳем, ки чашмонамонро бино кунед». \p \v 34 Дили Исо ба ҳоли онҳо сӯхту ба чашмонашон даст гузошт. Худи ҳамон лаҳза чашмони он ду мард бино шуданд ва онҳо аз паси Исо рафтанд. \c 21 \s1 Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо \p \v 1 Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Ерусалим наздик шуда истода, ба деҳаи Байт-Фоҷии назди теппаи Зайтун расида омаданд. Пас, Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода, \v 2 ба онҳо чунин гуфт: «Ба қишлоқи дар пешистода равед ва ҳамин ки ба он ҷо рафта расидед, модахари басташудаеро якҷоя бо бачааш меёбед. Банди вайро кушоеду ҳардуяшро ба наздам биёред. \v 3 Агар касе ягон гап занад, гӯед, ки онҳо ба Худованд даркор шуданд ва ӯ даррав ба бурдан иҷозат медиҳад». \p \v 4 Ин ҳодиса барои ба амал омадани суханони пайғамбар рӯй дод, ки чунин гуфта буд: \q1 \v 5 «Ба сокинони шаҳри Ерусалим бигӯед: \q2 „Ана, Шоҳи шумо ба наздатон омада истодааст. \q1 Шоҳи хоксор, ки харсавор, \q2 болои бачаи модахаре омада истодааст“». \p \v 6 Инак, ду шогирдаш рафта гуфтаи Исоро иҷро карданд. \v 7 Онҳо модахарро бо бачааш оварда, ҷомаҳои худро ба болои онҳо партофтанд ва Исо савор шуд. \v 8 Мардуми зиёде, ки бо Исо буданд, ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, баъзеашон бошанд, навдаҳои дарахтонро бурида, аз рӯи иззат сари роҳаш мегузоштанд. \v 9 Мардум аз пешу қафои Исо роҳравон бо овози баланд дод мезаданд: «Шаъну шараф ба Насли Довуд! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!» \p \v 10 Вақте ки Ӯ ба Ерусалим ворид гашт тамоми шаҳр ба ҳаяҷон омад. Одамон «Ин кист?» гуфта мепурсиданд. \v 11 Мардуме, ки аз пайи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст. \s1 Пок намудани Хонаи Худо \p \v 12 Сипас, Исо ба ҳавлии Хонаи Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки бо хариду фурӯш машғул буданд, аз он ҷо берун ронд. Мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа карда \v 13 гуфт: «Дар навиштаҷот гуфтаҳои Худо омадаанд, ки „Хонаи Ман ҷои дуогӯӣ номида мешавад“. Шумо бошед, онро ба паноҳгоҳи дуздон табдил додаед». \p \v 14 Дар ин мобайн кӯрон ва лангон дар Хонаи Худо назди Исо омаданд ва Ӯ онҳоро шифо дод. \p \v 15 Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бо дидани мӯъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани доди кӯдакон, ки дар Хонаи Худо «Шаъну шараф ба Насли Довуд!» мегуфтанд, ба ғазаб омаданд. \v 16 Онҳо ба Вай гуфтанд: «Магар Ту намешунавӣ, ки кӯдакон чӣ гуфта истодаанд?» \p «Албатта мешунавам, — ҷавоб дод Исо ва илова кард, — Магар шумо дар навиштаҷот ин гуфтаҳоро нахондаед: \q1 „Забони кӯдакону тифлҳои ширхорро \q1 Ту асбоби ситоиши худ гардондӣ“?» \p \v 17 Бо ин суханон Исо онҳоро тарк карду аз шаҳр берун шуда, ба деҳаи Байт-Ҳинӣ рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд. \s1 Хушк шудани дарахти анҷир \p \v 18 Бомдодон Ӯ ба шаҳр баргашта истода буд, ки гурусна монд. \v 19 Воқеан дар сари роҳаш дарахти анҷиреро дида, ба назди он омад. Аммо ба ғайр аз баргҳо дар он ҳеҷ чиз наёфта, ба дарахт гуфт: «Акнун, ту ҳаргиз мева нахоҳӣ дод». Фавран дарахт аз бехаш хушк шуд. \p \v 20 Шогирдон ин ҳодисаро дида, бо тааҷҷуб пурсиданд: «Устод, чӣ хел шуд, ки дарахти анҷир якбора аз бехаш хушк шуд?» \v 21 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар шумо бовар кунеду шубҳа надошта бошед, он гоҳ он кореро, ки Ман бо дарахти анҷир кардам, шумо ҳам карда метавонед. Ва на фақат ин корро, балки, агар шумо ҳатто ба кӯҳ гӯед, ки бархеста ба баҳр биафтад, сухани гуфтаатон иҷро мешавад. \v 22 Агар шумо бовар кунед, он гоҳ ҳар чӣ дар дуо талаб кунед, ба даст меоваред». \s1 Савол дар бораи ҳуқуқи Исо \p \v 23 Исо ба Хонаи Худо баргашта, машғули таълимдиҳӣ шуд, ки сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ба наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Кӣ ба Ту ин ҳаққу ҳуқуқро додааст?» \v 24 Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо як саволе дорам. Агар ба он ҷавоб диҳед, он гоҳ мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунам. \v 25 Бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» \p Онҳо байни якдигар баҳс карда гуфтанд: «Агар „Худо дода буд“ гӯем, Ӯ мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардем. \v 26 Аммо агар „инсон“ гӯем, халқ зидди мо мебарояд, чунки ба пайғамбар будани Яҳё эътиқод дорад». \v 27 Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд. \p Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунам». \s1 Масал дар бораи ду писар \p \v 28 Исо суханашро давом дода гуфт: «Дар бораи ин ҳикоя чӣ фикр доред? Марде ду писар доштааст. Рӯзе вай пеши писари калониаш омада мегӯяд: „Писарам, имрӯз ба токзор рафта кор кун“. \v 29-30 \vp 29–30\vp* Писараш бошад, „намеравам“ мегӯяд. Баъд падараш рафта, аз писари дуюмаш хоҳиш мекунад. Писари дуюмаш „хуб шудааст“ гуфта ҷавоб медиҳад. Лекин баъдтар писари калонӣ аз фикраш гашта ба токзор меравад. Писари дуюмаш бошад, намеравад». \v 31 Исо аз сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм пурсид: «Инак, кадоме аз писарон хости падарашро иҷро кард?» \p «Писари калониаш», — ҷавоб доданд онҳо. \p Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки одамони радди маърака, яъне андозгирон ва фоҳишаҳо пеш аз шумо ба подшоҳии Худо дохил шуда истодаанд. \v 32 Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда ба назди халқамон барои роҳи ростро нишон додан омад, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, андозгирон ва фоҳишаҳо бошанд, бовар карданд. Ҳатто баъд аз дидани ҳамаи ин шумо аз фикратон нагаштед ва бовар накардед. \s1 Масал дар бораи иҷоракорон \p \v 33 Ба масали дигаре гӯш андозед, — гуфт ӯ. Як заминдор токзор бунёд карда, гирди онро девор мегирад. Барои фишурдани ангур ҳавз мекобад ва дидбонгоҳе месозад. Баъд токзорашро ба чанд нафаре иҷора медиҳаду хонаашро монда ба кишвари дигар сафар мекунад. \p \v 34 Бо фаро расидани вақти ҳосилғундорӣ соҳиби токзор барои гирифтани ҳаққи ҳосил хизматгоронашро назди иҷоракорон мефиристад. \v 35 Аммо иҷоракорон хизматгорони ӯро дастгир карда, якеашро мезананд, дигареро мекушанд ва сеюмро сангсор мекунанд. \v 36 Соҳиби токзор аз дафъаи аввал дида бештар хизматгоронашро мефиристад. Аммо иҷоракорон бо онҳо низ ҳамон тавр рафтор мекунанд. \v 37 Оқибат, соҳиби токзор „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро назди онҳо мефиристад. \v 38 Лекин иҷоракорон писарро дида, ба якдигар мегӯянд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва ба меросаш соҳиб мешавем!“ \v 39 Бо ин қарор онҳо писарро дастгир мекунанду вайро аз токзор берун бароварда мекушанд». \p \v 40 Баъд Исо савол дод: «Хӯш, вақте ки худи соҳиби токзор бармегардад, бо ин иҷоракорон чӣ хел рафтор мекунад?» \v 41 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ҳатман он бадонро бераҳмона хоҳад кушт. Токзорро бошад, ба иҷоракорони дигар медиҳад, ки ҳаққи ҳосилашро дар вақташ медиҳанд». \p \v 42 Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот чунин гуфтаҳоро боре ҳам нахондаед: \q1 „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, \q2 санги асосии таҳкурсии бино гардид. \q1 Ин кори Худованд аст \q2 ва ба назарамон аҷиб менамояд“? \p \v 43 Бинобар ин, ба шумо мегӯям, ки имконияти аз они подшоҳии Худо будан аз шумо гирифта мешавад ва ба халқҳое дода мешавад, ки хости Худоро иҷро мекунанд. \v 44 Ҳар касе, ки ба болои он санг меғалтад, шикаста майда-майда мешавад, вале агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад». \p \v 45 Сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён масалҳои Исоро шунида, фаҳмиданд, ки Вай дар бораи онҳо нақл карда истодааст. \v 46 Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада метарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар ҳисоб мекарданд. \c 22 \s1 Масал дар бораи базми тӯй \p \v 1 Исо боз ба сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм рӯ оварда гуфт: \v 2 «Подшоҳии Худоро бо чунин масал тасвир кардан мумкин: подшоҳе писарашро хонадор карданӣ шуда, базм барпо мекунад \v 3 ва хизматгоронашро барои даъват кардани меҳмонон мефиристад. Аммо даъватшудагон омадан нахостанд. \v 4 Шоҳ дигар хизматгоронашро фиристода мегӯяд: „Рафта ба даъватшудагон гӯед, ки ба тӯй биёянд, чунки барзагову гӯсолаҳои беҳтарин аллакай кушта шудаанду ҳама чиз барои зиёфат тайёр аст“. \v 5 Лекин даъватшудагон ба суханони хизматгорон эътибор надода, ҳар якеашон бо кори худашон машғул мешаванд: як қисмашон ба саҳроҳои худ мераванд, қисми дигарашон ба дӯконҳои худ, \v 6 баъзеашон бошанд, хизматгоронро дошта, латукӯб мекунанду мекушанд. \p \v 7 Шоҳ ба қаҳру ғазаб омада, сарбозонашро назди он одамкушон мефиристад, ки онҳоро нобуд карда шаҳрашонро сӯзонанд. \v 8 Ба хизматгоронаш бошад, мегӯяд: „Зиёфати тӯй тайёр аст, аммо ин даъватшудагон садқаи зиёфатам шаванд. \v 9 Ҳоло ба кӯчаҳои серодам раведу чӣ қадар бисёртар одамонро ёфта тавонед, ҳамаашонро таклиф кунед“. \v 10 Хизматгорон ба кӯчаҳо рафта, ҳар касеро, ки меёфтанд, баду некро фарқ накарда ба тӯйхона ҷамъ меоварданд. Оқибат тӯйхона пури одам шуд. \p \v 11 Вақте ки шоҳ барои дидани меҳмонон ба тӯйхона медарояд, чашмаш ба марде меафтад, ки либосаш идона нест. \v 12 „Эй ҷӯра, — муроҷиат мекунад ба ӯ шоҳ, — чӣ тавр ту ба ин ҷо бе либоси идона даромада омадӣ?“ Вале он мард чӣ гуфтанашро намедонист. \p \v 13 Он гоҳ шоҳ ба хизматгоронаш фармон дода мегӯяд: „Дасту пои ин мардро баста ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“». \v 14 Исо суханонашро хотима дода гуфт: «Донед, ки бисёр касон даъват шудаанд, лекин интихобшудагон кам ҳастанд». \s1 Вазифаи одамон назди ҳокимон ва Худо \p \v 15 Он гоҳ фарисиён як тараф ҷамъ шуда, нақша кашиданд, ки чӣ тавр Исоро бо сухан ба дом афтонанд. \v 16 Пас, онҳо чанд нафар аз шогирдонашон ва аъзоёни ҳизби ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд. Фиристодашудагон гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва ба мавқею дараҷаи одамон эътибор надода, бе хушомадгӯӣ роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. \v 17 Бигӯед, ба фикри Шумо, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?» \p \v 18 Исо, ки аз нияти бади онҳо бохабар буд, ҷавоб дод: «Ҳой, дурӯяҳо! Чаро Маро ба дом афтонданӣ ҳастед?! \v 19 Канӣ, динори андоз месупоридагиро ба Ман оварда нишон диҳед-чӣ!» Онҳо динорро ба Исо нишон доданд \v 20 ва Ӯ пурсид: «Дар он акс ва номи киро мебинед?» \v 21 «Императорро», — ҷавоб доданд онҳо. \p Он гоҳ Ӯ ба онҳо гуфт: «Он чи аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чи аз они Худост, ба Худо». \p \v 22 Аз шунидани чунин ҷавоб онҳо бениҳоят ҳайрон шуданд ва бо ҳамин ҳолат аз наздаш рафтанд. \s1 Савол дар бораи аз нав зиндашавӣ \p \v 23 Худи ҳамон рӯз баъзе аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба назди Исо омада, ба Вай чунин савол доданд: \v 24 «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо чунин навиштааст, ки агар касе зан гираду фарзанд надида аз олам гузарад, бародараш бояд зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад. \v 25 Инак, бо мо ҳафт бародар буданд ва калониаш зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид. Он гоҳ бародари дуюм бевазанро ба никоҳаш даровард. \v 26 Баъд бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум бо ҳамаашон айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод. \v 27 Оқибат зан ҳам вафот кард. \v 28 Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз ҳафт бародарон мешавад? Охир ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд!» \p \v 29 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Шумо хато мекунед, чунки на мазмуни навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. \v 30 Зеро дар рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, онҳо зан намегиранду шавҳар намекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. \v 31 Дар бораи аз нав зиндашавии мурдагон бошад, магар гуфтаҳои Худоро боре ҳам нахондаед, ки гуфтааст: \v 32 „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам“. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст». \p \v 33 Мардум ин суханонро шунида аз таълимоти Ӯ дар тааҷҷуб монданд. \s1 Муҳимтарин қонуни Худо \p \v 34 Вақте фарисиён шуниданд, ки Исо саддуқиёнро бо ҷавоби худ забонкӯтоҳ кард, як гурӯҳ шуда омаданд. \v 35 Ва қонуншиносе аз байни онҳо барои озмудани Исо чунин савол дод: \v 36 «Устод, бигӯед, кадом қонуни шариат дар ҷои аввал меистад?» \p \v 37-38 \vp 37–38\vp* Исо ҷавоб дода гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин чунин мебошад, ки „Худованд Худои худро бояд бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми ақлу ҳушамон дӯст бидорем“. \v 39 Дуюмаш ҳам монанди он: „Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем“. \v 40 Ин ду қонун асоси тамоми шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон аст». \s1 Савол дар бораи Масеҳ \p \v 41 Ҳанӯз ки фарисиён ҷамъ буданд, Исо аз онҳо пурсид: \v 42 «Шумо дар бораи Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо чӣ ақида доред? Ба фикратон Вай аз насли кист?» «Аз насли шоҳ Довуд», — ҷавоб доданд онҳо. \v 43 Ӯ боз пурсид: «Пас, чаро худи Довуд бо таъсири Рӯҳи Муқаддас Ӯро Худованд хондааст? Охир Довуд гуфта буд: \q1 \v 44 „Худованд ба Худованди ман гуфт: \q2 «То вақте ки душманонатро зери поят нагузорам, \q2 аз дасти ростам бишин»“. \p \v 45 Агар Довуд Таъиншудаи Худоро „Худованд“ номида бошад, пас чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?» \p \v 46 Касе ба саволи Исо ҷавобе дода натавонист ва аз он лаҳза дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад. \c 23 \s1 Огоҳӣ аз худнамоии роҳбарони динӣ \p \v 1 Сипас Исо ба мардум ва шогирдонаш гуфт: \v 2 «Шариатдонон ва фарисиён барои шарҳ додани шариати Мӯсо ҳақ доранд. \v 3 Он чи онҳо шарҳ медиҳанд, гӯш кунед ва иҷро намоед. Бо вуҷуди ин, ба рафторашон тақлид накунед, чунки худи онҳо гуфтаҳояшонро иҷро намекунанд. \v 4 Онҳо борҳои гаронеро, ки бардоштанашон вазнин аст, ба дӯши одамон мегузоранд, аммо барои бардошта бурдани онҳо дасти ёрӣ ҳам дароз намекунанд. \v 5 Кору борашон фақат дар назди мардум худнамоӣ кардан аст. Ана, ба қуттичаҳои оятдори пешониашон нигоҳ кунед, чӣ хел васеанд! Ё ба пӯпакҳои домани либосашон нигоҳ кунед, чӣ хел дарозанд! \v 6 Онҳо дар базмҳо болонишиниро нағз мебинанд ва дар ибодатхонаҳо ба ҷойҳои беҳтарин мешинанд. \v 7 Ба онҳо маъқул аст, ки халқ дар бозорҳо бо иззату эҳтиром онҳоро „устод“ гуфта саломашон диҳанд. \v 8 Аммо шуморо набояд унвонҳои „устод“ диҳанд, зеро шумо барои якдигар бародар ҳисоб мешавед ва фақат як устод доред. \v 9 Унвони „падар“-ро низ ба касе дар рӯи замин надиҳед, азбаски фақат як Падар дар осмон доред. \v 10 Шуморо „раис“ ҳам набояд хонанд, чунки Масеҳ раиси яккаву ягонаи шумо аст. \v 11 Каси бузургтарин дар байни шумо бояд хизматгоратон бошад. \v 12 Ҳар касе, ки худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад». \s1 Айбдор намудани дурӯягии роҳбарони динӣ \p \v 13-14 \vp 13–14\vp* «Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо дари подшоҳии Худоро ба рӯи одамон баста, на худатон аз он медароеду на ба дигарон, ки даромадан мехоҳанд, роҳ медиҳед.\f + \fr 23:13-14 \ft 23:13–14 Дар баъзе нусхаҳои дигари навиштаҷот дохил шудааст: «Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо намоишкорона дуру дароз дуо мехонед, вале дар асл хонаҳои бевазанонро хӯрда ғорат мекунед! Барои ин коратон ҷазои сахттар мебинед!»\f* \p \v 15 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо бо баҳру хушкӣ роҳҳои дуру дароз тай менамоед, то ақаллан касеро пайдо кунед, ки ба дини шумо мегузашта бошад. Лекин, вақте ки чунин одамро пайдо мекунед, вайро аз худатон ду маротиба зиёдтар сазовори дӯзах мегардонед. \p \v 16 Вой бар ҳоли шумо, роҳнамоёни кӯр! Шумо таълим медиҳед, ки агар касе ба Хонаи Худо қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба тиллое, ки дар Хонаи Худо ҳаст, қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад. \v 17 Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки Хонаи Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад? \v 18 Шумо боз таълим медиҳед, ки агар касе ба қурбонгоҳ қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба қурбонии болои қурбонгоҳбуда қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад. \v 19 Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад? \p \v 20 Инак, касе ки ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, вай ҳам ба қурбонгоҳ ва ҳам ба ҳар қурбоние, ки болои он аст, қасам мехӯрад; \v 21 ва касе ба Хонаи Худо қасам хӯрад, вай ҳам ба Хонаи Худо ва ҳам ба Худо, ки дар он ҷо макон дорад, қасам мехӯрад. \v 22 Инчунин, касе ба осмон қасам хӯрад, вай ба тахти Худо ва ҳам ба касе, ки бар он тахт менишинад, қасам мехӯрад. \p \v 23 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо аз ҳосили зираву шибиту пудина ҳиссаи даҳумро месупоред, аммо таълимоти муҳимтарини шариатро дар бораи нишон додани адолат, раҳм ва вафодорӣ пурра риоя намекунед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед. \v 24 Эй роҳнамоёни кӯр! Шумо нӯшокиатонро аз дока мегузаронед, ки мабодо магас дар дарунаш набошад, аммо шутурро фурӯ мебаред. \p \v 25 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо беруни косаву пиёларо мешӯеду дарунашон бошад, аз он чизҳое, ки шумо бо зулму чашмгуруснагӣ ба даст овардаед, пур аст. \v 26 Эй фарисиёни кӯр! Аввал даруни косаро аз ифлосӣ тоза кунед, он гоҳ беруни он ҳам тоза мешавад! \p \v 27 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонон ва фарисиёни дурӯя! Чунки шумо мисли мақбараҳои сафедкардашуда ҳастед, ки аз берун намуди хуб доранд, аммо дарунашон пур аз устухонҳои мурдаҳо ва ҳар гуна ифлосиҳост. \v 28 Айнан ҳамин тавр намуди зоҳири шумо низ дар назари одамон ба накӯкорон монанд аст, аммо дарунатон пур аз дурӯягиву гуноҳ мебошад. \p \v 29 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо барои пайғамбарон ва накӯкорон мақбараҳои зебо сохта онҳоро оро медиҳед. \v 30 Боз мегӯед, ки агар дар замонҳои аҷдодонатон зиндагӣ мекардед, ҳаргиз ҳамроҳи онҳо ба хунрезии пайғамбарон даст намезадед. \v 31 Бо ин суханонатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки шумо дар ҳақиқат фарзандони ҳамон кушандагони пайғамбарон ҳастед. \v 32 Хӯш, кори сар кардаи аҷдодонатонро ҳоло шумо ба охир расонед! \v 33 Эй морон ва морзодагони маккор! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми ба дӯзах рафтан халосӣ ёфта метавонед? \v 34 Инак, ба шумо мегӯям, ки ба наздатон пайғамбарону ҳакимону муаллимонро мефиристам ва шумо баъзеи онҳоро мекушеду баъзеашонро ба салиб мехкӯб мекунед, баъзеашонро дар ибодатхонаҳои худ қамчинкорӣ карда, шаҳр ба шаҳр дунболагирӣ мекунед. \v 35 Ман онҳоро барои он мефиристам, ки ҷавобгарии марги ҳамаи одамони бегуноҳ, аз Ҳобили беайб сар карда то Закарёи писари Баракё, ки байни муқаддастарин ҷои Хонаи Худо ва қурбонгоҳ кушта шуда буд, ба гардани шумо афтад. \v 36 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ин насл барои ҳамаи ин кушторҳо ҷазо мебинад!» \s1 Дилсӯзии Исо дар ҳаққи Ерусалим \p \v 37 Исо суханонашро давом дода гуфт: «Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! \v 38 Акнун Хонаи Худо дар ту холӣ ва бепарастор мемонад. \v 39 Ҳоло ба шумо мегӯям, ки минбаъд то „Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид». \c 24 \s1 Азобу уқубатҳои дарпешистода \p \v 1 Исо Хонаи Худоро тарк карда, ба роҳ баромада буд, ки шогирдонаш ба наздаш омаданду диққаташро ба биноҳои Хонаи Худо ҷалб карданӣ шуданд. \v 2 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳоло ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад». \p \v 3 Ҳангоме ки Исо ба теппаи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо бигӯед, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Шумову наздикшавии охирзамонро аз кадом нишона мефаҳмем?» \p \v 4 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ накунад. \v 5 Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман Таъиншудаи Худо“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд. \v 6 Шумо садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, лекин ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад. \v 7 Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар ҳар ҷо қаҳтию гуруснагӣ ба амал меояд ва заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд. \v 8 Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди саршавии дарди зоидан мебошанд. \p \v 9 Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба дасти марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд. \v 10 Он гоҳ бисёр касон имонашонро аз даст медиҳанду ба якдигар хиёнат мекунанд ва якдигарро бад мебинанд. \v 11 Дар он айём пайғамбарони бардурӯғи зиёд пайдо мешаванд ва бисёр касонро гумроҳ мекунанд. \v 12 Бадиву разилӣ то андозае меафзояд, ки дар дили бисёр одамон муҳаббат намемонад. \v 13 Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт. \v 14 Ин хушхабар дар бораи подшоҳии Худо бошад, дар саросари дунё эълон карда мешавад, то ки ҳар халқ имконияти шунидани онро пайдо кунад. Танҳо баъд аз ин охирзамон меояд. \s1 Ифлосии ҳаромкунанда \p \v 15 Шумо дар ҷои муқаддас ҳамон „ифлосиҳоеро, ки Хонаи Худоро ҳаром мекунанд“ ва Дониёл пайғамбар дар бораашон пешгӯӣ карда буд, мебинед». (Бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад). \v 16 «Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. \v 17 Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе аз хона поён нафарояд. \v 18 Агар касе дар саҳро бошад, ҳатто барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад. \v 19 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт! \v 20 Дуо кунед, ки гурехтани шумо ба зимистон ё рӯзи истироҳат рост наояд. \v 21 Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод. \v 22 Аммо Худо он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин касе зинда намемонд. Ба хотири интихобкардагонаш Худо он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард. \p \v 23 Пас, агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, ана Таъиншудаи Худо дар ин ҷост!“ ё „Ӯ ана дар он ҷост!“, бовар накунед. \v 24 Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд, аммо дар асл чунин нестанд. Онҳо ба фиреб додани ҳама ва ҳатто одамоне, ки Худо барои худ интихоб кардааст, кӯшиш карда, мӯъҷизаҳои аҷоибу ғароиб нишон медиҳанд. \v 25 Ана, Ман пешакӣ шуморо огоҳ карда мондам. \p \v 26 Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!“, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар ҷои пинҳонӣ аст!“, бовар накунед. \v 27 Чунки омадани Фарзанди Инсон мисли дурахши барқе мешавад, ки тамоми осмонро аз шарқ то ба ғарб фаро мегирад. \p \v 28 Ҷои ҷасади мурда аз он маълум аст, ки паррандаҳои лошахӯр он ҷо гирд меоянд. \s1 Нишонаи омадани Фарзанди Инсон \p \v 29 Баъд аз азобу даҳшати он рӯзҳо фавран офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд. \v 30 Он вақт нишонаи омадани Фарзанди Инсон дар осмон намоён мегардад ва дар болои абр бо қудрат ва шӯҳрату ҷалол омадани Ӯро ҳамаи одамони рӯи замин дида гиряву нола мекунанд. \v 31 Фарзанди Инсон фариштаҳои худро бо садои баланди карнай барои аз ҳар гӯшаву канори дунё ҷамъ кардани интихобкардагонаш мефиристад. \s1 Масал дар бораи дарахти анҷир \p \v 32 Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. \v 33 Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст. \v 34 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд. \v 35 Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд. \s1 Маълум набудани рӯзу соати омадани Фарзанди Инсон \p \v 36 Лекин кай фаро расидани он рӯзу соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар. \v 37 Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон бошад, айнан ҳамон воқеае рӯй медиҳад, ки дар замони Нӯҳ пайғамбар рӯй дода буд. \v 38 Дар он рӯзҳо ҳам пеш аз саршавии тӯфон ва обхезӣ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд. То он рӯзе, ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ҳамин тавр давом медод. \v 39 Баъд аз он ҳам одамон аз дунё бехабар буданд, то даме ки тӯфон сар шуду об ҳамаи онҳоро несту нобуд кард. Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон низ чунин ҳодиса рӯй медиҳад. \v 40 Он вақт ду кас дар саҳро кор мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. \v 41 Ду зан дар осиёб гандум орд мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. \v 42 Пас, ҳушёр бошед, чунки рӯзи омадани Худовандатонро намедонед. \v 43 Бидонед, ки агар соҳибхона вақти омадани дуздро донад, вай тамоми шаб бедор меистад ва намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд. \v 44 Аз ин рӯ, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки шумо мунтазираш нестед. \s1 Хизматгорони бовафо ва бевафо \p \v 45 Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки соҳибаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъин мекунад ва ба хизматгорон дар вақташ тақсим карда додани хӯрокро ба ӯҳдааш мегузорад. \v 46 Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад. \v 47 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд. \v 48 Аммо агар вай хизматгори бад бошад, фикр мекунад, ки соҳибаш дер меояд ва \v 49 хизматгорони дигарро латукӯб карда, ҳамроҳи майзадаҳо машғули хӯрдану нӯшидан мешавад. \v 50 Ана, дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш баргашта, \v 51 ин хизматгорро ду пора мекунад ва вай ба ҷое, ки дурӯяҳо аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд, партофта мешавад». \c 25 \s1 Масал дар бораи даҳ духтар \p \v 1 Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: даҳ духтар чароғ ба даст гирифта, ба пешвози домод мебароянд. \v 2-4 \vp 2–4\vp* Панҷ нафари онҳо кӯтоҳандеш буданд, чунки дар вақти гирифтани чароғҳояшон равғани иловагӣ намегиранд. Аммо панҷ нафари дигарашон дурандеш буданду дар зарфҳо барои чароғҳояшон боз равғани иловагӣ мегиранд. \p \v 5 Онҳо домодро мунтазир мешаванд, вале ӯ хеле дер мекунад ва духтарон пинак рафта, оқибат хобашон мебарад. \p \v 6 Нисфи шаб садои баланд шунида мешавад: „Ана домод омада истодааст! Ӯро пешвоз гиред!“ \v 7 Духтарон бедор шуда, зуд чароғҳояшонро тайёр мекунанд. \v 8 Он гоҳ кӯтоҳандешон ба дурандешон мегӯянд: „Аз равғанатон камтар диҳед, вагарна чароғҳоямон хомӯш мешаванд“. \v 9 „Не, — ҷавоб медиҳанд дурандешон, — ин равған ба ҳамаамон намерасад. Беҳтараш рафта, аз дӯкон харида биёед“. \v 10 Кӯтоҳандешон барои харидани равған сӯи дӯкон равона мешаванд. Онҳо рафтан замон домод ҳам расида меояд. Панҷ духтаре, ки ба пешвозаш тайёр буданд, ҳамроҳи домод ба тӯйхона медароянд ва дарҳои тӯйхона баста мешаванд. \p \v 11 Дертар он панҷтои боқимонда ҳам расида меоянд ва дод мезананд: „Хоҷа, эй хоҷа! Дарҳоро бароямон кушоед!“ \v 12 Аммо ӯ дар ҷавоб ба онҳо мегӯяд: „Ба ростӣ мегӯям, ки шуморо намешиносам“. \p \v 13 Хуллас, — гуфт Исо, — ҳушёру бедор бошед, чунки вақту соати омадани Фарзанди Инсонро намедонед. \s1 Масал дар бораи се хизматгор \p \v 14 Дар вақти подшоҳии Худо ҳодисае рӯй медиҳад, ки монанди ин масал аст: марде ба сафар баромаданӣ шуда хизматгоронашро ба наздаш даъват мекунад ва масъулияти идора кардани тамоми молу мулкашро ба ӯҳдаи онҳо мегузорад. \v 15 Инчунин, ба ҳар хизматгор мувофиқи қобилияташ тангаҳои тилло медиҳад: ба якеаш панҷ ҳазор, ба дуюмаш ду ҳазор ва ба сеюмаш ҳазор танга. Баъд роҳи сафарро пеш мегирад. \p \v 16 Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, онҳоро зуд ба муомилот медарораду аз он панҷ ҳазори дигар фоида мебинад. \v 17 Хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, низ ҳамин тавр амал карда боз ду ҳазори дигар фоида мебинад. \v 18 Аммо хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, рафта чоҳе меканаду тангаҳои хоҷаашро дар ҳамон ҷо пинҳон мекунад. \p \v 19 Баъд аз гузаштани вақти зиёд хоҷаи он хизматгорон баргашта бо онҳо ҳисобу китоб мекунад. \v 20 Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, омада ба хоҷааш тангаҳоро бо панҷ ҳазор фоидааш супорида мегӯяд: „Хоҷаам, шумо ба ман панҷ ҳазор тангаи тилло дода будед. Ана дар ин ҷо боз панҷ ҳазор фоидае, ки ба даст овардам“. \v 21 „Офарин, хизматгори неку вафодорам, — таъриф мекунад ӯро хоҷааш. — Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“ \v 22 Инчунин хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, даромада мегӯяд: „Хоҷаам, шумо ба ман ду ҳазор тангаи тилло дода будед. Ана дар ин ҷо боз ду ҳазор фоидае, ки ба даст овардам“. \v 23 „Офарин, хизматгори неку вафодорам, — таъриф мекунад ӯро хоҷааш. — Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“ \v 24 Он хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, низ ба пеш баромада мегӯяд: „Хоҷаам, ман медонистам, ки шумо одами сахтгир ҳастед; аз он ҷое, ки накоштаед, ҳосил ҷамъ мекунеду аз он ҷое, ки дон напошидаед, ғалла мегиред. \v 25 Ман аз тарс рафта тангаҳоятонро дар замин пинҳон кардам. Ана он пули шумо додагӣ“. \v 26 „Ту хизматгори баду танбал будаӣ! — ҷавоб медиҳад хоҷааш. — Ту медонистӣ, ки ман аз он ҷое, ки накоштаам, ҳосил ҷамъ мекунаму аз он ҷое, ки дон напошидаам, ғалла мегирам, ҳамин тавр не? \v 27 Пас, ту бояд пули маро ба муомилот медодӣ ва ман ҳангоми баргаштанам пуламро бо фоидааш мегирифтам. \v 28 Ҳоло пулро аз вай гирифта ба хизматгоре диҳед, ки даҳ ҳазор танга дорад. \v 29 Зеро ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз ҳам ва аз ҳад зиёдтар дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад. \v 30 Ин хизматгори нобакорро бошад, ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“. \s1 Ҷавобдиҳӣ дар охирзамон \p \v 31 Вақте ки Фарзанди Инсон ҳамчун Шоҳ ҳамроҳи ҳамаи фариштаҳо меояд, Ӯ бар тахти шоҳонаи худ мешинад \v 32 ва ҳамаи халқиятҳои рӯи замин дар пеши Ӯ ҷамъ меоянд. Он гоҳ Вай мисли чӯпоне, ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекарда бошад, одамонро ба ду тараф тақсим мекунад. \v 33 Одамони накӯкорро Вай аз тарафи дасти росташ мегузораду боқимондаҳоро аз тарафи дасти чапаш. \v 34 Баъд Шоҳ ба одамони дар тарафи росташ буда мегӯяд: „Хуш омадед, шумо, ки Падарам баракат додааст! Омада дар подшоҳии Худо, ки аз вақти офариниш бароятон насиб гардидааст, баҳраву ҳаловат баред. \v 35 Чунки вақте гурусна будам, ба Ман хӯрок додед, ташна будам, нӯшокӣ додед, бегона будам, Маро дар хонаатон меҳмон кардед, \v 36 бараҳна будам, ба Ман либос пӯшондед, бемор будам, ба Ман ғамхорӣ кардед ва дар ҳабс будам, Маро хабар гирифтед“. \v 37 Накӯкорон бошанд, аз Ӯ мепурсанд: „Худованд, кай мо Туро гуруснаву ташна дида будем, ки бароят хӯроку нӯшокӣ дода бошем? \v 38 Ё кай Туро бегонаву бараҳна дида будем, ки меҳмон карда ба Ту либос пӯшонда бошем? \v 39 Кай Туро бемор ё дар ҳабс дида будем, ки хабар гирифта бошем?“ \v 40 Шоҳ ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман мекардед, шумо инро ба Ман мекардед!“ \p \v 41 Сипас ба одамони дар тарафи чапаш буда мегӯяд: „Дафъ шавед аз пеши назарам, лаънатиҳо! Гум шавед ба оташи абадие, ки барои иблис ва фариштаҳои вай тайёр шуда буд! \v 42 Чунки вақте гурусна будам, хӯроке надодед, ташна будам, нӯшокӣ надодед, \v 43 бегона будам, дар хонаатон меҳмон накардед, бараҳна будам, ба Ман либос напӯшондед, бемор ва дар ҳабс будам, Маро хабар нагирифтед“. \v 44 Он гоҳ онҳо ҳам мепурсанд: „Худованд, мо кай Туро гуруснаву ташна, бегонаву бараҳна ё бемору дар ҳабсхона дида будем, ки хизмат накарда бошем?“ \v 45 Шоҳ ба онҳо ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман намекардед, пас гӯё барои Ман накардаед“. \v 46 Ниҳоят, ин одамон ба ҷое меафтанд, ки то абад ҷазо мебинанд, аммо накӯкорон соҳиби ҳаёти абадӣ мешаванд». \c 26 \s1 Нақшаи куштани Исо \p \v 1 Исо таълим додани ҳамаи ин чизҳоро ба охир расонда, ба шогирдонаш гуфт: \v 2 «Чунон ки медонед, баъд аз ду рӯз ҷашнгирии рӯзи Балогардон сар мешавад. Он вақт Фарзанди Инсон ба дасти душманонаш таслим карда мешаваду Ӯро ба салиб мехкӯб мекунанд». \p \v 3 Он гоҳ дар қасри Қаёфо ном сарвари рӯҳониён сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ҷамъ омаданд. \v 4 Онҳо нақша кашиданд, ки бо ҳила Исоро дастгир мекунанду Ӯро ба қатл мерасонанд. \v 5 Аммо қарор карданд, ки ин корашонро дар рӯзҳои ид накунанд, чунки халқ шӯриш бардоштанаш мумкин буд. \s1 Ба сари Исо рехтани атри қиматбаҳо \p \v 6 Исо он вақт дар деҳаи Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном марде, ки пештар махав буд, меҳмон шуд. \v 7 Ҳангоми таомхӯрӣ ба назди Ӯ зане омад, ки дар даст як кӯзачаи сангини гаронбаҳои пур аз атри қиматбаҳо дошт. Вай он атрро ба сари Исо рехт. \v 8 Шогирдон аз ин кори зан ба ғазаб омада гуфтанд: «Ин чӣ исрофкорист?! \v 9 Охир ин атрро ба нархи қимат фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд!» \p \v 10 Аммо Исо, ки аз суханони онҳо бохабар буд, гуфт: «Чаро ин занро ташвиш медиҳед? Ӯ бароям кори калон кард. \v 11 Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, вале Ман бо шумо ҳамеша намемонам. \v 12 Ин зан атрро ба танам рехта Маро ба гӯронидан тайёр кард. \v 13 Хӯш, ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки хушхабар эълон карда мешавад, кори кардаи ин занро барои ба ёд овардани ӯ нақл хоҳанд кард». \s1 Нияти хиёнаткоронаи Яҳудо \p \v 14 Яке аз шогирдони Исо, ки Яҳудои Исқарют ном дошт, назди сардорони рӯҳонӣ рафта \v 15 пурсид: «Агар Исоро ба шумо таслим кунам, ба ман чӣ медиҳед?» Онҳо ба Яҳудо сӣ тангаи нуқра шумурда доданд. \v 16 Аз ҳамон лаҳза сар карда, Яҳудо барои таслим кардани Исо фурсати қулай меҷуст. \s1 Хӯроки идона \p \v 17 Рӯзи аввали иди Фатир шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳед, ки бароятон дастархони иди Балогардонро тайёр намоем?» \v 18 Ӯ ба онҳо гуфт, ки ба шаҳр, назди фалон кас рафта гӯянд: «Устодамон мегӯяд, ки вақту соати Ӯ наздик омадааст ва Ӯ бо мо, шогирдонаш дар хонаи шумо иди Балогардонро қайд мекунад». \p \v 19 Шогирдон ҳамаи гуфтаҳои Исоро иҷро карда хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд. \p \v 20 Бегоҳӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш сари дастархон нишасту \v 21 ҳангоми таомхӯрӣ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад». \p \v 22 Шогирдонаш хеле ғамгин шуда, пайдарҳам ба пурсидан даромаданд: «Худованд, мабодо ин ман набошам?» \p \v 23 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Касе, ки луқмаашро ҳамроҳи Ман ба як коса тар мекунад, ба Ман хиёнат мекунад. \v 24 Бо Фарзанди Инсон он чӣ дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, рӯй медиҳад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Фарзанди Инсон хиёнат мекунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд!» \p \v 25 Яҳудои хиёнаткор ба сухан даромада гуфт: «Мабодо ман набошам, устод?» \p Исо дар ҷавоб гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ». \s1 Таоми шоми Худованд \p \v 26 Онҳо хӯрдани хӯрокро давом медоданд, ки Исо нонро ба даст гирифта, шукргӯён баракат талабид. Баъд онро пора карда ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Нонро бигиреду бихӯред, ки ин бадани Ман аст». \p \v 27 Пас косаро гирифта, шукри Худо карду онро ба шогирдонаш дода гуфт: «Ҳамаи шумо аз ин коса бинӯшед. \v 28 Ин хуни Ман аст, ки бо он Худо бо халқ аҳду паймон мебандад ва он барои бахшида шудани гуноҳҳои одамони зиёде рехта мешавад. \v 29 Ба шумо мегӯям, акнун Ман аз меваи нави токи ангур ҳамроҳи шумо фақат дар подшоҳии Падарам хоҳам нӯшид, лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам». \p \v 30 Сипас онҳо Худоро ҳамду саногӯён ба теппаи Зайтун равона шуданд. \s1 Пешгӯӣ дар бораи инкори Петрус \p \v 31 Баъд Исо ба шогирдон гуфт: «Имшаб аз барои ҳодисае, ки бо Ман рӯй медиҳад, ҳамаи шумо пайравӣ кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷот пешгӯйии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд“. \v 32 Аммо, вақте ки аз нав зинда мешавам, пеш аз он ки шумо ба вилояти Ҷалил биравед, Ман ба он ҷо меравам». \v 33 Петрус ба Вай эълон карда гуфт: «Агар аз барои ҳодисае, ки бо Шумо рӯй медиҳад, ҳама пайрави кардани Шуморо бас кунад ҳам, ман ҳаргиз ин корро намекунам». \p \v 34 Исо ба ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, худи имшаб, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ». \v 35 Аммо Петрус гуфт: «Не, ҳатто агар бо Шумо мурданам лозим ояд, ҳаргиз инкор намекунам». \p Шогирдони дигар низ айнан ҳамин чизро гуфтанд. \s1 Дуои Исо дар Ҷатсамон \p \v 36 Исо ва шогирдонаш ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсамон ном дошт ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо дар ҳамин ҷо бошед, Ман он сӯтар рафта дуо мекунам». \v 37 Вай ҳамроҳаш Петрус ва ду писари Забдойро бурд. Дарду аламаш шиддат меёфт ва \v 38 Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду ҳамроҳи Ман бедор бошед». \p \v 39 Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард: «Падарҷонам, агар илоҷе бошад, бигзор ин косаи азоб аз сари Ман дур шавад! Лекин бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад». \p \v 40 Баъд Ӯ ба назди он се шогирдаш баргашта дид, ки онҳо хобидаанд. Он гоҳ ба Петрус гуфт: «Чӣ шумо ақаллан як соат ҳамроҳи Ман бедор истода натавонистед? \v 41 Ҳоло бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳатон ба ин тайёр аст, аммо табиати инсониатон нотавон». \p \v 42 Бори дигар Вай каме дуртар рафта дуо кард: «Падарҷонам, агар ғайр аз косаи азобро нӯшидан бароям дигар илоҷе набошад, пас, бигзор иродаи Ту иҷро шавад». \v 43 Баъд баргашта омаду онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо ҳатто чашмонашонро кушода наметавонистанд. \p \v 44 Бори сеюм Вай онҳоро монда рафту айнан мисли пештара дуо кард. \v 45 Сипас назди шогирдонаш баргашта гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Ана вақту соати он ҳам расид, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад. \v 46 Биёед, бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, ана таслимкунандаи Ман ҳам наздик омад». \s1 Дастгир шудани Исо \p \v 47 Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдаш ҳамроҳи як тӯдаи калони одамони чӯбу шамшер дар даст аз ҷониби сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм расида омад. \v 48 Инак, хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Бидонед, касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунед». \p \v 49 Яҳудо рост пеши Исо омада «Салом, устод» гӯён Ӯро бӯсид. \v 50 Исо ба вай гуфт: «Ҷӯра, мақсадатро иҷро намо!» \p Он гоҳ он одамон Исоро дастгир карда дасту пояшро бастанд. \v 51 Ногаҳон яке аз ҳамроҳони Исо шамшерашро аз ғилоф кашида ба ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла оварду гӯшашро бурида партофт. \v 52 Исо ба вай гуфт: «Шамшератро ба ҷояш гузор, чунки ҳар касе, ки шамшер ба даст мегирад, аз теғи шамшер мемирад. \v 53 Ё ба фикрат Ман аз Падарам мадад талаб карда наметавонам? Агар талаб кунам, Вай дарҳол зиёдтар аз дувоздаҳ лашкари фариштагонро мефиристад. \v 54 Лекин гуфтаҳои навиштаҷот он гоҳ чӣ хел иҷро мешаванд, охир гуфта шудааст, ки ҳамааш ҳамин тавр бояд рӯй диҳад?» \p \v 55 Баъд Исо ба он тӯдаи одамон гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо таёқу шамшерҳо омадаед? Ман ҳар рӯз дар Хонаи Худо нишаста таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. \v 56 Вале ҳамаи ин ҳодисаҳо барои он рӯй доданд, ки пешгӯиҳои пайғамбарон, ки дар навиштаҷот омадаанд, иҷро шаванд». \p Он вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо монда гурехтанд. \s1 Дар назди шӯро \p \v 57 Сипас онҳое, ки Исоро дастгир карданд, Ӯро ба назди Қаёфо, сарвари рӯҳониён бурданд. Дар хонаи Қаёфо шариатдонону пирони қавм аллакай ҷамъ омада буданд. \v 58 Петрус бошад, то ба назди ҳавлии сарвари рӯҳониён аз пайи Исо дар масофаи каме дуртар меомад. Вай ба даруни ҳавлӣ даромада, бо мақсади анҷоми корро дидан дар байни посбонон нишаст. \p \v 59 Сардорони рӯҳонӣ ва дигар ҳамаи аъзоёни шӯро бо нияти ба қатл расондани Исо кӯшиш карданд, ки бар зидди Ӯ ягон далели дурӯғеро пайдо кунанд. \v 60 Лекин ҳеҷ далеле ёфта наметавонистанд, гарчи бисёр касон ба пеш баромада, зидди Ӯ тӯҳмат мекарданд. Оқибат ду кас ба пеш қадам монда \v 61 гуфтанд: «Ин одам гуфта буд, ки Хонаи Худоро вайрон карда, онро дар мобайни се рӯз аз нав барпо карда метавонад». \p \v 62 Бо шунидани ин суханон сарвари рӯҳониён аз ҷояш бархеста ба Исо гуфт: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?» \v 63 Вале Исо хомӯш буд. Бори дигар сарвари рӯҳониён ба Ӯ гуфт: «Ба Худои зинда бигӯ, ки Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ?» \v 64 Исо дар ҷавоб ба вай гуфт: «Худатон ҳамин тавр гуфтед. Аммо ҳаминро ба ҳамаи шумо мегӯям, ки минбаъд шумо Фарзанди Инсонро аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста ва дар болои абрҳои осмон омада истода хоҳед дид!» \p \v 65 Он гоҳ сарвари рӯҳониён либоси танашро дарронда гуфт: «Ӯ суханони кофирона гуфт. Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! Шумо худатон ҳоло суханони кофиронаи Ӯро шунидед. \v 66 Пас чӣ ҳукм мебароред?» «Ҷазояш марг», — ҷавоб доданд дигарон. \p \v 67 Баъзеҳо ба рӯи Исо туф карда Ӯро мезаданд. Баъзеҳо торсакӣ зада \v 68 мегуфтанд: «Ҳой Масеҳ, Ту пайғамбарӣ-ку! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?!» \s1 Инкори Петрус \p \v 69 Петрус дар рӯи ҳавлӣ менишаст, ки яке аз канизакон ба наздаш омада гуфт: «Ту ҳам ба Исои Ҷалилӣ шарик будӣ». \v 70 Аммо Петрус дар ҳузури ҳама суханони ӯро инкор карда гуфт: «Намефаҳмам, чӣ мегӯӣ». \v 71 Сипас вай аз он ҷо назди дарвозаи ҳавлӣ равона шуд. \p Хизматгорзани дигаре низ ӯро дида ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Вай ҳамроҳи Исои Носирӣ буд». \v 72 Петрус боз инкор карда гуфт: «Қасам мехӯрам, ки ин одамро намешиносам». \p \v 73 Баъд аз муддате чанд мардоне, ки дар ҳамон ҷо буданд, назди Петрус омада гуфтанд: «Аниқ ту ҳам шарики онҳо ҳастӣ, чунки аз лаҳҷаат маълум аст». \v 74 Вале Петрус қасамҳо хӯрда гуфт: «Ман ин одамро намешиносам». \p Ҳамин лаҳза хурӯс ҷеғ зад \v 75 ва суханони Исо ба хотири Петрус омаданд. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад. \p Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард. \c 27 \s1 Дар назди Пилотус \p \v 1 Пагоҳии барвақт ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм нақшаи ба дасти марг супоридани Исоро кашиданд. \v 2 Бо фармони онҳо дасту пои Исоро баста Ӯро аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти Пилотус, ки ҳокими румӣ буд, супориданд. \s1 Худкушии Яҳудо \p \v 3 Вақте Яҳудои хиёнаткор дид, ки Исо ба марг маҳкум шуд, аз кори кардааш тавба кард. Ӯ он сӣ тангаи нуқраро назди сардорони рӯҳонӣ ва пирон баргардонда оварду \v 4 ба онҳо гуфт: «Ба марги ин одами беайб ман гунаҳкор, чунки Ӯро ман таслим кардам». \p Лекин онҳо ҷавоб доданд: «Ин ба мо чӣ дахл дорад? Ин кори худат». \p \v 5 Яҳудо он сӣ тангаи нуқраро ба рӯи фарши Хонаи Худо партофту аз он ҷо баромада рафта худро овехт. \p \v 6 Сардорони рӯҳонӣ он тангаҳоро чида гирифта қарор карданд, ки аз рӯи шариат ин пулро ба хазинаи Хонаи Худо андохтан мумкин нест, чунки бар ивази ин пул хуни одам рехта шудааст. \v 7 Баъд бо розигии ҳама онҳо саҳрои кӯзагарро харида, аз он барои мусофирон қабристон сохтанӣ шуданд. \v 8 Ана барои ҳамин он саҳро то ба имрӯз «Саҳрои Хун» номида мешавад. \p \v 9-10 \vp 9–10\vp* Ҳанӯз Ирмиё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд: «Аз рӯи фармоне, ки Худо ба ман гуфт, онҳо сӣ тангаи нуқраро, яъне ҳамон маблағе, ки халқи Исроил Ӯро баҳо доданд, гирифта ба харидани саҳрои кӯзагар сарф карданд». Пас, ин пешгӯӣ ба амал омад. \s1 Исоро пурсиш кардани Пилотус \p \v 11 Акнун, ки Исо дар назди ҳокими румӣ меистод, ҳоким аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» \p Исо ҷавоб дод: «Худатон ҳамин тавр мегӯед». \v 12 Лекин, ҳангоме ки сардорони рӯҳонӣ ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод. \p \v 13 Пас Пилотус ба Ӯ гуфт: «Магар намешунавӣ, ки Туро то чӣ андоза айбдор мекунанд?» \p \v 14 Аммо Вай ҳатто ба яке аз ин айбдоркуниҳо ҷавобе надод. Ва ин боиси тааҷҷуби зиёди Пилотус гардид. \s1 Ба марг маҳкум шудани Исо \p \v 15 Ҳокими румӣ одате дошт, ки дар ҷашни ин ид маҳбусеро, ки халқ талаб мекард, озод намояд. \v 16 Он вақт як маҳбуси номдоре буд, ки Бараббос ном дошт. \v 17 Инак, ҳангоме ки мардум ҷамъ омаданд, Пилотус аз онҳо пурсид: «Киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам: Бараббосро ё Исоеро, ки Таъиншудаи Худо меноманд?» \v 18 Пилотус хуб медонист, ки Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд. \p \v 19 Ҳанӯз ҳоким дар курсии ҳукмбарорӣ менишаст, ки ҳамсараш ба ӯ чунин хабар фиристод: «Бар зидди ин одами бегуноҳ ҳеҷ коре накунед, чунки имшаб дар хобам ман аз барои Вай бисёр азоб кашидам». \p \v 20 Дар ин мобайн сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм мардумро розӣ кунонданд, ки аз Пилотус озод кардани Бараббос ва ба қатл расондани Исоро талаб намоянд. \v 21 Пилотус бори дигар аз мардум пурсид: «Аз ҳардуяшон киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам?» \p «Бараббосро!» — ҷавоб доданд онҳо. \p \v 22 «Пас, бо Исое, ки Таъиншудаи Худо меноманд, чӣ кор кунам?» — боз аз онҳо пурсид Пилотус. \p «Ӯро мехкӯб кунед!» — бо як овоз ҷавоб доданд ҳамаи онҳо. \p \v 23 Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» \p Мардум бошанд, бо буду шуди овозашон дод мезаданд: «Бигзор Ӯ ба салиб мехкӯб карда шавад!» \p \v 24 Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд, дар пеши назари тамоми мардум об гирифта дастонашро шуста гуфт: «Ба хунрезии ин одам ман ҷавобгар нестам! Шумо худатон қарор кунед!» \v 25 Тамоми мардум ҷавоб доданд: «Ба марги Ӯ мо ва фарзандонамон ҷавобгар ҳастем!» \p \v 26 Бинобар ин Пилотус Бараббосро барояшон озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд. \s1 Исоро масхара кардани сарбозон \p \v 27 Сарбозони ҳоким Исоро ба ҳавлии дарбор бурданд ва аскарони зиёд он ҷо гирд омаданд. \v 28 Онҳо Ӯро бараҳна карда ба танаш ҷомаи суп-сурхро пӯшонданд. \v 29 Баъд аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанду ба дасти росташ чӯб доданд. Онҳо масхаракунон «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» гуфта дар пеши Ӯ ба сари зону меистоданд. \v 30 Сарбозон Исоро туфборон карда, бо чӯб ба сараш задан гирифтанд. \v 31 Вақте ки онҳо масхара додани Ӯро бас карданд, ҷомаро аз танаш кашида, либоси худашро пӯшонданд. Сипас Ӯро барои ба салиб мехкӯб кардан бурданд. \s1 Ба салиб мехкӯб карда шудани Исо \p \v 32 Дар аснои роҳ онҳо бо Шимъӯн ном марди қуринӣ дучор омаданд ва ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. \v 33 Вақте ки онҳо ба ҷое бо номи Ҷолҷото, ки маънояш «Ҷои косахонаи сар» аст, расида омаданд, \v 34 сарбозон ба Исо майи бо моддаи талх омехташударо доданд. Ӯ аз он чашида, дигар нанӯшид. \p \v 35 Онҳо Ӯро ба салиб мехкӯб карданду либосашро байни худ тақсим карданӣ шуда, барои муайян намудани соҳибшавандаи либос, қуръа партофтанд. \v 36 Сипас нишаста Вайро назорат карда истоданд. \v 37 Аз болои сари Исо айбномае бар Ӯ навишта шуда буд: «Ин Исо Шоҳи Яҳудиён аст». \v 38 Ҳамроҳи Ӯ ду дуздро низ дар салибҳои дигар аз тарафҳои чапу росташ мехкӯб карданд. \p \v 39 Одамоне, ки аз он ҷо мегузаштанд, сар ҷунбонда Исоро мазоқ карда \v 40 мегуфтанд: «Ту мегуфтӣ, ки Хонаи Худоро вайрон карда, дар мобайни се рӯз онро барпо карда метавонӣ? Канӣ, набошад худатро наҷот деҳ-чи! Агар Ту Писари Худо бошӣ, канӣ аз салиб поён фаро-чи!» \p \v 41 Айнан ҳамин тавр сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирон низ Исоро масхаракунон мегуфтанд: \v 42 «Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад. Ана Шоҳи Исроил. Агар Вай ҳоло аз салиб поён фарояд, мо ба Вай имон меоварем. \v 43 Ӯ ба Худо умед мебаст ва мегуфт, ки Писари Худо аст. Канӣ ҳоло мебинем, ки Худо Вайро наҷот додан мехоҳад ё не?!» \p \v 44 Ҳатто дуздоне, ки ҳамроҳаш ба салибҳо мехкӯб шуда буданд, монанди дигарон Ӯро таҳқир мекарданд. \s1 Марги Исо \p \v 45 Нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯи заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт. \v 46 Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Лама сабақтанӣ!», ки маънояш «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!» аст. \p \v 47 Баъзе аз ҳозирон суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ӯ Илёс пайғамбарро ҷеғ зада истодааст». \v 48 Он гоҳ яке аз онҳо давида рафту латтаеро гирифта ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда онро ба Исо нӯшонданӣ шуд. \v 49 Лекин дигарон гуфтанд, ки ӯ ин корро накунад, то бубинанд, ки оё Илёс омада Вайро наҷот медиҳад ё не. \p \v 50 Исо бори дигар бо овози баланд дод зада ҷон дод. \v 51 Инак, пардае, ки ҷои муқаддастарини Хонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнаш дарида, ду пора шуд. Замин ба ҷунбиш омаду сангҳо ба қисмҳо тақсим шуданд. \v 52 Қабрҳо кушода шуданду ҷасадҳои бисёр одамони муқаддас аз нав зинда гаштанд. \v 53 Баъд аз он ки Исо аз байни мурдагон боз зинда шуд, онҳо аз қабрҳои худ берун баромада ба Ерусалим, шаҳри муқаддас даромаданду бисёр касон онҳоро диданд. \p \v 54 Вақте сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст. \p \v 55 Бисёр заноне, ки дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда ба Ӯ хизмат мекарданд, низ дар ҳамон ҷо буданд. Онҳо дар масофае истода, ба ҳамаи ин нигоҳ мекарданд. \v 56 Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Ёқубу Юсуф ва боз ҳамсари Забдой буданд. \s1 Дафни Исо \p \v 57 Бо фаро расидани шом аз шаҳри Аромот як марди сарватманде бо номи Юсуф омад. Ӯ ҳам шогирди Исо буд. \v 58 Юсуф пеши Пилотус рафта, хоҳиш кард, ки ҷасади Исоро ба ӯ диҳанд. Пилотус фармон дод, ки ҷасадро ба ӯ диҳанд. \v 59 Юсуф Вайро гирифта ба кафани тоза печонд \v 60 ва ба қабри худ, ки навакак дар ғоре сохта шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба дари қабр ғелонда, аз он ҷо рафт. \v 61 Дар рӯ ба рӯи он қабр Марями Маҷдалия ва дигар Марям нишаста буданд. \s1 Посбонӣ кардани қабр \p \v 62 Рӯзи дигар, ки рӯзи истироҳат буд, сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён ҷамъ шуданду пеши Пилотус рафта \v 63 ба ӯ гуфтанд: «Тақсир, ба хотири мо омад, ки он фиребгар ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданаш гуфта буд, ки дар рӯзи сеюм баъд аз маргаш аз нав зинда мешавад. \v 64 Бинобар ин фармон диҳед, ки қабри Ӯро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, мабодо шогирдонаш омада ҷасадашро дузданду ба халқ овоза паҳн кунанд, ки Ӯ аз байни мурдагон зинда шудааст. Он гоҳ ин дурӯғ аз дурӯғи аввал дида бадтар мешавад». \v 65 Пилотус ба онҳо гуфт: «Посбононро гиреду рафта, ба чи тарз ки тавонед, қабрро нигаҳбонӣ кунед». \p \v 66 Инак, онҳо рафта, санги дари қабрро мӯҳр карданду барои нигаҳбонии он посбонон гузоштанд. \c 28 \s1 Аз нав зинда шудани Исо \p \v 1 Фардои рӯзи истироҳат, офтоб ҳанӯз набаромада, Марями Маҷдалия ва дигар Марям барои хабар гирифтани қабр ба роҳ баромаданд. \v 2 Ногаҳон заминҷунбии сахт ба вуҷуд омад, чунки фариштаи Худованд аз осмон поён фаромада, санги дари қабрро як тараф ғелонда, бар болояш нишаст. \v 3 Намуди вай барқ барин буду либосаш монанди барф сап-сафед. \v 4 Посбонон аз тарси ӯ дарақ-дарақ ларзида мурда барин ба рӯи замин дароз кашиданд. \p \v 5 Фаришта бошад, ба он занон гуфт: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исои ба салиб мехкӯбшударо ҷустуҷӯ карда истодаед. \v 6 Лекин Ӯ дар ин ҷо нест. Чунон ки Ӯ гуфта буд, айнан ҳамон тавр Вай зинда шуд. Ана омада ҷоеро, ки Ӯ гузошта шуда буд, бубинед. \v 7 Акнун, зуд назди шогирдонаш рафта бигӯед, ки Исо аз байни мурдагон зинда шуда, акнун пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. Ана ин буд хабаре, ки ман ба шумо гуфтанӣ будам». \p \v 8 Пас, он занон бо тарс, вале шодикунон саросема аз назди қабр сӯи шогирдон давида рафтанд, то ки ба онҳо нақл кунанд. \p \v 9 Банохост Исо бо онҳо вохӯрда саломашон дод. Онҳо ба Вай наздик омаданду саҷда карданӣ шуда аз пойҳояш дошта гирифтанд. \v 10 Исо ба онҳо гуфт, ки натарсанд, балки рафта ба бародаронаш гӯянд, ки онҳо ба Ҷалил раванд ва Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. \s1 Хабари посбонон \p \v 11 Занон ба роҳ баромада буданд, ки баъзе аз посбонон ба шаҳр рафта тамоми воқеаи рӯйдодаро ба сардорони рӯҳонӣ ҳикоят карданд. \v 12 Сардорони рӯҳонӣ барои маслиҳат кардан бо пирони қавм вохӯрданд ва баъд аз маслиҳат ба посбонон пули калон дода \v 13 гуфтанд: «Рафта ба мардум гӯед, ки шабона шогирдони Исо омаданду аз фурсати хоб буданатон истифода бурда, ҷасади Ӯро дуздида рафтанд. \v 14 Агар ин хабар то ба гӯши ҳоким рафта расад, ғам нахӯред; мо ба ӯ гапамонро маъқул мекунонем». \p \v 15 Посбонон пулро гирифтанду рафта, чунон ки онҳоро ёд доданд, ҳамон тавр карданд. Бинобар ҳамин яҳудиён ин ҳикояро то ба имрӯз мегуфтагӣ шуданд. \s1 Зоҳиршавии Исо \p \v 16 Инак, он ёздаҳ шогирд ба Ҷалил рафта ба кӯҳе, ки Исо ба онҳо гуфта буд, баромаданд. \v 17 Онҳо Ӯро дидан замон ба Ӯ саҷда карданд, аммо баъзеашон шубҳа доштанд. \v 18 Исо ба шогирдонаш наздик шуда гуфт: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст. \v 19 Пас, равед ва ҳамаи халқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро аз номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед \v 20 ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охири замон бо шумо мемонам».