\id JAS 60JASTajU.SFM Tajik common language translation \ide UTF-8 \h Ёқуб \toc1 Номаи Ёқуб \toc2 Ёқуб \mt2 Номаи \mt1 Ёқуб \imt1 Пешгуфтор \ip \c 1 \p \v 1 Ман — Ёқуб, бандаи Худо ва Худованд Исои Масеҳ саломи худро ба дувоздаҳ қабилаи Исроил, ки саросари дунё парокандаанд, мефиристам. \s1 Душвориҳо ва васвасаҳо \p \v 2 Бародаронам, вақте ки ҳар гуна душвориҳо ба саратон меоянд, онҳоро бо шодию хурсандӣ қабул кунед, \v 3 зеро медонед, ки ҳангоми аз санҷиш гузаштани имонатон сабру тоқататон обутоб меёбад. \v 4 Тоқати шумо бояд пурра обутоб ёбад, он вақт шумо шахси комил ва баркамол расида шуда, бароятон ҳеҷ чиз камӣ намекунад. \p \v 5 Аммо агар ба шумо хирад камӣ кунад, метавонед аз Худо онро талаб кунед ва Ӯ, ки ба ҳама бо дасти кушод ва бе таънаву миннат медиҳад, ба шумо низ хирад мебахшад. \v 6 Вале ҳангоми талаб кардан бояд бешакку шубҳа боварӣ дошта бошед, ки Ӯ медиҳад. Зеро касе, ки шубҳа мекунад, монанди мавҷи баҳр аст, ки бо вазидани шамол пасту баланд мешавад. \v 7 Бигзор чунин шахс фикр накунад, ки аз ҷониби Худованд чизе гирифта метавонад, \v 8 чунки ӯ дудила буда, дар ҳар қарори худ ноустувор аст. \p \v 9 Бародари бечора бояд аз он фахр кунад, ки Худо ӯро сарбаланд кардааст. \v 10 Сарватманд бошад, аз он фахр кунад, ки Худо ӯро хоксор мегардонад, чунки умри ӯ мисли гули саҳро мегузарад. \v 11 Чуноне ки аз нурҳои сӯзони офтоб сабзаҳо хушкида ва баргҳои гул рехтаву аз зебоиаш чизе боқӣ намемонад, сарватманд низ ҳангоми саргармии машғулияташ аз ин дунё меравад. \p \v 12 Хушбахт он касест, ки дар вақти санҷишҳо сабру тоқат дорад, зеро ҳангоме ки аз ин гуна имтиҳони зиндагӣ мегузарад, тоҷи ҳаётро ба даст меорад. Ин тоҷро Худо ба дӯстдорони худ ваъда додааст. \v 13 Аммо, вақте ба васваса меафтед, нагӯед, ки «Худо маро месанҷад», чунки Худо худ ба васваса намеафтад ва дигаронро низ ба васваса намеандозад. \v 14 Балки ҳар шахс он вақт ба васваса меафтад, ки ҳаваси бад мекунаду баъд саргарми он ҳавас шуда, ба доми васваса меафтад. \v 15 Сипас, ҳамин ки дили вай бо ин ҳавас ҳомиладор мешавад, гуноҳро таваллуд мекунад. Гуноҳ бошад, ба воя расида, маргро таваллуд мекунад. \p \v 16 Пас, эй бародарони азизам, фиреб нахӯред, \v 17 балки бидонед, ки ҳар неъмати нек ва бекамбудӣ аз боло, яъне аз ҷониби Падар меояд, ки Ӯ Офарандаи офтобу моҳ ва ситораҳо мебошад. Агарчи ин ҷисмҳои осмонӣ гоҳе равшану гоҳе тира мешаванд, Худо ҳеҷ вақт тағйир намеёбад. \v 18 Ӯ аз рӯйи хости худ ба воситаи каломи ростӣ ба мо ҳаёти навро бахшидааст, то ки мо дар байни ҳамаи офаридаҳои Ӯ ҳамчун ҳосили аввал бошем. \s1 Шунидану иҷро кардан \p \v 19 Бародарони азизам, дар ёд дошта бошед, ки ҳар кас бояд ба гӯш кардан чусту чолок бошаду ба гуфтану ғазаб кардан саросема нашавад. \v 20 Чунки қаҳру ғазаби инсон он ҳаёти дурустеро, ки аз рӯйи хости Худо аст, ба амал намеорад. \v 21 Бинобар ин ҳар бадӣ ва бадахлоқии одатшударо аз худ дур намоед ва каломи ба дилатон кошташударо хоксорона қабул кунед, ки ин калом ҷонатонро наҷот дода метавонад. \p \v 22 Худро фиреб дода, гумон накунед, ки фақат шунидани каломи Худо басанда аст, балки гуфтаҳои онро ба ҷо оваред. \v 23 Агар каломро фақат гӯш кунеду иҷро накунед, монанди шахсе ҳастед, ки рӯйи худро дар оина мебинаду \v 24 аз пеши он дур рафтан замон аз ёдаш мебарорад, ки чеҳрааш чӣ гуна буд. \v 25 Лекин шахсе, ки ба қонуни комил ва озодибахшанда бодиққат нигоҳ карданро давом медиҳаду суханони шунидаашро фаромӯш накарда, иҷро мекунад, дар ҳар кораш баракат меёбад. \p \v 26 Ҳар кӣ худро диндор ҳисоб мекунаду забонашро идора карда наметавонад, ҳам худро фиреб медиҳад ва ҳам диндориаш ба як пули пуч намеарзад. \v 27 Вале диндорие, ки Падари мо Худо пок ва беайбу нуқсон ҳисоб мекунад, ин аст, ки ба ятимону бевазанон дар ҳолати душвориашон ғамхорӣ кунем ва худро аз олуда шудан бо ин ҷаҳон нигоҳ дорем. \c 2 \s1 Огоҳӣ аз рӯйбинӣ \p \v 1 Эй бародаронам, шумо ки ба Худованди пуршӯҳрату ҷалоламон Исои Масеҳ имон овардаед, ҳаргиз рӯйбинӣ накунед. \v 2 Фарз кунем, ки шахсе бо ангуштарини тилло дар даст ва либосҳои қиматбаҳо дар тан ба ҷамъомади шумо медарояд. Ҳамин вақт як камбағале ҳам бо либоси кӯҳнаву ҷанда дохили маҷлис мешавад. \v 3 Шумо бошед, ба шахси сарулибоси қиматбаҳо пӯшида «Аз боло гузаред!» мегӯеду ба камбағал «Ана, ҳо дар он ҷо ист» ё «Пеши пойҳои ман, рӯйи замин нишин» мегӯед. \v 4 Пас, магар дар байнатон рӯйбинӣ нест ва оё шумо аз рӯйи фикрҳои бад ҳукм намекунед? \p \v 5 Гӯш кунед, бародарони азизам. Охир Худо онҳоеро интихоб кардааст, ки дар назари мардуми ҷаҳон камбағал, аммо аз ҷиҳати имон бой ҳастанд ва подшоҳии Худо, ки Ӯ ба дӯстдорони худ ваъда додааст, насибашон мегардад. \v 6 Шумо бошед, камбағалонро меранҷонед. Магар худи ҳамин бойҳо шуморо сӯйиистеъмол намекунанд ва ба пеши қозӣ намебаранд? \v 7 Магар онҳо шахсоне нестанд, ки номи бошарафи Масеҳро дашном медиҳанд? Дар ҳоле ки шумо аз они Масеҳ ҳастед. \v 8 Пас, агар шумо аз рӯйи шариати Шоҳи мо рафтор намоед, ки он дар навиштаҷот омадааст: «Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем», он гоҳ кори хуб мекунед. \v 9 Аммо агар рӯйбинӣ намоед, гуноҳ содир мекунед ва аз рӯйи шариат шумо қонуншикан ҳисоб мешавед. \v 10 Зеро агар шахсе ҳамаи гуфтаҳои шариатро иҷро намуда, фақат як нуқтаи онро вайрон кунад, дар шикастани тамоми қонуни шариат айбдор мегардад. \v 11 Зеро ҳамоне ки «Алоқаи ғайриникоҳ накун» гуфтааст, ҳамчунин фармудааст, ки «Одамкушӣ накун». Пас, агар шумо алоқаи ғайриникоҳ накунед, вале одам кушед, қонуншикан мешавед. \p \v 12 Бинобар ин гуфтору рафтори шумо бояд мисли гуфтору рафтори шахсе бошад, ки аз рӯйи шариати озодибахшанда ҳукм хоҳад шуд. \v 13 Зеро ба шахсе, ки нисбати дигарон раҳму шафқат нишон намедиҳад, дар вақти ҳукмшавӣ ба ӯ низ раҳму шафқат нишон дода намешавад. Чунки раҳму шафқат бар ҳукм дастболо мешавад. \s1 Имон ва амал \p \v 14 Инак, эй бародаронам, чӣ фоида аст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, аммо амал накунад? Магар чунин имон вайро наҷот дода метавонад? \v 15 Фарзи мисол, як бародар ё хоҳаре аз ҷумлаи имондорон сарулибос ва ризқу рӯзӣ надошта бошаду \v 16 яке аз шумо ба вай гӯед, ки «Сиҳату саломат гарду ҳеҷ гуруснагию хунукиро аз сар нагузарон», аммо ба мӯҳтоҷии моддиаш ҳеҷ кӯмак накунед, пас аз суханони шумо чӣ фоида аст? \v 17 Имон ҳам айнан мисли ҳамин беамал бошад, имони мурда аст. \p \v 18 Шояд касе мегӯяд: «Яке имон дорад, дигаре бошад, амал мекунад». Ман мегӯям: «Канӣ ба ман имони беамалро нишон деҳ ва ман ба ту дар амали худ имонамро нишон медиҳам». \v 19 Ана ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст. Кори хуб мекунӣ! Аммо ҳатто девҳо ба ин бовар мекунанд ва бинобар ин меларзанд. \v 20 Эй беақл, мехоҳӣ исбот кунам, ки имон беамал фоида надорад? \v 21 Бубин, ки аҷдодамон Иброҳим писараш Исҳоқро дар болои қурбонгоҳ қурбонӣ карданӣ шуд. Магар аз рӯйи ҳамин амалаш ӯ беайб шуморида нашуд? \v 22 Мебинӣ, ки ӯ ҳам бовар карду ҳам амал кард ва имонаш бо амалаш пурра шуд. \v 23 Ана ҳамин тавр, гуфтаҳои навиштаҷот дар бораи Иброҳим, ки «Вай ба Худо имон оварду аз рӯйи он беайб ҳисоб шуд» иҷро гаштанд ва ӯ дӯсти Худо номида шуд. \v 24 Пас, ҳоло мебинед, ки инсон на фақат аз рӯйи имонаш, балки ҳамчунин аз рӯйи амалаш сафед мешавад. \v 25 Ба монанди ин ҳатто фоҳишае ба номи Роҳоб бо амалаш беайб ҳисоб шуд. Ӯ ба ҷосусони аз тарафи халқи Худо фиристодашуда паноҳ дода, баъд онҳоро аз роҳи дигар ба саломатӣ равона карда буд. \p \v 26 Хулоса, ҳамон тавре ки бадан бе рӯҳ мемирад, имон низ бе амал мемирад. \c 3 \s1 Ром кардани забон \p \v 1 Эй бародаронам, бигзор бисёре аз шумо ҳаракати муаллими калом шуданро накунад, зеро худатон медонед, ки аз мо, муаллимон, дар вақти ҷавобдиҳӣ бисёртар пурсида хоҳад шуд. \v 2 Чун ҳама дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт пешпо мехӯранд, аммо касе, ки дар сухан ҳеҷ хато намекунад, шахси комил аст ва тамоми баданашро ҳам идора карда метавонад. \v 3 Масалан, мо барои ром кардани аспҳо ба даҳонашон лаҷом мезанем ва он вақт тамоми баданашонро ба ҳар ҷо ки хоҳем, гардонда метавонем. \v 4 Ё мисоли дигар киштиро гирем. Ҳарчанд он калон буда, бо вазидани шамоли шадид ҳаракат кунад ҳам, аммо роҳбари киштӣ онро ба ҳар тарафе, ки хоҳад, бо як чархи хурди суккон мегардонад. \p \v 5 Забон низ айнан монанди ҳамин аст. Он як узви хурди бадан аст, аммо чӣ лофи зиёд мезанад. Ана як ҷангали бузург ҳам бо як лахчаи хурди оташ дармегирад. \v 6 Ҳамчунон забон низ оташест, ки аз дӯзах дармегирад. Он як ҷаҳон бадӣ дар байни узвҳоямон мебошад, ки тамоми баданамонро ҳаром мекунад ва тамоми вуҷудамонро ба оташ гирифтор менамояд. \p \v 7 Инсон ҳар гуна ҳайвоноту паррандаҳо ва хазандаҳову ҷонварони обиро ром кардааст ва ром мекунад, \v 8 лекин забони худро ҳеҷ яке ром карда наметавонад. Забон як бадии идоранашаванда ва пур аз заҳри марговар аст. \v 9 Бо он мо Худованд ва Падари Осмониамонро\f + \fr 3:9 \ft Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «Худованд Худоро» омадааст.\f* ҳамду сано мехонем ва ҳамчунон бо он одамонро лаънат мегӯем. Ҳол он ки инсон ба шакли Худо офарида шудааст. \v 10 Пас, аз як забон ҳам ҳамду сано ва ҳам лаънат мебарояд. Бародаронам, ин хел набояд бошад. \v 11 Магар аз як чашма оби ширину оби шӯр ҷорӣ шуда метавонад?! \v 12 Ё магар дарахти анҷир меваи зайтун ва ё токи ангур меваи анҷир бор меоварад?! Аз чашмаи оби шӯр низ оби ширин ҷорӣ шуда наметавонад. \s1 Ду намуди хирад \p \v 13 Касе ки дар байни шумо бохираду бофаҳм бошад, бигзор инро бо зиндагии хуб ва амалҳое, ки бо хоксории хираду ҳикмат анҷом дода мешаванд, нишон диҳад. \v 14 Аммо агар дар дилҳои шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ вуҷуд дошта бошад, худситоӣ накунед, ки таърифатон бар зидди ростӣ аст. \v 15 Ин гуна хираду ҳикмат аз ҷониби Худо нест, балки ҳикмати заминӣ, дунявӣ, яъне шайтонӣ мебошад. \v 16 Зеро ҳар вақте ки дар байни шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ ҳаст, дар ҳамон ҷо бетартибӣ ва ҳар гуна фисқу фасод мебошад. \p \v 17 Аммо хираду ҳикмате, ки аз ҷониби Худо меояд, пеш аз ҳама пок аст ва баъд сулҳпарвар, нармдил, равшанфикр, пур аз раҳму шафқат ва самараҳои нек, самимӣ ва бе рӯйбинӣ мебошад. \v 18 Шахсони сулҳпарвар тухми сулҳро мекоранд ва ҳосилашро, ки адолат аст, ба даст меоваранд. \c 4 \s1 Итоат ба Худо \p \v 1 Сабаби ҳамаи баҳсҳову ҷангҳои байни шумо дар чист? Магар дар ҳамон орзу ва ҳавасҳоятон нест, ки дар дарунатон ҷанг мекунанд? \v 2 Шумо чизеро сахт мехоҳед, аммо ба даст намеоред ва барои ҳамин одамкушӣ мекунед. Шумо ҳамчунон чизеро сахт ҳавас мекунед, аммо боз ҳам ба мақсадатон намерасед, бинобар ин гирифтори ҷангу моҷаро мешавед. Сабаби ба даст наовардани чизи дилхоҳатон дар он аст, ки аз Худо хоҳиш намекунед. \v 3 Вале хоҳиш кунед ҳам, ба даст намеоред, чунки бо нияти айшу ишрати худ талаб мекунед ва ин нияти нодуруст аст. \p \v 4 Эй мардуми бевафо, магар намедонед, ки дӯстӣ кардан бо ин ҷаҳон бо Худо душманӣ карданро мефаҳмонад? Ҳар кӣ бо ин ҷаҳон дӯст шудан хоҳад, душмани Худо мешавад. \v 5 Ё фикр мекунед, ки дар навиштаҷот беҳуда гуфта шудааст: «Рӯҳи Худованд, ки Худо дар дарунамон гузоштааст, сахт рашк мекунад»? \v 6 Ба мо бошад, Ӯ қуввати бештар аз пештараро ато мекунад, то бар зидди ин ҳавасҳо истодагарӣ кунем. Барои ҳамин ҳам дар навиштаҷот гуфта шудааст: «Худо бар зидди ҳавобаландон аст, лекин ба хоксорон қувват мебахшад». \p \v 7 Пас, ба Худо пурра итоат кунеду ба иблис зид бароед ва ӯ аз пеши шумо мегурезад. \v 8 Ба Худо наздик шавед ва Ӯ низ ба шумо наздик мешавад. Шумо, эй гунаҳкорон, дастонатонро аз гуноҳ пок созеду шумо, эй дудилагон, дилҳоятонро тоза кунед. \v 9 Аз корҳоятон пушаймон шуда, нолаву гиря ва фиғон бардоред. Ба ҷойи ханда нола кунед ва ба ҷойи шодӣ кардан ғамгин бошед. \v 10 Дар пеши Худованд сарҳои худро хам кунед ва Ӯ шуморо сарбаланд хоҳад кард. \p \v 11 Эй бародарон, якдигарро бадгӯйӣ накунед. Ҳар кӣ бар зидди бародараш сухан мегӯяд ё ӯро ҳукм мекунад, дар асл, зидди шариати Худо сухан мегӯяд ва шариатро ҳукм мекунад. Агар шумо шариатро ҳукм мекарда бошед, пас дигар иҷрокунандаи он нестед, балки ҳукмкунанда ҳастед. \v 12 Аммо ҳаминро донед, ки фақат як Шариатдиҳанда ва Ӯ ҳам Ҳукмкунанда аст, ки қудрати наҷот додан ва нобуд карданро дорад. Лекин шумо кистед, ки якдигарро ҳукм мекунед? \s1 Бадии лофзанӣ \p \v 13 Гӯш андозед шумое, ки мегӯед: «Имрӯз ё фардо фалон шаҳр меравем, он ҷо як сол монда, савдо мекунему фоида ба даст меоварем». \v 14 Шумо аз куҷо медонед, ки фардо чӣ рӯй медиҳад? Охир умри шумо мисли буғ аст, ки барои як лаҳзаи кӯтоҳ пайдо мешаваду баъд нопадид мегардад. \v 15 Пас, шумо бояд чунин бигӯед: «Худованд хоҳаду зинда монем, фалон корро мекунем». \v 16 Дар акси ҳол суханони шумо лофзанӣ аз корҳои худ мешавад ва чунин болиданҳо бадӣ аст. \p \v 17 Пас, ҳар кас ки нек будани кореро медонаду онро иҷро намекунад, гуноҳ содир менамояд. \c 5 \s1 Огоҳӣ ба сарватмандон \p \v 1 Ҳоло шумо, эй сарватмандон, гӯш андозед! Шумо бояд гиряву нола кунед, чунки бало ба шумо наздик шуда истодааст. \v 2 Сарвати шумо пӯсидаасту либосатонро куя задааст. \v 3 Тиллову нуқраатон занг задааст. Худи ҳамин занг бар зидди шумо шаҳодат дода, баданатонро мисли оташ дармегиронад. Шумо бошед, дар ин рӯзҳои охир бойигарӣ ҷамъ кардаед. \p \v 4 Бинед, шумо ба мардикороне, ки ҳосили заминҳоятонро ҷамъ овардаанд, бояд музди меҳнаташонро медодед, вале ғоратгарона онро надодед. Ҳоло ҳамин музди меҳнати онҳо бар зидди шумо нолаю фарёд мекунад ва ин фарёди ҳосилҷамъкунандагон то ба гӯши Худои пурқудрат расидааст. \v 5 Ана шумо умри худро дар ин дунё бо кайфу сафо ва айшу ишрат гузаронда, худро мисли ҷонвароне, ки барои куштан парвариш мешаванд, барои рӯзи ҷавобдиҳӣ парвариш кардаед. \v 6 Одами бегуноҳро, ки ба шумо зиддият нишон намедод, ҳукм карда, ба қатл расонидаед. \s1 Сабру тоқат дар вақти азобҳо \p \v 7 Бинобар ин, эй бародарон, чунон ки деҳқон бо сабру тоқат интизори борони баҳору тирамоҳ мешавад, то ки киштзори ғаллаи гаронбаҳояш ҳосил диҳад, шумо низ то омадани Худованд сабру тоқат кунед. \v 8 Монанди ҳамин шумо низ бо сабру тоқат устувор истед, чунки вақти омадани Худованд наздик аст. \v 9 Аз якдигар, бародарон, арзу шикоят накунед, вагарна ҳукм мешавед, зеро Ҳукмкунанда дар остонаи дар истодааст. \p \v 10 Хӯш, бародарон, аз пайғамбароне, ки аз номи Худованд пайғом медоданд, ибрат бигиред, ки чӣ тавр онҳо дар вақти азобу шиканҷаҳо сабру тоқат нишон медоданд. \v 11 Шумо медонед, ки мо онҳоеро пурбаракат мешуморем, ки ба азобҳо тоб меоваранд. Тавре ки шумо шунидаед, чӣ гуна Айюб пайғамбар бо сабру тоқат аз азобҳо гузашт ва медонед, ки Худованд дар охир барояш чӣ кор кард\f + \fr 5:11 \ft Айюб пайғамбар фарзандон ва молу мулкашро аз даст дода, инчунин ба касалии сахт гирифтор шуда буд. Аммо баъд аз ин азобҳо Худо ӯро шифо бахшида, бисёр баракат дода буд.\f*. Худованд пур аз раҳму шафқат аст. \p \v 12 Аз ҳама муҳимаш, бародаронам, ҳеҷ қасам нахӯред, на бо Худо, на бо замин ва на бо ҳеҷ чизи дигар. Бигзор «ҳа» гуфтани шумо «ҳа» бошад ва «не» гуфтанатон «не» бошад. Вагарна шумо ҳукм мешавед. \s1 Дуои натиҷабахш \p \v 13 Агар касе аз байни шумо мушкилие дошта бошад, бояд дуо кунад. Агар хурсанд бошад, бояд сурудҳои ҳамду сано бихонад. \v 14 Агар касе бемор бошад, бояд роҳбарони ҷамоати имондоронро даъват кунад, то ки барояш дуо кунанду бо номи Худованд бар бемор равған моланд. \v 15 Он гоҳ дуои боимон беморро шифо мебахшад ва Худованд ӯро аз бистари беморӣ мехезонад. Агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳаш бахшида мешавад. \v 16 Бинобар ин дар пеши якдигар ба гуноҳҳоятон иқрор шавед ва барои якдигар дуо кунед, то ки шифо ёбед. Дуои шахси дурусткор боқудрат ва натиҷабахш аст. \p \v 17 Илёс пайғамбар низ шахсе мисли мо буд, аммо вақте аз сидқи дил дуо кард, ки борон наборад, сеюним сол ба замин борон наборид. \v 18 Боз дуо кард, ки борон борад ва аз осмон борон бориду замин ҳосил дод. \p \v 19 Пас, эй бародаронам, бидонед, ки агар касе аз байни шумо аз роҳи ростӣ барояду дигаре ӯро ба роҳ баргардонад, \v 20 вай гунаҳкорро аз роҳи хато баргардонда, ӯро аз марг наҷот медиҳад ва гуноҳҳои зиёдаш бахшида мешаванд.