\id EST 17ESTTajU.SFM Tajik common language translation \ide UTF-8 \h Эстер \toc1 Эстер \toc2 Эстер \mt1 Эстер \imt1 Пешгуфтор \ip \c 1 \s1 Подшоҳи форс зиёфати шоҳона медиҳад \p \v 1 Замони ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш буд, ҳамон шоҳ, ки бар яксаду бисту ҳафт вилоят, аз Ҳиндустон сар карда, то Эфиопия подшоҳӣ мекард. \v 2 Он рӯзҳо ӯ сарзаминашро аз тахти шоҳонаи худ, ки дар қалъаи Шушан буд, роҳбарӣ менамуд. \p \v 3 Соли сеюми подшоҳияш шоҳ барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат дод. Дар он сарлашкарони\f + \fr 1:3 \fq сарлашкарони \ft — ё \fq заминдорони сарватманд\f* сарзамини форсу модҳо, мирон ва ҳокимони вилоятҳо иштирок доштанд. \v 4 Ӯ сарвати фаровони шоҳигарии худ ва шукӯҳу шаҳомати бузургиашро муддати дуру дароз, дар давоми шаш моҳ, ба меҳмононаш намоиш медод. \v 5 Пас аз тамом шудани зиёфати якум шоҳ барои ҳамаи сокинони қалъаи Шушан, чи камбағалу чи сарватманд, зиёфати дуюм дод. Он дар боғи девордори қасри шоҳ ҳафт шабонарӯз давом намуд. \v 6 Дар ин боғ пардаҳо аз матоъҳои пахтагини сафеду осмонранг бо бандҳои қиматбаҳои сафеду бунафшранг аз ҳалқаҳои нуқрагин гузаронида шуда, ба сутунҳои мармарин овезон буданд. Катҳои тиллоию нуқрагинро болои фарши мармарӣ, садафӣ ва аз дигар сангҳои қиматбаҳои сурху сиёҳ тайёршуда, қатор гузошта буданд. \v 7 Хизматгорон шаробро дар зарфҳои тиллоие, ки яке аз дигаре фарқ дошт, меоварданд. Шароби шоҳона аз сабаби бойигарии подшоҳ фаровон буд ва \v 8 мувофиқи қонун ҳар кас, чи қадаре ки мехост, менӯшид, зеро шоҳ ба ходимонаш фармуда буд, ки бо хости ҳар кас амал намоянд. \p \v 9 Зани подшоҳ — малика Ваштӣ низ дар қасри шоҳ Аҳашверӯш барои занон зиёфат медод. \s1 Оқибати беитоатии Ваштӣ \p \v 10 Дар рӯзи ҳафтуми зиёфат подшоҳ аз нӯшидани шароб андак маст шуда, ба ҳафт хизматгорони шахсияш\f + \fr 1:10 \ft Ба забони ибрӣ ин хизматгорони шахсӣ «хоҷасаро» буданд. Маънои «хоҷасаро» «марди ахташуда» мебошад.\f* — Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас, фармон дод, \v 11 ки малика Ваштиро наздаш биёранд. Занаш ҳусни зебо дошт ва шоҳ хост, ки малика тоҷ бар сар пеши меҳмонон биёяд, то зебоии ӯро ба ҳама намоиш диҳад. \v 12 Лекин чун хизматгорон рафта, ба малика фармони шоҳро расониданд, малика амрашро рад карду ба зиёфат наомад. \v 13-14 \vp 13–14\vp* Шоҳ Аҳашверӯш аз ин рафтори малика огоҳ шуда, ба хашм омаду хеле оташин гардид. \p Аз рӯйи одаташ ӯ ба ситорашиносонаш — Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон муроҷиат карда, маслиҳат пурсид. Ин мансабдорони сарзамини Форсу Модай қонуну қоида ва анъанаҳоро медонистанд. Азбаски онҳо вазифаҳои баландтаринро соҳиб буданд, иҷозати назди подшоҳ даромадан доштанд. \p Подшоҳ аз онҳо пурсид: \v 15 «Малика Ваштӣ ба фармони шоҳ, ки хизматгорон ба вай расониданд, итоат накард. Мувофиқи қонун ҷазои ӯ чист?» \p \v 16 Яке аз маслиҳатгарон — Мемухон дар ҳузури шоҳ ва мансабдорон гуфт: «Малика Ваштӣ на танҳо ба подшоҳ, балки ба ҳамаи мансабдорону тамоми мардуми вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш беҳурматӣ нишон дод. \v 17 Зеро чунин гуфтугузор мешавад, ки малика Ваштӣ фармони подшоҳро рад карда, наздаш наомад. Занон инро фаҳмида шавҳарони худро писанд намекунанд. \v 18 Худи ҳамин рӯз занони мансабдорони Форсу Модай, ки аз ин воқеа хабардор мешаванд, ба шавҳарони худ низ инро нақл мекунанд. Сипас дар оилаҳо хашму ғазаб ва беҳурматӣ зиёд хоҳад шуд. \p \v 19 Бинобар ин, агар ба подшоҳ писанд ояд, фармон бароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ҳеҷ гоҳ ба назди подшоҳ надарояд. Бигузор подшоҳ вазифаи ӯро ба зани дигаре, ки аз вай беҳтар аст, диҳад. Ин фармон дар қонуни ивазнашавандаи Форсу Модай ҷо шавад. \v 20 Вақте ки фармони шоҳ дар тамоми сарзамини бузургаш паҳн мешавад, боиси он мегардад, ки ҳар як зан дар ҳар хонавода, чи камбағалу чи сарватманд, шавҳари худро ҳурмат кунад». \p \v 21 Маслиҳати Мемухон ба ҳама писанд омаду подшоҳ аз пайи иҷрои он шуд. \v 22 Ӯ фармонро бо хати ҳар як вилояту забони ҳар як халқ навишта фиристод, то ҳар мард дар хонаи худ хӯҷаини оила бошаду бо забони халқаш гап занад. \c 2 \s1 Эстер малика мешавад \p \v 1 Баъд аз чанд вақт, чун ғазаби шоҳ Аҳашверӯш паст шуд, ӯ Ваштиро бо кори кардааш ва фармони дар ҳаққи ӯ баровардаашро ба ёд овард. \v 2 Инро дида, хизматгорони шахсияш ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои шоҳ духтарони ҷавону зеборо ҷустуҷӯ намоянд. \v 3 Барои ин шоҳ ба тамоми вилоятҳои шоҳигариаш шахсони махсусро таъин кунад, то ки онҳо ҳамаи духтарони ҷавону соҳибҷамолро дар ҳарамсаройи қалъаи Шушан ҷамъ оваранд. Сипас онҳоро ба дасти Ҳейга\f + \fr 2:3 \ft Ҳейга низ яке аз хоҷасароён буд.\f* — нигаҳбони занони шоҳ супорида, ба онҳо маводи ороиши занона бидиҳанд. \v 4 Бигзор ҳамон духтаре, ки ба подшоҳ хуш меояд, ба ҷойи Ваштӣ малика шавад». Пешниҳод ба подшоҳ маъқул шуд ва ӯ ҳамон тавр амал кард. \p \v 5 Инак, дар қалъаи Шушан марди яҳудие бо номи Мордахай, ки писари Ёир буд, мезист. Ёир писари Шимъӣ буд ва Шимъӣ писари Киш, аз хонаводаи Бинёмин. \v 6 Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд\f + \fr 2:6 \ft Аз рӯйи матни аслии забони ибрӣ маълум нест, ки оё Мордахай ё Киш ба асирӣ гирифта шуда буд. Лекин аксарияти олимон бар он ақидаанд, ки аслан Киш буд.\f*. \v 7 Мордахай духтархонде дошт, ки фарзанди амакаш буд. Пас аз вафоти падару модари духтар Мордахай ӯро гирифта, калон карда буд. Ӯ Ҳадаса ном дошт, лекин номи форсияш Эстер буд. Вай қаду қомати мавзун ва чеҳраи зебо дошт. \v 8 Вақте ки фармони шоҳ эълон шуду духтарони зиёдеро ба қалъаи Шушан оварда, ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занон супориданд, Эстер ҳам дар байни онҳо буд. Вай низ дар қасри подшоҳӣ таҳти назорати Ҳейга қарор гирифт. \v 9 Ситораи духтар ба Ҳейга маъқул шуду Ҳейга дарҳол ба Эстер маводи ороишию хӯроки ба ӯ хосро дод. Инчунин ҳафт канизони дарбориро ба Эстер супориду ӯро бо канизонаш ба ҷойи беҳтарини хонаи занон гузаронд. \p \v 10 Мувофиқи амри Мордахай Эстер ба касе дар бораи аз миллати яҳудӣ буданаш ва оилаи худ ҳарф намезад. \v 11 Ҳар рӯз Мордахай назди хонаи занон мегашт, то ки аз ҳолу кори Эстер хабар ёбад. \p \v 12 Пеш аз назди шоҳ Аҳашверӯш даромадан, ба ҳар духтар дувоздаҳ моҳ барои тайёрӣ дидан мӯҳлат дода мешуд; ӯ шаш моҳ бо равғанҳои хушбӯй ва шаш моҳи дигар бо атрҳову молиданиҳои гуногуни занона худро орову торо медод. \v 13 Сипас духтар дар навбати худ, назди шоҳ медаромад. Ҳангоми назди шоҳ рафтан ҳар чизеро, ки духтар талаб мекард, медоданд, то ки аз хонаи занон ба хонаи шоҳ барад. \v 14 Духтар бегоҳӣ ба назди шоҳ мерафту саҳарӣ ба хонаи занҳои дигар баргашта, таҳти назорати Шаашғоз, ки нигаҳбони\f + \fr 2:14 \ft Шаазғоз низ хоҷасаро буд.\f* занони дигар буд, меистод. Вай ба назди шоҳ дуюмбора намеомад, магар ин ки ба шоҳ хуш ояду ӯро бо номаш даъват кунад. \p \v 15 Акнун навбати ба назди шоҳ даромадан ба Эстер ҳам расид: ҳамон Эстери духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки Мордахай ӯро ҳамчун духтараш калон карда буд. Вай бо худ танҳо чизҳои пешниҳодкардаи Ҳейгаро гирифт. Инак, ҳама ба Эстер бо чашми нек менигаристанд. \p \v 16 Зимистони\f + \fr 2:16 \ft Аз рӯйи тақвими ибрӣ моҳи «тевет» буд, яъне моҳи даҳум, ки ба зимистон (тақрибан ба моҳи декабр ва январ) рост меояд.\f* соли ҳафтуми ҳукмронии шоҳ, Эстерро ба назди шоҳ Аҳашверӯш ба қаср оварданду \v 17 вай Эстерро бештар аз ҳамаи занон дӯст дошт ва нисбат ба духтарони дигар ситорааш ба дили шоҳ бештар рост омад. Шоҳ ба сари Эстер тоҷи шоҳигарӣ гузошта, ӯро ба ҷойи Ваштӣ малика эълон намуд. \v 18 Он гоҳ шоҳ ба хотири Эстер барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат доду дар ҳамаи вилоятҳо пули андозро кам карда, ба таври шоҳона тӯҳфаҳо тақсим карда дод. \s1 Мордахай ҳаёти подшоҳро наҷот медиҳад \p \v 19 Вақте ки бори дуюм духтаронро ҷамъ карданд, Мордахай дар дарбори шоҳ хизмат менамуд\f + \fr 2:19 \ft Дар матни аслии забони ибрӣ \fq назди дарвозаи подшоҳ менишаст\ft омадааст. Маънои ин идиома он аст, ки Мордахай дар қасри шоҳ вазифа дошт.\f*. \v 20 Эстер бошад, дар бораи хешовандону халқи худ, чунон ки падархондаш Мордахай ба вай амр дода буд, ба касе чизе нагуфт. Ӯ ба монанди давраи кӯдакӣ ҳамаи гуфтаҳои Мордахайро гӯш мекард. \p \v 21 Рӯзе, ҳангоме ки Мордахай дар дарбор хизмат мекард, ду дарбон\f + \fr 2:21 \ft Ин дарбонон низ аз ҷумлаи хоҷасароён буданд.\f* — Биғтон ва Тораш ба қаҳр омада, мехостанд шоҳро кушанд. \v 22 Мордахай аз ин хабардор шуда, ба малика Эстер расонид ва ӯ ба шоҳ аз номи Мордахай ҳодисаро нақл кард. \v 23 Баъд аз тафтиши ҳодиса фаҳмиданд, ки ҳақиқатан дарбонон чунин нақша кашида будаанд. Пас онҳоро дастгир карда, ба дор овехтанду тамоми ҳодиса дар ҳузури шоҳ дар китоби ёддоштҳо навишта шуд. \c 3 \s1 Сарвазир нақша мекашад, ки яҳудиёнро кушад \p \v 1 Пас аз чанд вақт шоҳ Аҳашверӯш ба Ҳаман — писари Ҳамдотой аз насли Аҷоҷ, вазифаи баланд дода, ӯро болои ҳамаи мансабдорон сарвазир гузошт. \v 2 Мувофиқи фармони шоҳ ҳамаи дарбориёне, ки дар қаср хизмат мекарданд, ба Ҳаман таъзим карда, зону мезаданд. Аммо Мордахай на таъзим мекарду на зону мезад. \v 3 Дарбориён аз Мордахай мепурсиданд: «Эй! Барои чӣ ту фармони шоҳро иҷро намекунӣ?» \p \v 4 Онҳо ҳар рӯз инро ба ӯ мегуфтанду лекин вай ба гапашон ҳеҷ аҳамият намедод. Мордахай гуфта буд, ки ӯ яҳудӣ аст. Аз ин рӯ, дарбориён корҳои Мордахайро ба Ҳаман расониданд, то бубинанд, ки оё Мордахай дар гапаш меистад ё не. \v 5 Вақте Ҳаман дид, ки Мордахай пеши вай на таъзим мекунаду на зону мезанад, сахт ба ғазаб омад. \v 6 Лекин куштани танҳо Мордахайро барои худ басанда нашуморид. Ба Ҳаман гуфта буданд, ки Мордахай аз кадом халқ аст. Барои ҳамин Ҳаман нақшаи нобуд кардани тамоми халқи яҳудӣ, яъне халқи Мордахайро кашид, ки дар саросари шоҳигарии Аҳашверӯш зиндагӣ мекарданд. \s1 Аҳашверӯш нақшаи Ҳаманро дастгирӣ мекунад \p \v 7 Баҳори\f + \fr 3:7 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён моҳи «нисон» буд, яъне моҳи якум, ки ба баҳор (тақрибан аз 15-уми март то 15-уми апрел) рост меояд.\f* соли дувоздаҳуми ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш, дар пеши Ҳаман барои интихоби рӯз ва моҳи беҳтарини нобуд кардани яҳудиён қуръа (яъне пур бо забони форсии қадим) партофтанд. Қуръа ба ҳафтуми марти соли оянда\f + \fr 3:7 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён моҳи дувоздаҳум, яъне моҳи «адор» буд.\f* афтод. \p \v 8 Сипас Ҳаман ба шоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Халқе ҳаст, ки дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ, байни мардум пароканда шудаасту аз дигарон худро ҷудо мекунад. Урфу одаташон аз дигар халқҳо фарқ дорад ва ба қонуну қоидаи шоҳ гӯш намедиҳанд. Бинобар ин, бар манфиати шоҳ нест, ки онҳоро тоқат кунад. \v 9 Агар ба шоҳ писанд афтад, бигузор фармоне барорад, ки ин халқ пурра нобуд шавад. Ман бошам, ба дасти хизматгорони шоҳ сию панҷ ҳазор кило нуқра медиҳам, то ки ба хазинаи шоҳ гузоранд». \p \v 10 Инак, шоҳ ангуштаринро, ки мӯҳри расмиаш буд, аз дасташ кашида ба Ҳаман — писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, душмани яҳудиён дода, гуфт: \v 11 «Пулро ба худат мон ва ҳар чи ки мехоҳӣ, бо ин халқ бикун». \p \v 12 Сипас ҳабдаҳуми апрел\f + \fr 3:12 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи сенздаҳуми моҳи якум буд.\f* котибони шоҳро ҷамъ карданд. Онҳо фармонро аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Ҳаман бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимони вилоятҳои подшоҳ, ҳокимони ноҳияҳо ва ба мирони халқҳо навиштанд. Фармонро аз номи шоҳ Аҳашверӯш навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр заданд. \v 13 Хабаррасонон номаҳои тайёршударо ба ҳамаи вилоятҳои шоҳ бурданд. Дар номаҳо навишта шуда буд, ки ҳамаи яҳудиён, пиру ҷавон ва занону кӯдаконро дар муддати як рӯз — ҳафтуми марти соли оянда\f + \fr 3:13 \ft Аз рӯйи тақвими ибрӣ рӯзи сенздаҳуми моҳи дувоздаҳум, яъне моҳи «адор» буд.\f* кушта, несту нобуд гардонанд. Илова бар ин, ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд. \v 14 Нақша чунин буд, ки нусхаи ин ҳуҷҷат ҳамчун қонун дар ҳар вилоят бароварда, ба ҳамаи халқҳо эълон шавад, то ки онҳо барои он рӯз тайёрӣ бинанд. \v 15 Хабаррасонон бо фармони шоҳ зуд равона шуданду ҳамзамон онро дар қалъаи Шушан эълон карданд. Подшоҳ бо Ҳаман нишаста, шароб менӯшиданд, лекин сокинони шаҳри Шушан ҳайрону саргардон шуданд. \c 4 \s1 Мордахай аз Эстер ёрӣ мепурсад \p \v 1 Мордахай аз ин ҳодиса хабардор шуда, мотам гирифт. Либосашро даронида, ҷомаи азодорӣ пӯшиду хокистар ба сараш пошид ва дар шаҳр гашта, гиряву фиғони баланд бардошт. \v 2 Ӯ фақат то назди дарвозаи подшоҳ омад, зеро азодор ҳуқуқ надошт ба қаср дарояд. \v 3 Ҳамзамон дар ҳар вилояте, ки амр ва фармони подшоҳ расид, ҳамин хел ғаму андӯҳи азиме байни яҳудиён буд. Онҳо гиряву нола карда, рӯза гирифтанду аксарияташон болои матои дурушт ва хокистар дароз кашиданд. \p \v 4 Вақте канизону хоҷасароёни Эстер ба ӯ аз ҳолати Мордахай хабар доданд, малика хеле хавотир гашта, ҷигархун шуд. Эстер ба Мордахай либос фиристод, то ки ба ҷойи либоси азодориаш бипӯшад, вале Мордахай онро қабул накард. \v 5 Он гоҳ Эстер Ҳатох — хоҷасароеро, ки шоҳ барои хизматаш дода буд, ҷеғ зада, ба назди Мордахай фиристод, то фаҳмад, ки ҳамаи ин чӣ маъно дорад ва барои чист. \p \v 6 Ҳатох ба майдони шаҳр, ки назди дарвозаи қаср воқеъ буд, ба пеши Мордахай рафт. \v 7 Мордахай дар бораи воқеаи бо вай рӯйдода ва миқдори муайяни нуқрае, ки Ҳаман барои несту нобуд кардани яҳудиён ба хазинаи шоҳ ваъда кардааст, ба ӯ нақл кард. \v 8 Баъд нусхаи фармони шоҳро дар бораи нобуд кардани яҳудиён, ки дар Шушан баромада буд, ба Ҳатох дод, то ба Эстер нишон диҳаду фаҳмонад. Инчунин Эстерро вазифадор кунад, ки ба назди шоҳ даромада, барои халқаш зорию тавалло намояд. \p \v 9 Пас Ҳатох омада, суханони Мордахайро ба Эстер нақл кард. \v 10 Эстер Ҳатохро боз назди Мордахай фиристод, то бигӯяд: \v 11 «Ҳамаи дарбориён ва мардуми тамоми вилоятҳо медонанд, ки ба қисми дарунии қасри подшоҳ бе даъват даромадан манъ аст. Хоҳ мард бошад, хоҳ зан, агар бе даъвати шоҳ ба наздаш дарояд, мувофиқи қонун кушта хоҳад шуд. Танҳо дар як ҳолат зинда мондан мумкин, ба шарте ки шоҳ асои тиллоияшро сӯйи шахси даъватнашуда дароз кунад. Маро бошад, шоҳ ба наздаш сӣ рӯз боз даъват накардааст». \p \v 12 Суханони Эстерро ба Мордахай расонданд. \v 13 Мордахай дар ҷавоби Эстер гуфт: «Фикр накун, ки дар хонаи шоҳ танҳо ту аз байни яҳудиён наҷот меёбӣ. \v 14 Агар ту дар ин вақт хомӯш бимонӣ, наҷот ва халосӣ барои яҳудиён аз тарафи дигар меояд. Лекин ту ва хонадони падарат нобуд мешавед. Кӣ медонад, шояд барои ҳамин вақт ту малика интихоб шуда бошӣ». \p \v 15 Пас Эстер дар ҷавоб ба Мордахай гуфт: \v 16 «Бирав, ҳамаи яҳудиёни Шушанро ҷамъ кун ва барои ман се шабонарӯз рӯза гиред. Шабу рӯз ҳеҷ чиз нахӯреду нанӯшед, ман ҳам бо канизонам рӯза мегирам. Баъд аз се рӯз, агарчи ин бар зидди қонун аст, ба назди шоҳ медароям ва агар бимирам, ба тақдирам тан медиҳам». \p \v 17 Бо ҳамин, Мордахай рафта, ҳамаи фармоишҳои Эстерро иҷро кард. \c 5 \s1 Эстер шоҳ ва Ҳаманро ба зиёфати якум даъват мекунад \p \v 1 Дар рӯзи сеюми рӯзадорӣ малика Эстер либосҳои шоҳонаашро пӯшид. Ӯ ба қисми дарунии қаср, ки дар рӯ ба рӯйи толори подшоҳ буд, даромада, истод. Подшоҳ дар толори шоҳона бар тахти шоҳӣ менишаст ва тахти ӯ дар рӯ ба рӯйи даромадгоҳ буд. \v 2 Вақте дид, ки малика дар қисми дарунӣ истодааст, ба назараш писанд афтод. Шоҳ асои тиллоияшро дароз карду Эстер омада, дасташро ба нӯги он расонд. \p \v 3 «Чӣ шуд, малика Эстер? Чӣ ҳодиса рӯй дод? Хоҳиши ту чист? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам». \p \v 4 «Агар подшоҳ хоҳад, имрӯз бо Ҳаман ба зиёфате, ки ман барои шоҳ тайёр кардаам, биёянд». \p \v 5 Шоҳ ба хизматгоронаш гуфт: «Ҳаманро зуд рафта, биёред, то ки хоҳиши Эстерро иҷро намоем». Ҳамин тавр, шоҳ ва Ҳаман ба зиёфати малика Эстер рафтанд. \v 6 Вақте ки онҳо май менӯшиданд, шоҳ аз Эстер боз як бори дигар пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам». \p \v 7 Эстер ҷавоб дод: «Хоҳиш ва дархости ман ин аст: \v 8 агар ба назари подшоҳ писанд ояду хоҳад, ки хоҳишамро қонеъ ва дархостамро иҷро намояд, бигзор шоҳ ва Ҳаман боз ба зиёфати дигар биёянд, ки ман барои онҳо пагоҳ тайёр мекунам. Ҳангоми он зиёфат хоҳишамро ба подшоҳ хоҳам гуфт». \s1 Ҳаман барои куштани Мордахай нақша мекашад \p \v 9 Ҳамон рӯз Ҳаман хушҳолу хурсанд шуда, баромада рафт. Ҳангоми баромадан Мордахайро дар дарбор дида, пай бурд, ки ӯ ба ҳурмати вай аз ҷояш намехезад\f + \fr 5:9 \ft Дар матни аслии забони ибрӣ \fq нахесту наларзид\ft омадааст.\f*. Ҳаман аз муносибати Мордахай сахт ба ғазаб омад. \v 10 Ба ҳар ҳол вай базӯр худро дошта, ба хона рафт. \p Дар хона занаш — Зареш ва дӯстонашро ҷамъ оварда, \v 11 ба онҳо аз бойигарии бузурги худ ва писарони бисёраш худнамоӣ мекард. Инчунин аз он ки чӣ қадар шоҳ ӯро бузург гардонду аз мансабдорон ва дарбориёни дигар баланд гузошт, худситоӣ менамуд. \v 12 «Ва на танҳо ин, — илова намуд ӯ. — Ман ягона одаме мебошам, ки малика Эстер барои шоҳро дар зиёфаташ ҳамроҳӣ намудан даъват кард. Пагоҳ вай ману шоҳро боз даъват намудааст. \v 13 Лекин бо вуҷуди ҳамаи ин, фақат дар он вақт қаноатманд мешавам, ки дигар Мордахайи яҳудиро дар дарбор набинам». \p \v 14 Занаш Зареш ва ҳамаи дӯстонаш ба вай маслиҳат доданд: «Фармон бидеҳ, ки як дори бисту се метр\f + \fr 5:14 \ft Дар матни аслии забони ибрӣ \fq 50 зироъ\ft . «Зироъ» яке аз воҳидҳои ченкунии қадим буд, ки як зироъ тақрибан ба ним метр баробар буд.\f* баланд бисозанду пагоҳ саҳар аз подшоҳ хоҳиш кун, ки Мордахайро дар он овезанд. Сипас ҳамроҳи шоҳ хушу хурсандона ба зиёфат бирав». Ҳаман пешниҳодро маъқул карда, фармон дод, ки дорро тайёр кунанд. \c 6 \s1 Подшоҳ ба Мордахай миннатдориашро баён менамояд \p \v 1 Худи ҳамон шаб хоби подшоҳ парид. Бинобар ин фармон дод, ки китоби ёддоштҳоро оварда, дар наздаш хонанд. \v 2 Ҳангоме ки китобро мехонданд, дар он қайде ёфт шуд, ки чӣ тавр Мордахай дар бораи нақшаи куштори подшоҳ хабар дода буд (ҳамон нақшаи куштори шоҳ, ки дарбонон — Биғтон ва Тораш кашида буданд). \v 3 «Ба Мордахай барои ин кораш чӣ мукофот дода шуд?» — пурсид шоҳ. «Ҳеҷ чиз», — ҷавоб доданд хизматгоронаш. \v 4 Шоҳ пурсид: «Назди дар ягон кас ҳаст?» Ҳаман бошад, ҳозиракак ба қисми берунии қаср даромада буд, то ки бо шоҳ дар бораи овехтани Мордахай дар дори тайёршуда гуфтугӯ кунад. \v 5 Хизматгорон дар ҷавоб ба шоҳ гуфтанд: «Ана, Ҳаман омадааст». «Бигзор дарояд», — фармон дод шоҳ. \v 6 Чун Ҳаман даромад, шоҳ аз ӯ пурсид: «Барои нафаре, ки шоҳ сарбаланду ифтихорманд гардондан мехоҳад, чӣ бояд кард?» Ҳаман бошад ба худ фикр кард: «Оё ба ғайр аз ман боз касе ҳаст, ки подшоҳ мехост ифтихорманд гардонад? Албатта не». \v 7 Аз ин рӯ, ба подшоҳ гуфт: «Барои нафаре, ки подшоҳ мехоҳад ифтихорманд гардонад, \v 8 ҷомаи шоҳонаи подшоҳ, ки худи шоҳ пӯшидааст, оварда шавад. Инчунин асперо бо тоҷи шоҳона бар сар, ки худи шоҳ дар он савор шудааст, биёранд. \v 9 Сипас, ҳамаи ин чизҳо ба яке аз мансабдорони олимартабаи шоҳ дода шавад. Бигзор ӯ касеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, ҷомаи шоҳона пӯшонад\f + \fr 6:9 \ft Ё \fq пӯшонанд\f*. Инчунин ӯро болои асп дар маркази шаҳр бигардонаду пешопеш роҳ рафта, эълон намояд:\f + \fr 6:9 \ft Ё \fq намоянд\f* „Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!“». \p \v 10 «Худи ҳозир рафта, ҷомаву аспро бигир ва чунон ки гуфтӣ, ҳамон тавр барои Мордахайи яҳудӣ, ки дар дарбор хизмат мекунад, бикун, — амр кард подшоҳ. — Ҳеҷ чизро аз гуфтаҳоят фаромӯш накун». \v 11 Ҳамин тавр, Ҳаман ҷомаву аспро гирифт. Ҷомаро ба Мордахай пӯшониду вайро дар асп савор карда, дар маркази шаҳр гардонид. Инчунин пешопеши ӯ эълон намуда, фарёд кард: «Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!» \p \v 12 Баъд аз ин Мордахай ба дарбори подшоҳ баргашт. Ҳаман бошад рӯяшро аз шарм пӯшида, зуд ба хона шитофт. \v 13 Дар хона воқеаи бо вай рӯйдодаро ба занаш — Зареш ва дӯстонаш нақл кард. Сипас занаш бо он дӯстони хирадмандаш ба ӯ гуфтанд: «Азбаски Мордахай, ки бар вай дигар қудрат надорӣ, яҳудӣ аст, бар зидди ӯ истодагарӣ карда наметавонӣ. Ту, бешубҳа, шикаст хоҳӣ хӯрд!» \s1 Чоҳкан зери чоҳ \p \v 14 Ҳангоме ки онҳо ҳанӯз бо ӯ сӯҳбат мекарданд, хизматгорони шоҳ омада, зуд Ҳаманро ба зиёфати Эстер бурданд. \c 7 \p \v 1 Ҳамин тавр, подшоҳ ва Ҳаман ба зиёфати дуюми малика Эстер рафтанд. \v 2 Ҳангоме ки онҳо май менӯшиданд, подшоҳ бори дигар аз малика пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Бигӯй, чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту дода мешавад». \p \v 3 Малика ҷавоб дод: «Эй подшоҳ, агар писанди назари шумо бошам ва маъқул донед, илтиҷо менамоям, ки ҷони ману халқамро наҷот диҳед. \v 4 Агар мо фақат ҳамчун ғулом фурӯхта мешудем, хомӯш мемондаму чизе намегуфтам, чунки подшоҳро бо чунин дархост халалдор кардан раво нест. Лекин сабаб дар он аст, ки ман бо халқам ба куштану несту нобуд шудан фурӯхта шудаем». \p \v 5 Подшоҳ аз малика пурсид: «Кист он одам?! Куҷост он нафаре, ки ба чунин коре ҷуръат намудааст?!» \p \v 6 Эстер хитоб кард: «Душмани ашаддӣ ҳамин Ҳамани бадкор аст!» \p Инро шунида, Ҳаман назди подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод. \v 7 Подшоҳ оташин шуда, аз ҷояш хесту аз зиёфат баромада, ба боғи қаср рафт. Чун Ҳаман ҳис кард, ки шоҳ ӯро нобуд кардан мехоҳад, назди малика истод, то барои халосии ҷонаш ӯро илтиҷо намояд. \v 8 Ӯ худро бо зорию тавалло болои кати Эстер партофта буд, ки подшоҳ аз боғи қаср баргашт. \p Подшоҳ дод зад: «Вай ҳатто ҷуръат мекунад, ки дар ҳузури ман ба номуси малика расад?!» \p Ҳамин ки подшоҳ инро гуфт, рӯйи Ҳаманро пӯшониданд. \v 9 Пас Ҳарбӯно — яке аз хизматгорони шахсии шоҳ, ки он ҷо буд, гуфт: «Инак, дори бисту семетра дар ҳавлии Ҳаман тайёр аст. Вай онро барои Мордахай, ки барои шоҳ кори нек карда буд, сохтааст». \p Подшоҳ амр дод: «Худашро ба ҳамон дор овезед!» \v 10 Ҳамин тавр, Ҳаманро дар доре, ки ӯ барои Мордахай сохта буд, овехтанд. Сипас ғазаби подшоҳ паст шуд. \c 8 \s1 Эстер яҳудиёнро наҷот медиҳад \p \v 1 Худи ҳамон рӯз шоҳ Аҳашверӯш молу мулк ва чизу чораи Ҳаман — душмани яҳудиёнро ба малика Эстер дод. Мордахай акнун назди подшоҳ даромад, зеро Эстер ба шоҳ гуфт, ки онҳо хешанд. \v 2 Баъдан подшоҳ ангуштаринашро, ки аз Ҳаман гирифта шуда буд, аз дасташ кашида, ба дасти Мордахай супорид. Эстер бошад Мордахайро бар дороии Ҳаман ҷавобгар намуд. \p \v 3 Малика Эстер бори дигар бо подшоҳ гап зада, худро пеши пояш партофту гиря кард. Ӯ зорию тавалло намуд, ки нақшаи бади зидди яҳудиён тайёркардаи Ҳаманро бекор намояд. \v 4 Сипас подшоҳ асои тиллоияшро ба Эстер дароз кард ва ӯ аз ҷояш бархоста, назди шоҳ истод. \p \v 5 «Агар ин кор ба подшоҳ дуруст намояду дар назари шоҳ эътибор дошта бошам, — илтиҷо кард малика, — бигзор қонун барояд, ки ҳамаи номаҳои Ҳаман, писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, ки барои нобуд кардани яҳудиёни ҳамаи вилоятҳои подшоҳ навишта буд, бекор карда шаванд. \v 6 Чӣ тавр ба ин балое, ки ба сари халқам меояд, тоб оварам? Нобудшавии оилаамро чӣ гуна тоқат кунам?» \p \v 7 Подшоҳ ба малика Эстер ва Мордахайи яҳудӣ гуфт: «Азбаски Ҳаман ба халқи яҳудиён ҳуҷум кард, ӯро ба дор овехтанд ва дороияшро аллакай ба Эстер додам. \v 8 Акнун аз номи подшоҳ қонуни нав оид ба яҳудиён, чӣ тавре ки дуруст мешуморед, бинависеду онро бо ангуштарини шоҳ мӯҳр бизанед. Ҳар қонуне, ки аз номи шоҳ навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр зада шуда бошад, бекор карда намешавад». \p \v 9 Сипас бисту панҷуми июн\f + \fr 8:9 \ft Аз рӯйи тақвими ибрӣ бисту сеюм рӯзи моҳи сеюм, яъне моҳи «сивон» буд.\f* котибони шоҳ даъват шуданд. Онҳо фармонро оид ба яҳудиён, аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Мордахай бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимону мирони яксаду бисту ҳафт вилоят — аз Ҳиндустон то Эфиопия навиштанд. Фармон ба яҳудиён низ бо хату забони худашон навишта шуд. \v 10 Фармонро аз номи шоҳ Аҳашверӯш навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр заданд. Мордахай онҳоро бо дасти хабаррасонҳо фиристод, ки ба аспҳои тездави махсус барои шоҳ парварида саворӣ буданд. \p \v 11 Фармони шоҳ ба яҳудиён ҳуқуқ дод, ки дар ҳар шаҳр барои муҳофизати худ ҷамъ шаванд. Ҳар қувваи мусаллаҳ аз ҳар халқ ё вилоят, ки ба онҳо ҳуҷум кунад, бо занону кӯдаконашон кушта, несту нобуд карда шавад. Илова бар ин ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд. \v 12 Рӯзе ки ин амр бояд дар тамоми вилоятҳо иҷро шавад, ҳафтуми марти соли оянда\f + \fr 8:12 \ft Аз рӯйи тақвими ибрӣ рӯзи сенздаҳуми моҳи дувоздаҳум, яъне моҳи «адор» буд.\f* буд. \v 13 Нақша чунин буд, ки нусхаи ин ҳуҷҷат ҳамчун қонун дар ҳар вилоят бароварда, ба ҳамаи халқҳо эълон шавад, то ки ҳамон рӯз яҳудиён барои аз душманонашон қасос гирифтан тайёр бошанд. \v 14 Хабаррасонҳо бо фармони шоҳ, дар аспҳои тездави подшоҳ савор шуда, зуд равона шуданду ҳамзамон онро дар қалъаи Шушан эълон карданд. \p \v 15 Мордахай бо либоси шоҳонаи кабуду сафед дар тан, тоҷи калони бо тилло орододашуда ва болопӯши бунафшранги қиматбаҳо аз назди шоҳ баромад. Дар Шушан садои шодию хурсандии сокинон баланд шуд. \v 16 Барои яҳудиён ин рӯзи пирӯзӣ, хурсандию шодмонӣ буд ва онҳоро дар ҳама ҷо эҳтиром мекарданд. \v 17 Ба ҳар вилояту шаҳр, ки амру фармони шоҳ расид, иду базми шодмонӣ байни яҳудиён барпо шуд. Бисёр ғайрияҳудиёни он сарзамин аз халқи Мордахай метарсиданду аз ин сабаб эълон намуданд, ки дини яҳудиро қабул карданд. \c 9 \s1 Нахустин ғалабаи яҳудиён бар душманонашон \p \v 1 Ҳафтуми март\f + \fr 9:1 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи сенздаҳуми моҳи дувоздаҳум, яъне моҳи «адор» буд. \f* фармони шоҳ бояд иҷро мешуд. Ҳамон рӯз душманони яҳудиён умед доштанд, ки бар яҳудиён ғолиб меоянд, лекин баръакси ҳодиса рӯй дод. Дар асл яҳудиён бар душманонашон ғолиб баромаданд. \v 2 Яҳудиён дар шаҳрҳояшон дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ ҷамъ омаданд, то ба онҳое, ки маргашонро мехостанд, ҳуҷум намоянд. Азбаски тарс аз яҳудиён ҳамаи халқҳоро фаро гирифта буд, ҳеҷ кас бар зидди онҳо истодагарӣ карда натавонист. \v 3 Тарс аз Мордахай ҳамаи мирони халқҳо, ҳокимони вилоятҳову ноҳияҳо ва хизматгорони дарбори шоҳро фаро гирифта буд ва аз ин сабаб онҳо яҳудиёнро дастгирӣ мекарданд. \v 4 Охир ба Мордахай вазифаи баланд доданду шӯҳраташ дар тамоми сарзамин паҳн шуд ва қудрати ӯ рӯз ба рӯз меафзуд. \v 5 Ҳамин тавр, яҳудиён, ҳар чи ки хостанд, бо душманони худ карданд. Бо шамшер ҳамаи онҳоро зада куштанд ва несту нобуд намуданд. \v 6 Дар худи қалъаи шоҳ яҳудиён панҷсад нафарро куштанд. \v 7 Онҳо инчунин Паршандато Далфӯн Аспото \v 8 Пӯрото, Адалё, Аридото \v 9 Паршамто, Арисой, Аридой ва Вайзото ном ҷавонмардонро куштанд. \v 10 Инҳо даҳ писарони Ҳаман ибни Ҳамдотой, душмани яҳудиён буданд. Вале ба чизу чора ва молу мулкашон даст нарасониданд. \s1 Дуюмин ғалабаи яҳудиён бар душманонашон \p \v 11 Худи ҳамон рӯз дар бораи шумораи одамони дар Шушан кушташуда ба шоҳ ҳисобот дода шуд. \v 12 Баъд шоҳ ба Эстер гуфт: «Дар худи қалъаи Шушан яҳудиён панҷсад нафар ва даҳ писари Ҳаманро куштанд. Дар дигар вилоятҳо чӣ кор карда бошанд? Акнун бигӯ, дархости ту чист? Он иҷро хоҳад шуд. Хоҳишат чист? Ба ту дода хоҳад шуд». \v 13 «Агар ба шоҳ писанд афтад, — ҷавоб дод Эстер, — бигзор ба яҳудиён дар Шушан иҷозат дода шавад, ки пагоҳ низ аз рӯйи қонуни имрӯза амал намоянд. Илова бар ин, мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шаванд». \v 14 Ҳамин тавр, шоҳ амр дод, ки ин фармон иҷро шавад. Онро дар Шушан эълон намуданду мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шуданд. \v 15 Яҳудиён дар Шушан низ ҳаштуми март\f + \fr 9:15 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи чордаҳуми моҳи «адор» буд.\f* ҷамъ шуда, дар он ҷо сесад нафарро куштанд, лекин ба чизу чора ва молу мулкашон даст нарасониданд. \p \v 16 Дар ин ҳангом, яҳудиёни дигар дар вилоятҳои подшоҳ низ ҷамъ шуданд, то ки худро муҳофизат намуда, аз душманонашон халос шаванд. Яҳудиён ҳафтоду панҷ ҳазор нафар душманони худро куштанд, лекин ба чизу чора ва молу мулкашон даст нарасониданд. \v 17 Ҳамаи ин ҳафтуми март\f + \fr 9:17 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи сенздаҳуми моҳи «адор» буд.\f* рӯй дод. Ҳаштуми март\f + \fr 9:17 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи чордаҳуми моҳи «адор» буд.\f* онҳо истироҳат карда, онро ба рӯзи базму шодмонӣ табдил доданд. \p \v 18 Лекин дар шаҳри Шушан яҳудиён барои худро муҳофизат намудан ҳам рӯзи ҳафтум\f + \fr 9:18 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён, \fq сенздаҳум\f* ва ҳам ҳаштум\f + \fr 9:18 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён, \fq чордаҳум\f* ҷамъ шуданду рӯзи нӯҳумро\f + \fr 9:18 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён, \fq понздаҳум\f* ба базму шодмонӣ бахшиданд. \v 19 Барои ҳамин яҳудиёни деҳотӣ ҳаштуми мартро\f + \fr 9:19 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи чордаҳуми моҳи «адор» буд.\f* ҳар сол ҳамчун рӯзи шодмонӣ ва базм ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз ба якдигар хӯрок мефиристанд. \s1 Мордахай ҷашн гирифтани иди Пуримро таъин мекунад \p \v 20 Мордахай ин ҳодисаҳоро ба қайд гирифт ва ба ҳамаи яҳудиёни дуру наздики ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш мактубҳо фиристод. \v 21 Дар мактубҳо аз онҳо хоҳиш кард, ки ҳар сол рӯзҳои ҳаштуму нӯҳуми март\f + \fr 9:21 \ft Мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи чордаҳум ва понздаҳуми моҳи «адор» буд.\f* ҳамчун ид \v 22 бо базму шодмонӣ, фиристодани хӯрок ба якдигар ва додани тӯҳфаҳо ба камбағалон ҷашн гирифта шавад. Ин барои ёдбуди замонест, ки яҳудиён аз душманонашон халос шуда, ғамашон ба шодӣ ва мотамашон ба хурсандӣ табдил ёфта буд. \p \v 23 Ҳамин тавр, яҳудиён ба Мордахай гӯш карда, қарор доданд, ки идро чун анъана қабул намоянду ҳамасола ҷашн бигиранд. \v 24 Онҳо ба хотир меоварданд, ки Ҳаман писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, ки душмани ҳамаи яҳудиён буд, яҳудиёнро куштанӣ шуда, барои несту нобуд сохтани онҳо қуръа (яъне пур) партофт. \v 25 Аммо ҳангоме Эстер назди подшоҳ даромад\f + \fr 9:25 \ft Дар баъзе нусхаҳои қадима чунин омадааст: \fq Аммо вақте ки хабар ба подшоҳ расид\f*, ӯ фармон баровард, то нақшаи баде, ки Ҳаман барои яҳудиён тайёр карда буд, бар сари худаш омада, бо писаронаш ба дор овехта шавад. \v 26 Барои ҳамин ин идро Пурим, ки маънояш «қуръа» аст, номиданд. Ҳамин тавр, бо сабаби номаҳои Мордахай ва он чӣ онҳо аз сар гузарониданд, \v 27 яҳудиён қарор доданд, ки ин анъанаро расман қабул кунанду ҳамасола ин ду рӯзро худашон, фарзандонашон ва онҳое ки дини яҳудиро қабул мекунанд, бояд қайд кунанд. Онро бояд дар вақту соати барои он муайяншуда, мувофиқи он чи ки навишта шуд, бе ягон мамоният ҷашн бигиранд. \v 28 Ин рӯзҳо бояд аз насл ба насл дар ҳар оила, вилоят ва шаҳр ба хотир оварда, нигоҳ дошта шавад. Ҷашн гирифтани рӯзҳои иди Пурим ҳеҷ гоҳ аз тарафи яҳудиён манъ карда нашавад ва ёди он аз байни наслҳои онҳо наравад. \s1 Эстер дар бораи иди Пурим фармон мебарорад \p \v 29 Пас аз он Эстер — духтари Абиҳоил ҳамроҳи Мордахайи яҳудӣ бо тамоми қудрат мактуби дигарро навиштанд, то ки мактуби дуюмро дар бораи Пурим тасдиқ намоянд. \v 30 Нусхаҳои мактуби дигар бо суханони сулҳу осоиштагӣ ба ҳамаи яҳудиёни яксаду бисту ҳафт вилояти сарзамини шоҳ Аҳашверӯш фиристода шуданд. \v 31 Ин мактубҳо рӯзҳои Пуримро тасдиқ карданд, то ки дар рӯзи муайяншуда ҷашн гирифта шаванд, чунон ки Мордахай ва малика Эстер барояшон таъин карда буданд. Одамон қарор доданд, ки ин идро ҳамчун идҳои дигари рӯзаю нолаашон, ки барои худ ва наслҳояшон таъин карда буданд, ҷашн гиранд. \v 32 Ҳамин тавр, фармони малика Эстер анъанаҳои Пуримро тасдиқ намуд ва он дар китоб навишта шуд. \c 10 \s1 Подшоҳ Аҳашверӯш ва Мордахай бузург мегарданд \p \v 1 Сипас подшоҳ Аҳашверӯш тамоми сарзамин, ҳатто ҷазираҳои\f + \fr 10:1 \ft Ё \fq соҳилҳо\f* дурро ба андоз супоридан водор намуд. \v 2 Ҳамаи дастовардҳои калони подшоҳ ва бузургдошти Мордахай, ки шоҳ ӯро ба ин дараҷа расонд, дар Китоби Таърихи Подшоҳони Модай ва Форс навишта шудаанд. \v 3 Хуллас, Мордахайи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуввум буд. Вай дар байни яҳудиён одами бузург ҳисоб меёфту байни хешу табораш эҳтироми баланд дошт. Ин аз он сабаб буд, ки ӯ барои манфиати халқаш кор мекард ва барои беҳбудии ҳамаи яҳудиён баромад менамуд.