\id 1TH 531THTajU.SFM Tajik common language translation \ide UTF-8 \h Тасслӯникиён \toc1 Номаи якуми Павлуси фириста ба Таслӯникиён \toc2 Тасслӯникиён \mt2 Номаи якуми Павлуси фириста \mt3 ба \mt1 Таслӯникиён \imt1 Пешгуфтор \ip \c 1 \p \v 1 Мо Павлус, Силӯс\f + \fr 1:1 \ft Шакли дигари номи Силӯс Силвонус аст. \f* ва Тимотиюс ба ҷамоати имондорони шаҳри Таслӯникӣ, ки аз они Худо-Падар ва Худованд Исои Масеҳ аст, салом мерасонем. Файзу осоиштагӣ бар шумо бод\f + \fr 1:1 \ft Дар баъзе нусхаҳо «Файзу осоиштагӣ аз Худо-Падари мо ва Худованд Исои Масеҳ» омадааст.\f*! \s1 Таслӯникиён аз рӯи имон зиндагонӣ мекунанд \p \v 2 Мо ҳамеша шумо — таслӯникиёнро дар дуоҳоямон ба хотир оварда, барои ҳамаи шумо Худоро шукр мегӯем. \v 3 Инчунин дар назди Худо-Падари мо имон ва муҳаббату умеди шуморо ба ёд меорем. Яъне корҳои шуморо, ки бо имон содир кардед, меҳнатеро, ки бо муҳаббат мекунед, умедеро, ки ба Худованд Исои Масеҳ доред ва онро нигоҳ медоред. \v 4-5 \vp 4–5\vp* Эй бародарони азизи Худо, азбаски хушхабари расондаамонро на танҳо дар сухан, балки бо қуввати Рӯҳи Пок қабул кардед ва ба он хушхабар боварии комил доред, мо медонем, ки Худо шуморо интихоб кардааст. Худатон ҳам медонед, ки мо чӣ гуна одамон будем, чун барои беҳбудии шумо дар наздатон мондем. \v 6 Шумо аз мову Худованд ибрат гирифтед: бо вуҷуди азобҳои бисёр шумо каломро бо хушнудии Рӯҳи Пок қабул кардед. \v 7 Аз ҳамин сабаб, шумо барои ҳамаи имондорони вилоятҳои Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед. \v 8 Акнун каломи Худованд аз тарафи шумо на танҳо дар Мақдуния ва Охоия, балки дар ҳама ҷое, ки дар бораи имони шумо шунидаанд, паҳн гардид. Барои ҳамин лозим нест, ки дар бораи имони шумо ба касе гӯем. \v 9 Чунки дигарон аллакай ба мо нақл мекунанд, ки чӣ тавр шумо моро қабул кардаед ва аз бутҳо рӯй гардонида, ба Худои зиндаву ҳақиқӣ рӯй овардаед, то ки ба Ӯ хизмат кунед. \v 10 Инчунин интизори аз осмон омадани Писараш ҳастед, ки Ӯро Падар аз мурдагон зинда кардааст — Исоро, ки моро аз ғазаби омадаистодаи Худо раҳоӣ мебахшад. \c 2 \s1 Хизмати Павлус дар Таслӯникӣ самар меоварад \p \v 1 Бародарон, худи шумо медонед, вақте ки ману Силӯс ва Тимотиюс ба назди шумо омадем, хизматамон самаранок буд. \v 2 Чуноне ки медонед, дар шаҳри Филиппӣ моро бисёр азоб доданд, паст заданд, вале Худо ба мо ҷуръат дод, ки бо вуҷуди зиддиятҳои сахт хушхабари Ӯро ба шумо кушоду равшан эълон намоем. \v 3 Охир, дар даъвати мо гумроҳ кардан, нияти бад ва ё фиребе нест. \v 4 Баръакс, Худо баъди санҷишҳо моро супориш додааст, ки хушхабарро эълон кунем. Барои ҳамин бартарие, ки ба мо дода шудааст, ҳангоми сухан гуфтан кӯшиш мекунем, ки на ба одамон, балки ба Худое, ки дилҳои моро месанҷад, писанд оем. \v 5 Шумо медонед ва Худо низ шоҳид аст, ки мо ҳаргиз хушомадгӯӣ накардаем ва ба манфиати худ кор набурдаем. \v 6 Зеро мо на аз шумо ва на аз каси дигар таъриф наҷустаем. \v 7 Мо чун фиристагони\f + \fr 2:7 \ft Шогирдони аввалини Худованд, ки вазифаи махсус доштанд.\f*Масеҳ ҳақ доштем, ки аз шумо ҳурмату эҳтиром талаб кунем, аммо, мисли он ки модар навозишкорона ба кӯдаконаш ғамхорӣ мекунад, дар байнатон меҳрубон будем. \v 8 Мо шуморо чунон дӯст доштем, ки тайёр будем на танҳо хушхабари Худоро ба шумо расонем, балки ҷони худро бароятон фидо кунем, чунки шумо бароямон хеле азиз ва гиромӣ ҳастед. \v 9 Бародарон, шумо дар ёд доред, чӣ тарз мо заҳмат мекашидем: хушхабари Худоро ба шумо расонда, боз шабу рӯз кор ҳам мекардем, то ки ба дӯши ягон каси шумо бор нашавем. \v 10 Ҳам шумо ва ҳам Худо шоҳид ҳастед, ки рафтори мо нисбати шумо, имондорон, то чӣ андоза пок, дуруст ва беайб буд. \v 11 Худатон медонед, ки мо бо ҳар яки шумо мисли падар бо фарзандонаш муомила мекардем; \v 12 шуморо қувват бахшидаву рӯҳбаланд карда, насиҳат мекардем. Мехостем, ки тарзи зиндагии шумо писанди Худо бошад, ки шуморо ба шукӯҳу ҷалол ва подшоҳиаш даъват кардааст. \p \v 13 Мо ҳамеша Худоро шукр мегӯем, ки шумо ҳангоми аз мо шунидани каломи Худо, онро на ҳамчун сухани одамизод, балки чун каломи Худо қабул кардед, ки он дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Ин калом дар ҳаёти шумо, имондорон, амал мекунад. \v 14 Охир шумо, бародарон, дар азоб кашиданатон ба одамони Худо дар вилояти Яҳудия, ки ба Исои Масеҳ бовар мекунанд, монанд шудед — шумо аз халқи худ ҳамон азобҳоеро кашидед, ки онҳо аз яҳудиён дида буданд. \v 15 Яҳудиён Худованд Исо ва пайғамбаронро куштанд, инчунин моро пеш карданд. Рафтори онҳо ба Худо маъқул нест, онҳо ба одамон зиддият карда \v 16 намегузоранд, ки мо хушхабарро ба мардум расонем, то ки наҷот ёбанд. Бо ин корашон ҳамеша косаи гуноҳҳояшонро лабрез намуда, ба ғазаби Худо гирифтор мешаванд. \s1 Павлус орзу мекунад, ки бори дигар имондорони таслӯникиро бубинад \p \v 17 Эй бародарон, азбаски мо нохоҳ барои муддати кӯтоҳе на дар дил, балки ҷисман аз шумо ҷудо шудем, хоҳиши зиёд доштем, ки шуморо боз рӯ ба рӯ бубинем. \v 18 Бале, хеле мехостем ба назди шумо равем. Ман, Павлус, бошам на як бору ду бор кӯшиш кардам, аммо иблис пеши роҳамонро гирифт. \v 19 Вақте ки Худованд Исо\f + \fr 2:19 \ft Дар баъзе нусхаҳои қадима «Худованд Исои Масеҳ» омадааст.\f*бармегардад, дар назди Ӯ шумо боиси умеду шодмонӣ ва сарбаландии мо мешавед! \v 20 Охир шумо сабаби фахру хушнудии мо ҳастед! \c 3 \p \v 1 Пас, чун дигар тоқати ҷудоӣ надоштем, фикр кардем, ки дар шаҳри Атино худ танҳо бимонем, \v 2 вале ба назди шумо ба шаҳри Таслӯникӣ Тимотиюсро фиристем. Ҳамон Тимотиюсро, ки бародари мо буда, дар эълон кардани хушхабари Масеҳ хизматгори Худо мебошад. Хостем, ки ӯ шуморо дар имонатон устувор ва боқувват гардонад, \v 3 то касе аз шумо ҳангоми азобҳо ба дудилагӣ роҳ надиҳад. Шумо пештар ҳам медонистед, ки мо бояд азоб кашем. \v 4 Охир, ҳангоми дар назди шумо буданамон ҳам огоҳ карда будем, ки моро азоб дода, дунболагирӣ хоҳанд кард. Чуноне ки мебинед, ҳамин тавр ҳам шуд. \v 5 Аз ин сабаб, вақте ки тоқатам тоқ шуд, ба назди шумо Тимотиюсро фиристодам, то дар бораи имонатон бифаҳмад; мабодо иблиси васвасакор шуморо аз роҳ занад ва тамоми меҳнатамон барбод равад. \p \v 6 Вале алҳол Тимотиюс аз наздатон баргашта, дар бораи муҳаббату имони шумо хабарҳои хуш овард. Ӯ ба мо нақл кард, ки шумо ҳамеша бо некӣ моро ёд мекунед ва мехоҳед, ки моро боз бубинед, чуноне ки мо ҳам хоҳони дидори шумоем. \v 7 Бародарон, дар ин ҳама ранҷу азобу душвориҳоямон имони шумо моро рӯҳбаланд кард. \v 8 Агар имони шумо ба Худованд устувор бошад, мо ҳам зиндадил мегардем. \v 9 Бародарони таслӯникӣ, дар ҳузури Худо шумо ба мо хурсандии бузурге бахшидед, ки барои он Худоро беохир шукр мегӯем. \v 10 Мо шабу рӯз аз таҳти дил дуо мегӯем, ки боз бо шумо вохӯрем, то норасоии имонатонро пурра гардонем. \v 11 Бигзор худи Худо — Падар ва Худовандамон Исо моро сӯи шумо равона кунад! \v 12 Бигзор Худованд бо он муҳаббати бузурге, ки нисбат ба шумо дорем, шуморо ҳам нисбат ба якдигар ва ҳамагон пур ва лабрез намояд. \v 13 Ҳамин тавр, Ӯ дили шуморо боқувват гардонад, то ҳамон рӯзе, ки Худованд Исо бо пайравонаш меояд, дар пеши Худо-Падарамон беайб ва пок бошед.\f + \fr 3:13 \ft Дар баъзе нусхаҳо қадима дар охир «Омин» омадааст.\f* \c 4 \s1 Дар бораи зиндагие, ки ба Худо писанд аст \p \v 1 Инак, бародарон, бо номи Худованд Исо\f + \fr 4:1 \ft Дар баъзе нусхаҳои қадима «Исои Масеҳ» омадааст.\f* хоҳиш ва илтиҷо мекунем, чи тавре ки мо таълим додем, зиндагиро давом диҳед, то ки ба Худо писанд оед. Шумо аллакай ҳамин тарз рафтор мекунед, вале кӯшиш намоед, ки аз ин ҳам беҳтар зиндагӣ кунед. \v 2 Зеро шумо медонед, ки бо қудрати Худованд Исо чӣ гуна таълимотро ба шумо додаем. \v 3 Худо мехоҳад, ки шумо худро пурра ба Ӯ бахшида, аз бадахлоқии ҷинсӣ худро нигоҳ доред. \v 4 Хости Худо ин аст, ки ҳар яки шумо ҷисму хоҳишҳои худро идора карда, беайб ва бономус бошед. \v 5 Боз Худо мехоҳад мисли беимононе, ки Ӯро намешиносанд, пойбанди ҳавасҳои ҷинсӣ набошед. \v 6 Инчунин мувофиқи хости Худо шумо набояд аз боварии бародаратон сӯиистифода карда, бо зани вай ҳамхоба шавед. Мо пештар ҳам инро ба шумо қатъиян гуфта ва огоҳ карда будем, ки барои ҳамаи ин гуноҳҳо Худо аз одам қасос мегирад. \v 7 Чунки Ӯ моро на ба нопокӣ, балки ба ҳаёти пок даъват кардааст. \v 8 Инак, касе ки аз фармудаҳои Худо саркашӣ мекунад, на одамро, балки Худоеро, ки ба шумо Рӯҳи Муқаддасро медиҳад, рад мекунад. \p \v 9 Оид ба хусуси бародардӯстӣ ҳоҷат ба сухан нест, чунки худи шумо аз Худо таълим гирифтаед, ки якдигарро дӯст доред. \v 10 Бале, шумо ҳамаи имондоронеро, ки дар саросари вилояти Мақдуния ҳастанд, дӯст медоред. Ба ҳар ҳол, хоҳиш мекунем, ки якдигарро боз зиёдтар дӯст доред. \v 11 Чи тавре ки фармуда будем, оромона зиндагӣ кунед, ҳар кас бо кори худ машғул шуда, бо дастонаш меҳнат кунад. \v 12 Чунон зиндагӣ кунед, ки ҳаёти шумо сазовори ҳурмати беимонон бошад, то ки шумо аз дигарон вобаста набошед. \s1 Ҳангоми бозгашти Масеҳ чӣ рӯй медиҳад \p \v 13 Эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи гузаштагон бехабар монда, ба монанди беимононе, ки умед надоранд, ғамгин бошед. \v 14 Мо бовар мекунем, ки Исои Масеҳ мурда зинда шуд ва инчунин бовар мекунем, ки Худо касонеро, ки ба Исои Масеҳ имон доштанду аз олам гузаштаанд, ба назди Ӯ ба осмон мебарад. \v 15 Мувофиқи суханони Худованд ба шумо мегӯем: мо, ки то бозгаши Худованд зинда мемонем, аз имондорони гузашта, ҳаргиз пеш намеравем. \v 16 Зеро худи Худованд аз осмон бо фармони қатъӣ, бо овози сарфариштаву карнайи Худо фуруд меояд ва аввал онҳое, ки ба Масеҳ имон доштанду мурдан зинда мешаванд. \v 17 Сипас мо, зиндаҳои боқимонда, ҳамроҳи онҳо дар абре ба ҳаво, ба пешвози Худованд боло мешавем ва то абад бо Ӯ мемонем. \v 18 Бо ин суханон якдигарро рӯҳбаланд кунед. \c 5 \s1 Барои бозгашти Исои Масеҳ омода бошед \p \v 1 Бародарон, ҳоҷат нест, ки мо ба шумо дар бораи вақту соати он рӯз нависем. \v 2 Зеро шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ногаҳон фаро мерасад мисли дузде, ки шабона меояд. \v 3 Ҳангоме ки одамон «дар ҳама ҷо сулҳу осоиштагӣ» мегӯянд, ногаҳон ҳалокат меояд, мисли он ки пеш аз таваллуд зани ҳомиладорро дард мегирад. Ҳамин тавр, ба онҳо низ роҳи гурез нест. \v 4 Аммо шумо, бародарон, дар торикӣ нестед, то ки он рӯз ногаҳон чун дузд шуморо дар ғафлат ёбад. \v 5 Зеро ҳамаи шумо писарони нур ва рӯзи равшан ҳастед. Мо аз они шаб ва торикӣ нестем. \v 6 Инак, мисли дигарон дар хоби ғафлат намонем, балки бедор ва ҳушёр бошем. \v 7 Чунки онҳое, ки хобанд, шабона хоб мераванд; онҳое, ки бадмастанд, шабона шароб менӯшанд. \v 8 Лекин мо аз они нури рӯз ҳастем, пас биёед имону муҳаббатро ҳамчун либоси ҷангӣ дар бар кунем ва умеди наҷоти ояндаро ҳамчун кулоҳи ҷангӣ ба сар кашида, ҳушёр биистем. \v 9 Зеро Худо моро на барои ғазабаш, балки барои наҷот ба воситаи Худованди мо, Исои Масеҳ пешакӣ муайян кардааст. \v 10 Исо барои мо ҷонашро фидо кард, то ки мо хоҳ зинда бошем, хоҳ мурда — ҳамроҳи Ӯ зиндагӣ кунем. \v 11 Пас рӯҳбаланд кардан ва устувор гардондани якдигарро давом диҳед. \s1 Насиҳатҳои амалӣ \p \v 12 Бародарон, аз шумо хоҳиш мекунем: намояндагони Худовандро, ки дар байни шумо меҳнат ва шуморо роҳбарию насиҳат мекунанд, иззат намоед. \v 13 Барои корашон онҳоро ҳурмату эҳтиром кунед ва дӯст доред. Бо якдигар сулҳу осоиштагӣ дошта бошед. \p \v 14 Эй, бародарон, аз шумо илтиҷо мекунем, ки танбалонро насиҳат кунед; ба тарсончакон қувват бахшед; сустимонҳоро дастгирӣ кунед; нисбат ба ҳама сабру тоқат дошта бошед. \v 15 Нагузоред, ки касе ба ивази бадӣ бо бадӣ ҷавоб диҳад, балки ҳамеша нисбат ба якдигар ва ҳама ба некӣ кардан кӯшиш кунед. \v 16 Ҳама вақт шод бошед, \v 17 ҳамеша дуо гӯед, \v 18 дар ҳар ҳолат Худоро шукр гӯед, зеро хости Худо барои шумо, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ доред, ҳамин аст. \v 19 Ба кори Рӯҳи Пок халал нарасонед; \v 20 пешгӯйиҳоро зери пой нанамоед, \v 21 лекин ҳамаи инро санҷида, пешгӯйиҳои хубро қабул кунед, \v 22 аз ҳар намуди бадаш дурӣ кунед! \p \v 23 Бигзор худи Худои осоиштагӣ шуморо комилан пок гардонад, то ки ҳангоми бозгашти Худованди мо Исои Масеҳ тамоми вуҷудатон, яъне рӯҳ, ҷон ва ҷисматон беайб нигоҳ дошта шавад. \v 24 Худо — Даъваткунандаи шумо вафодор аст ва Ӯ шуморо беайб нигоҳ медорад. \p \v 25 Бародарон, барои мо дуо кунед. \v 26 Ҳамаи бародаронро ба оғӯш гирифта, салом расонед. \v 27 Дар назди Худованд шуморо вазифадор мекунам, ки ин номаро ба ҳамаи бародарон хонед. \p \v 28 Файзу марҳамати Худованд Исои Масеҳ бо шумо бошад\f + \fr 5:28 \ft Дар баъзе нусхаҳои қадима «Омин» омадааст.\f*!