\id 1JN 631JNTAJU.SFM Tajik common language translation \ide UTF-8 \h 1 Юҳанно \toc1 Номаи якуми Юҳанно \toc2 1 Юҳанно \mt2 Номаи якуми \mt1 Юҳанно \imt1 Пешгуфтор \ip \c 1 \s1 Шаҳодат дар бораи Каломи ҳаёт \p \v 1 Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем. \v 2 Ин ҳаёт намоён шуд. Мо Ӯро дидем ва ба шумо дар борааш шаҳодат медиҳем. Мо дар бораи ин ҳаёти абадӣ хабар медиҳем, ки Ӯ бо Падари Осмонӣ буд ва ба мо намоён шуд. \v 3 Мо ба шумо дидаву шунидаамонро эълон мекунем, то шумо низ шарики муносибатҳои мо шавед, ки ин муносибат аслан бо Падари Осмонӣ ва Писари Ӯ, Исои Масеҳ аст. \v 4 Ин суханонро барои он менависем, ки шодии мо\f + \fr 1:4 \ft Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «шодии шумо» омадааст.\f* пурра гардад. \s1 Бо роҳи равшанӣ рафтан \p \v 5 Ана ин пайғом, ки мо аз Масеҳ шунидем ва ба шумо эълон мекунем: «Худо нур аст ва дар Ӯ ҳеҷ торикие вуҷуд надорад». \v 6 Пас, агар гӯем, ки бо Худо муносибат дорем, аммо бо роҳи торикӣ равем, он гоҳ мо дурӯғгӯй ҳастем ва дар ростӣ зиндагӣ намекунем. \v 7 Аммо агар мо дар равшанӣ роҳ равем, ҳамон тавре ки Худо дар равшанӣ аст, пас бо якдигар муносибат дорем ва он гоҳ хуни Писари Ӯ, Исо моро аз ҳар гуноҳ пок мекунад. \v 8 Лекин агар гӯем, ки мо гуноҳкор нестем, худро фиреб медиҳем ва нишон медиҳем, ки дар вуҷудамон ростӣ нест. \v 9 Вале агар ба гуноҳҳои худ иқрор шавем, он гоҳ Худо, ки бовафо ва одил аст, гуноҳҳои моро мебахшад ва аз ҳар нодурустӣ моро пок месозад. \v 10 Агар гӯем, ки ҳеҷ гуноҳ накардаем, Худоро дурӯғгӯй мекунем ва нишон медиҳем, ки каломи Ӯ дар мо нест. \c 2 \p \v 1-2 \vp 1–2\vp* Эй фарзандони азизам, ин суханонро ман барои он ба шумо менависам, то ки гуноҳ содир накунед. Вале вақте касе гуноҳ кунад, мо Исои Масеҳи беайбро дорем, ки ҳоло дар пеши Падари Осмонӣ моро тарафдорӣ мекунад. Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо ва нафақат барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон ҷони худро фидо кардааст. \p \v 3 Агар мо ба фармонҳои Худо итоат кунем, он гоҳ боварӣ дошта метавонем, ки Ӯро ба ростӣ шинохтаем. \v 4 Ҳар касе, ки «ман Худоро шинохтаам» мегӯяду фармонҳои Ӯро иҷро намекунад, дурӯғгӯй аст ва ростӣ дар вуҷудаш нест. \v 5 Мо фақат ҳамон вақт Худоро ҳақиқатан дӯст медорем, ки фармонҳояшро иҷро кунем. Он гоҳ медонем, ки аз они Худо ҳастем. \v 6 Вақте касе мегӯяд, ки ӯ бо Худо аст, бояд ҳамон тавре амал кунад, ки Исо амал мекард. \p \v 7 Азизонам, ман ба шумо фармони нав наменависам, балки фармони қадимаеро менависам, ки шумо аз аввал доштед. Фармони қадима ҳамон пайғомест, ки шумо шунидаед. \v 8 Ба ҳар ҳол, ман ба шумо фармони навро менависам, ки ҳақиқат будани он дар Масеҳ ва шумо намоён шудааст, чунки торикӣ аз байн рафта истодааст ва равшании аслӣ аллакай медурахшад. \v 9 Ҳар касе, ки «ман дар равшанӣ ҳастам» мегӯяду бародарро бад мебинад, ҳанӯз дар торикӣ мебошад. \v 10 Лекин ҳар касе, ки бародарро дӯст медорад, дар равшанӣ зиндагӣ мекунад ва дар вай чизе нест, ки сабаби пешпо хӯрданаш шавад. \v 11 Аммо касе, ки ба як бародар нафрат дорад, дар торикист. Вай бо роҳи торикӣ равона асту роҳи мерафтаашро намедонад, чунки торикӣ чашмонашро кӯр сохтааст. \p \v 12 Эй фарзандон, ман ба шумо менависам, чунки гуноҳҳои шумо аз барои Масеҳ бахшида шудаанд. \p \v 13 Эй падарон, ман ба шумо менависам, чунки шумо ҳамонеро, ки аз ибтидост, мешиносед. \p Эй ҷавонон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Шахси Бадро мағлуб кардаед. \p Эй фарзандон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Падарро мешиносед. \p \v 14 Эй падарон, ман ба шумо менависам, чунки шумо ҳамонеро, ки аз ибтидо вуҷуд дорад, мешиносед. \p Эй ҷавонон, ман ба шумо менависам, чунки шумо боқувват ҳастед ва каломи Худо дар шумо ҳамеша натиҷабахш аст, инчунин шумо бар Шахси Бад ғолиб баромадаед. \s1 Ба дунё дил набастан \p \v 15 Ба ин дунё ва ба ҳар он чӣ, ки дар он аст, дил набандед. Касе, ки ба ин дунё дил мебандад, муҳаббати Худо дар вай нест. \v 16 Чунки ҳар чизе, ки дар ин дунё ҳаст, яъне ҳавасҳои нафсонӣ, чашмгуруснагӣ ва бо молу мулк калонгирӣ кардан, ҳамаи ин на аз ҷониби Падари Осмонӣ, балки аз ин дунё мебошад. \v 17 Ин дунё бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо онҳое, ки хости Худоро иҷро мекунанд, то абад зинда мемонанд. \s1 Огоҳӣ аз душмани Масеҳ \p \v 18 Эй фарзандон, ин замони охир аст ва чӣ тавре ки шумо шунида будед дар бораи омадани шахси зидди Масеҳ, ҳоло чунин шахсон зиёд баромадаанд. Аз ҳамин ҳам мефаҳмем, ки ин замони охир аст. \v 19 Гарчанде ки ин шахсон аз байни мо баромада бошанд ҳам, онҳо аъзои мо набуданд, чунки агар аъзои мо мебуданд, ҳамроҳи мо мемонданд. Вале вақте аз мо ҷудо шуданд, маълум карданд, ки ҳеҷ якеашон аъзои мо набуданд. \v 20 Бар шумо бошад, Шахси муқаддаси Худо Рӯҳи худро рехтааст, бинобар ин ҳамаи шумо чӣ будани ростиро медонед. \v 21 Инак, ман ба шумо на барои он менависам, ки шумо ростиро намедонед, балки барои он менависам, ки шумо ростиро медонед ва ҳамчунон огоҳ ҳастед, ки аз ростӣ ҳеҷ дурӯғ барнамеояд. \v 22 Дурӯғгӯй кист? Магар он касе нест, ки Таъиншудаи Худо будани Исоро инкор мекунад? Ин дурӯғгӯй ҳамон душмани Масеҳ аст, ки ҳам Падар ва ҳам Писарро рад мекунад. \v 23 Ҳар кӣ Писарро рад кунад, бо Падар буда наметавонад ва ҳар кӣ Писарро қабул кунад, Падарро ҳам қабул мекунад. \v 24 Бигзор пайғоми аз аввал шунидаатон дар шумо бимонад. Зеро агар пайғоми аз аввал шунидаатон дар дилҳои шумо монад, он гоҳ шумо дар муносибати Падару Писар мемонед. \v 25 Ана ваъдаи Масеҳ низ, ки ба мо додааст, ҳаёти абадӣ аст. \v 26 Ҳамаи ин суханонро ман оид ба касоне навиштаам, ки шуморо аз роҳ заданӣ ҳастанд. \v 27 Шумо бошед, Рӯҳеро доред, ки Ӯ ба шумо додааст ва ин Рӯҳ дар шумо сокин мебошад, бинобар ин эҳтиёҷ надоред, ки каси дигар шуморо ёд диҳад. Худи ҳамин Рӯҳ дар бораи ҳама чиз ёд медиҳад ва таълимоти Ӯ дурӯғ нест, балки рост аст. Пас, ҳамон тавре ки Ӯ шуморо таълим додааст бо Масеҳ монед. \s1 Фарзандони Худо \p \v 28 Ҳоло бошад, фарзандони азизам, бо Масеҳ муносибати худро давом диҳед, то ки дар вақти баргаштан ва зоҳир шуданаш дар пеши Ӯ сари худро хамшуда ҳис накунем, балки боҷуръат бошем. \v 29 Мо медонем, ки Масеҳ дурусткор аст. Бинобар ин медонем, ки ҳар кӣ корҳои дуруст мекунад, таваллуди нав аз Худо гирифтааст. \c 3 \p \v 1 Бинед, ки Падар чӣ қадар моро дӯст доштааст, ки мо фарзандони Ӯ номида мешавем ва ҳам фарзандони Ӯ ҳастем. Сабабе, ки ҷаҳон моро намешиносад дар он аст, ки он Худоро нашинохт. \v 2 Азизон, мо ҳоло фарзандони Худо ҳастем ва ҳанӯз намоён нашудааст, ки мо чӣ гуна мешавем. Лекин ҳаминро медонем, ки ҳангоми зоҳир шудани Масеҳ мисли Ӯ хоҳем шуд, чунки Ӯро ҳамон тавре ки ҳаст, хоҳем дид. \v 3 Инак, ҳар кӣ ба Ӯ умед мебандад, худро пок нигоҳ медорад, чуноне ки Масеҳ пок аст. \p \v 4 Ҳар кӣ дар гуноҳ зиндагӣ мекунад. қонуншикан аст. Аслан худи гуноҳ беқонунӣ аст. \v 5 Шумо ҳам медонед, ки Масеҳ барои аз байн бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд. Шумо инчунин медонед, ки Ӯ комилан бегуноҳ аст. \v 6 Пас, ҳар кӣ дар Ӯ зиндагӣ мекунад, гуноҳ карданро давом намедиҳад. Ҳар кӣ гуноҳ карданро давом медиҳад, Масеҳро на дидааст ва на шинохтааст. \p \v 7 Фарзандони азиз, нагузоред, ки касе шуморо гумроҳ созад. Ҳамаи онҳое, ки кори дуруст мекунанд, дурусткор ҳастанд, айнан мисли Масеҳ, ки дурусткор аст. \v 8 Аммо ҳамоне, ки гуноҳ карданро давом медиҳад, аз иблис аст, зеро иблис аз ибтидо гуноҳ карда меояд. Сабаби зоҳир шудани Писари Худо низ дар ҳамин буд, ки корҳои иблисро нобуд созад. \v 9 Ҳар касе, ки Худо барояш таваллуди нав бахшидааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, зеро дар дохилаш табиати Худо мебошад. Инчунин вай наметавонад, ки зиндагии гуноҳкоронаро давом диҳад, чунки таваллуди нав аз Худо гирифтааст. \v 10 Кӣ фарзанди Худо ва кӣ фарзанди иблис буданаш ин тавр маълум мегардад: ҳар кӣ чизи дурустро иҷро намекунад ва ҳамчунин бародари худро дӯст намедорад, фарзанди Худо намебошад. \p \v 11 Зеро пайғоме, ки шумо аз аввал шунида будед, ин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дошта бошем. \v 12 Мисли Қобил набошем, ки зердасти Шахси Бад буда, бародари худро кушт. Аз чӣ сабаб бародарашро кушт? Чунки корҳои ӯ баду корҳои бародараш дуруст буданд. \v 13 Бинобар ин, эй бародаронам, агар одамони ҷаҳон аз шумо нафрат кунанд, ҳайрон нашавед. \v 14 Азбаски бародарони худро дӯст медорем, мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштем. Ҳар кӣ бародари худро дӯст намедорад, ҳанӯз ҳам зери дасти марг аст. \v 15 Ҳар кӣ бародари худро бад мебинад, одамкуш аст. Шумо бошед, медонед, ки дар даруни ҳеҷ як одамкуш ҳаёти абадӣ нест. \v 16 Чӣ будани муҳаббатро мо дар Исои Масеҳ мебинем, ки Ӯ ҷони худро барои мо фидо кард. Мо низ бояд худро барои бародарони худ фидо кунем. \v 17 Агар касе молу мулк дошта бошаду бинад, ки бародараш мӯҳтоҷӣ дорад, вале нисбати ӯ сангдил монад, магар муҳаббати Худо дар дили вай ҳаст? \v 18 Фарзандони азиз, биёед мо на бо забону сухан, балки дар амал ва ростӣ муҳаббатро нишон диҳем. \v 19-20 \vp 19–20\vp* Агар ҳамин тавр кунем, медонем, ки мо аз они ростӣ ҳастем ва агарчи виҷдонамон моро азоб диҳад ҳам, дар ҳузури Худо диламон ором мебошад, зеро Худо аз виҷдони мо бузургтар аст ва аз ҳама чиз огоҳ мебошад. \p \v 21 Дӯстони азиз, агар виҷдонамон моро азоб надиҳад, пас дар пеши Худо сарамонро бардошта меистем ва \v 22 азбаски ба фармонҳои Ӯ итоат мекунем ва кори писандидаи Ӯро иҷро менамоем, ҳар чӣ хоҳиш кунем, аз Ӯ мегирем. \v 23 Фармони Ӯ ин аст, ки ба Писараш Исои Масеҳ бовар кунем ва аз рӯи фармони Ӯ якдигарро дӯст дошта бошем. \v 24 Касоне, ки ба ин фармон итоат мекунанд, дар Ӯ зиндагӣ мекунанд ва Ӯ дар дохили онҳо зиндагӣ мекунад. Аз куҷо мо мефаҳмем, ки Ӯ дар дохили мо зиндагӣ мекунад? Аз Рӯҳи Муқаддас мефаҳмем, ки Ӯ ба мо додааст. \c 4 \s1 Санҷидани рӯҳҳо \p \v 1 Эй азизон, ба ҳар касе, ки «ман Рӯҳи Худо дорам» мегӯяд, бовар накунед. Онҳоро санҷед, ки оё ростӣ аз тарафи Худоянд, чунки ба ҷаҳон бисёр пайғамбарони бардурӯғ омадаанд. \v 2 Шумо Рӯҳи Худоро ин тавр шинохта метавонед: ҳар рӯҳе, ки бо ҷисми инсонӣ омадани Исои Масеҳро иқрор мекунад, аз Худост, \v 3 аммо ҳар рӯҳе, ки инро иқрор намекунад, аз Худо нест. Баръакс ин рӯҳ аз ҷониби душмани Масеҳ аст, ки шумо дар бораи омада истодани ӯ шунидаед ва ӯ аллакай дар ҷаҳон аст. \v 4 Фарзандони азиз, шумо аз они Худо ҳастед, бинобар ин Касе, ки дар дохили шумо ҳаст, бузургтар аз онест, ки дар ҷаҳон мебошад. Пас шумо пайғамбарони бардурӯғро мағлуб сохтаед. \v 5 Онҳо аз они ҷаҳон мебошанд, бинобар ин мувофиқи ин ҷаҳон гап мезананд ва одамони ҷаҳон онҳоро гӯш мекунанд. \v 6 Мо бошем, аз они Худо ҳастем ва ҳар касе, ки Худоро мешиносад, моро гӯш мекунад. Аммо онҳое, ки аз они Худо нестанд, моро гӯш намекунанд. Ана аз ҳамин мо рӯҳи ростиро аз рӯҳи фиреб фарқ мекунем. \s1 Худо муҳаббат аст \p \v 7 Азизон, биёед якдигарро дӯст дорем, чунки муҳаббат аз Худо аст. Ҳар кӣ муҳаббат нишон медиҳад, аз Худо таваллуди нав гирифтааст ва Худоро мешиносад. \v 8 Худо муҳаббат аст, пас ҳар кӣ муҳаббат нишон намедиҳад Худоро намешиносад. \v 9 Муҳаббати Худо ба мо ин тавр намоён шудааст, ки Ӯ Писари ягонаи худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёти абадӣ ба даст оварем. \v 10 Ана ин муҳаббат аст, ки на мо Худоро дӯст доштем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари худро фиристод, то ки Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо фидо шавад. \v 11 Азизонам, агар Худо моро ин қадар дӯст дорад, пас мо низ бояд якдигарро дӯст дорем. \v 12 Худоро касе надидааст, вале агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар дохили мо зиндагӣ мекунад ва муҳаббати Ӯ дар дохили мо ба ҳадди комил мерасад. \v 13 Дар Худо сокин буданамон ва Худо дар мо сокин буданашро мо аз ин медонем, ки Ӯ Рӯҳи худро ба мо додааст. \v 14 Инчунин мо бо чашми худ дидем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писари худро ҳамчун Наҷотдиҳандаи ҷаҳон фиристодааст. \v 15 Дар дохили касоне, ки Писари Худо будани Исоро иқрор мекунанд, Худо сокин мебошад ва онҳо дар Худо сокин мебошанд. \v 16 Ана ҳамин тавр мо муҳаббати Худоро нисбати худ шинохтем ва ба он бовар мекунем. \p Худо муҳаббат аст ва онҳое, ки дар муҳаббат мемонанд, дар Худо сокин мебошанд ва Худо дар онҳо мебошад. \v 17 Муҳаббати Худо дар мо ба ҳадди комил расидааст, то ки мо дар рӯзи ҷазо бо сари бардошта истода тавонем, чунки мо дар ин ҷаҳон монанди Ӯ ҳастем. \v 18 Дар муҳаббат тарс нест, баръакс муҳаббати пурра тарсро аз байн мебарад. Касе, ки тарс дорад, интизори ҷазо аст. Ӯ ҳанӯз ба ҳадди комили муҳаббат нарасидааст. \v 19 Мо барои он муҳаббат нишон медиҳем\f + \fr 4:19 \ft Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «Мо Ӯро дӯст медорем» омадааст.\f*, чунки аввал Худо моро дӯст доштааст. \v 20 Агар касе мегӯяд, ки ӯ Худоро дӯст медорад, аммо бародарашро бад мебинад, дурӯғгӯй аст. Зеро агар мо бародаронро бад бинем, дар ҳоле ки чашмамон онҳоро мебинанд, пас Худоро, ки чашмамон намебинад, дӯст дошта наметавонем. \v 21 Фармони Худо ин аст, ки ҳар кӣ Ӯро дӯст дорад, бояд бародари худро низ дӯст дорад. \c 5 \s1 Имон ба Писари Худо \p \v 1 Ҳар касе, ки ба Таъиншудаи Худо будани Исо бовар мекунад, таваллуди нав аз Худо гирифтааст ва ҳар кӣ падарро дӯст дорад, фарзандашро низ дӯст медорад. \v 2 Агар мо Худоро дӯст дорем ва фармонҳои Ӯро иҷро кунем, бо ҳамин мефаҳмем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем. \v 3 Зеро Худоро дӯст доштан ин фармонҳои Ӯро иҷро кардан аст. Фармонҳои Ӯ бошанд, вазнин нестанд, \v 4 чунки ҳар кӣ аз Худо таваллуди нав гирифтааст, ҷаҳонро ғалаба мекунад ва ин ғалабае, ки бар ҷаҳон ғолиб мебарояд, имони мост. \v 5 Пас кӣ бар ҷаҳон ғолиб мебарояд? Фақат он касе, ки ба Писари Худо будани Исо бовар мекунад. \p \v 6 Исои Масеҳ ҳамонест, ки ба воситаи обу хун омадааст. Ӯ на фақат ба воситаи об, балки ба воситаи обу хун омадааст. Инро Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ҳақ аст. \v 7 Зеро се шоҳид аст, ки шаҳодат медиҳад:\f + \fr 5:7 \ft Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дар оятҳои 7 ва 8 омадааст: «Зеро се шоҳид аст, ки шаҳодат медиҳад: дар осмон Падар, Калом ва Рӯҳи Муқаддас ва ҳар сеи Онҳо як ҳастанд ва се шоҳид дар замин аст: Рӯҳ, об ва хун ва ҳар сеи онҳо забон як доранд».\f* \v 8 Рӯҳ, об ва хун ва ҳар сеи онҳо забон як доранд. \v 9 Мо шаҳодати инсонро қабул мекунем, вале шаҳодати Худо чӣ қадар бештар боварибахш аст. Охир дар ин ҷо худи Худо дар бораи Писараш шаҳодат додааст. \v 10 Касе, ки ба Писари Худо бовар мекунад, дар дили худ ин шаҳодатро дорад. Аммо ҳар кӣ ба Худо бовар намекунад, Ӯро дурӯғгӯй месозад, чунки ба шаҳодате, ки Худо дар бораи Писараш додааст, бовар накард. \v 11 Ин ҳам шаҳодати Худо аст, ки Ӯ ба мо ҳаёти абадӣ бахшидааст ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст. \v 12 Ҳар кӣ бо Писар аст, ин ҳаётро дорад ва ҳар кӣ бо Писари Худо нест, ин ҳаётро надорад. \s1 Хулоса \p \v 13 Ман ин суханонро ба шумое, ки ба Писари Худо бовар мекунед, менависам, то донед, ки соҳиби ҳаёти абадӣ ҳастед. \v 14 Бинобар ин мо дар ҳузури Худо ин бовариро дорем, ки ҳар чӣ мувофиқи хости Ӯ хоҳиш кунем, Ӯ ба мо гӯш меандозад. \v 15 Пас, агар донем, ки Ӯ ҳар хоҳиши моро мешунавад, мо инчунин медонем, ки чизи хоҳишкардаамонро ба даст овардаем. \p \v 16 Агар шумо бинед, ки бародаратон гуноҳе мекунад, ки ба марг намебарад, бояд барояш дуо кунед ва Худо ба ӯ ҳаёт мебахшад, яъне ба оне, ки гуноҳи ба марг набаранда мекунад. Чунки гуноҳе ҳаст, ки ба марг мебарад ва ман намегӯям, ки барои чунин гуноҳ бояд дуо кунед. \v 17 Ҳамаи корҳои нодуруст гуноҳ ҳастанд, вале ин гуноҳест, ки ба марг намебарад. \v 18 Мо медонем, ҳар касе ки аз Худо таваллуди нав ёфтааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, балки Писари Худо онҳоро эҳтиёт мекунад ва Шахси Бад ба онҳо даст расонда наметавонад. \v 19 Мо низ медонем, ки мо фарзандони Худо ҳастем ва тамоми ҷаҳон зери дасти Шахси Бад мебошад. \v 20 Мо боз медонем, ки Писари Худо омад ва ба мо қобилияти фаҳмиданро додааст, то мо ҳамонеро, ки ростӣ аст, шиносем. Мо бошем, дар ҳамоне, ки ростист ва дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ аст. \p \v 21 Фарзандони азиз, худро аз бутпарастӣ эҳтиёт кунед\f + \fr 5:21 \ft Дар баъзе нусхаҳои қадимии навиштаҷот дохил шудааст: «Омин.»\f*.